ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

ҲАЛОКАТИ ЯКЕ АЗ ЗАХМИЁНИ ТАРКИШУ СӮХТОР ДАР ҚУБОДИЁН (ВИДЕО)

Холиёр Нурматов, сокини 41-солаи ноҳияи Қубодиён, ки як рӯз пеш бар асари таркиш ва сӯхтор дар нуқтаи фурӯши сӯзишвории “Ориён Нафт” дар кӯчаи И.Сомонии ин ноҳия ҷароҳат бардошта буд, рӯзи 22 феврал дар бемористон даргузаштааст. Дар ин бора  ба Радиои Озодӣ  аз ҳукумати ноҳияи Қубодиён хабар додаанд.

Бар асари таркиш ва сӯхтори нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар Қубодиён 14 нафар ҷароҳат бардоштанд.  Хабаргузории “Ховар” хабар дод, ки 6 тан аз захмиёнро, ки ҷароҳатҳояшон сабуктар буд, алакай аз бемористон ҷавоб додаанд, вале бақия таҳти табобат боқӣ мемонанд. Шаби гузашта муовини аввали вазири тандурустӣ Ғафур Мӯҳсинзода ба ноҳияи Қубодиён омада, дар бемористон бо рафти табобати осебдидагон шинос шудааст ва бо  осебдидагон ва наздикони онҳо суҳбат кардааст.

Радиои Озодӣ рӯйхатти 13 захмии ин фалокат дар ноҳияи Қубодиёнро нашр кард ва гуфт, вазъи боз ду нафари онҳо вазнин гуфта мешавад. Дар байни осебдидаҳо занон низ ҳастанд:

Фахриддин Тағоймуродов – 22-сола;

Парвина Зокирова – 22-сола;

Валиҷон Менглиев – 22-сола;

Раҷаб Маллаев – 24-сола;

Ҷамшед Тилабов – 25-сола;

Илҳом Умаров – 27-сола;

Тоҳир Исмоилзода – 30-сола;

Марҷона Бекназарова – 36-сола;

Хуршед Эргашев – 39-сола;

Дарина – 39-сола;

Ботир Тағоймуродов – 57-сола;

Муҳаррам Ҷӯравева – 59-сола;

Тоҳир Бердимуродов –64-сола.

Маркази матбуоти корҳои дохилии Тоҷикистон  қаблан хабар дод, ки 21 феврали соли 2022, соати 15:04-дақиқа, дар нуқтаи фурӯши сӯзишвории ҶДММ «Ориё нафт», воқеъ дар кӯчаи И.Сомонии ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон дар натиҷаи таркиши зарфи нигоҳдории гази моеъ сӯхтор ба амал омад. Барои фурӯ нишондани сӯхтор, ки масоҳати 280 метри мураббаъро фаро гирифта буд,  6 мошини сӯхторхомӯшкунӣ сафарбар карда шуд.  Дар натиҷаи ин фалокат 14 нафар маҷруҳ шуда, 7 нақлиёти сабукрав зарар дид ва ҳамчунин 2 чорвои калони шохдор талаф ёфт.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button