ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

АВБОШӢ ДАР ДОХИЛИ МАРКАЗИ ДИЛХУШИИ “ПАНҶШЕР”: БО ШИША БА ПОИ МУҲОФИЗ ЗАД…

Ду ҷавони 25 ва 23-сола, ҳарду сокини шаҳри Бохтар, ба он айбдор мешаванд, ки шаби 20 феврал, тахминан соати 22:30, дар бинои маркази дилхушии “Панҷшер”, дар шаҳри Бохтар дар ҳолати мастӣ ба пешхизмат дарафтода, ӯро бе ягон асос задаанд.  Муҳофизи 28-солаи “Панҷшер” пеши роҳи онҳоро гирифтанӣ шудааст, вале якеи онҳо бо шишаи шикаста ба пои муҳофиз задааст.

хххххххххххххх

Сокини 26-солаи Кӯлоб бо гумони дуздии 300 метр сими хатти интернет аз идораи МБТИ ва як сокини 32-солаи Бохтар бо гумони дуздии гови як сокини ноҳияи Ҷомӣ дастгир шудаанд.

хххххххххххххх

Сокини 31-солаи ноҳияи Кӯшониён ба он гумонбар мешавад, ки моҳи октябри соли 2020 бо роҳи фиреб ба боварии марди 36-солаи сокини пойтахт даромада, аз ӯ мошини “Ауди-8”, арзишаш 300 ҳазор сомонӣ ва 10 ҳазор доллар гирифтааст, вале дигар барнагардондааст.

Аз навори хабарҳои рӯзи 22 феврали маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Авбошӣ дар дохили маркази дилхушӣ

scale 1200

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ШВКД дар шаҳри Бохтар ҷавони 25-сола, ки пеш бо моддаи 237 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст ва ҷавони 23-солаи сокинони шаҳри мазкур 20-уми феврали соли 2022, тахминан соати 22:30-дақиқа, дар бинои маркази дилхушии “Панҷшер”, воқеъ дар шаҳри Бохтар ҳангоми нӯшидани машрубот дар ҳолати мастӣ ба пешхизмат дарафтода, бе ягон асос яке аз онҳо ба пушти пешхизмат мезанад.
Ин рафтори авбошонаи номбурдаро муҳофиз, ҷавони 28-солаи сокини ноҳияи Кӯшониён дида, садди роҳи ӯ мегардад, аммо ӯ бо муҳофиз даст ба гиребон шуда, бо шишапораи шикаста як маротиба ба рони пои рости муҳофиз мезанад. Дар натиҷа, ҷабрдида ба саломатиаш ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Оид ба ин ҳолат тафтишот идома дорад.

Дуздии симҳои интернетӣ

075

Ба ШВКД дар шаҳри Кӯлоб мактуби директори КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул”-и ш.Кӯлоб ворид шудааст, ки шаби 16 ба 17-уми феврали соли 2022, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз ҳудуди маҳаллаи Ш.Шоҳин 300 метр сими хатти интернетии (Оптика), ки ба КДФ-и мазкур тааллуқ дорад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 4 ҳазору 800 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 26-солаи сокини ҳамин шаҳр ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Ҳамзамон ба ШВКД дар ноҳияи А.Ҷомӣ бо ариза марди 43-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 28-уми январи соли 2022, тахминан соати 12:00, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз дохили оғилхонааш 1-сар чорвои калони шохдорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 8 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оператив-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 32-солаи сокини шаҳри Бохтар, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Нисбат ба ин ҳолатҳо тафтишот идома дорад.

Аз худ намудани автомашина ва маблағи пулӣ бо роҳи қаллобӣ

046

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ШВКД-1 дар ноҳияи Сино марди 31-солаи сокини ноҳияи Кӯшониён бо гумони қаллобӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, моҳи октябри соли 2020 бо роҳи фиреб ба боварии марди 36-солаи сокини пойтахт даромада, аз ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи “Ауди-8”, арзишаш 300 ҳазор сомонӣ ва 10 ҳазор доллари амрикоиро гирифта, ваъда додааст, ки маблағашро бармегардонад, аммо ваъдаашро то ҳол иҷро накардааст.
Оид ба ин ҳолат тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button