ВидеоИқтисодКоррупсия

10 МИЛЛИОНЕР АЗ ОСИЁИ МАРКАЗӢ – ДАР ТАҲҚИҚОТИ “АСРОРИ БОНКИ CREDIT SUISSE”

Дар пайи расонаӣ шудани рӯйхатти муштариёни бонки маъруфи швейтсарии Credit Suisse  маълум шуд, ки дар қатори муштариёни миллионери ин бонк 10 нафараш аз Осиёи Марказӣ будаанд: 4 нафар аз Ӯзбекистон, 3 нафар аз Қазоқистон, ду нафар аз Қирғизистон ва як нафар аз Тоҷикистон. Аз гузориши таҳқиқотии “Асрори Credit Suisse”, ки рӯзи 20 феврал аз ҷониби Маркази таҳқиқи коррупсия ва ҷиноятҳои муташаккилона (OCCRP) нашр шуд, бармеояд, ки аксари ин миллионерҳои Осиёи Марказӣ ё мансабдори давлатианд ваё хешу табори наздики мансабдорон   –  ҳамсар, домод, хола, хоҳар… Танҳо як нафар аз ин миллионерҳо наздикие бо мансабдорон надошта, танҳо авторитети олами ҷиноӣ будааст.

Тоҷикистонро алакай гуфтем, ки як миллионераш – раиси собиқи вилояти Суғд Қосим Роҳбар ба ин рӯйхат афтодааст. Ӯ дар бонки Credit Suisse   наздики 9 миллион франк, ё 9 миллиону 650 ҳазор доллар пасандоз доштааст.

Аммо ҳоло бубинем, ки аз кишварҳои дигари минтақа киҳо дар ин бонк пул доштаанд?

Аз Ӯзбекистон 4 нафар:

  1. Гулрух Тиллоева, дар ҳисобаш 2,227 миллион франки Швейтсария, ё тақрибан 2,4 миллион доллар доштааст. Ӯ холаи Тимур Тиллоев, шавҳари Лола Каримова, духтари хурдии президенти якуми Ӯзбекистон Ислом Каримов аст. Дар гузориш гуфта мешавад, ки Гулрух Тиллоева ва Никита Калиниченко, ки бино ба хабарҳо, шавҳари ӯст ва ба “Абӯ Сахӣ”, яке аз бузургтарин бозорҳои Осиёи Марказӣ раҳбарӣ мекард, дар Credit Suisse ҳисоби муштарак доштанд.  
  2. Игорь Шепелев, 2,8 миллион франки Швейтсария (беш аз 3 миллион доллар). Шепелев беш аз 20 сол дабири кулли Федератсияи тенниси Ӯзбекистон буд. Ӯ соли 2005 “барои намоиши ҷасорат дар ҳимоят аз манфиатҳои миллӣ” бо ордени “Дӯстӣ” сарфароз гадонда шуд. Дар фармонаш гуфта мешуд, ки Шепелев афсари СНБ, Хадамоти амнияти миллист.
  3. Раъно Раҳматова, 954 ҳазор франки Швейтсария (беш аз 1 миллион доллар). Раҳматова ҳамсари муовини аввали сарвазири Ӯзбекистон Очилбой Раҳматов аст, ки қаблан вазири нақлиёт ва раҳбари ширкати роҳи оҳан буд. Раъно Раҳматова баъди шурӯи таҳқиқи фаъолиятҳои ширкаташ бо гумони шустушӯи пул ҳисобашро дар Credit Suisse баст.
  4. Саодат Нурзиева (Нарзиева), беш аз 1,8 миллиард франки Швейтсария (беш аз 2 миллиард доллар). Саодат Нурзиева акушер-гинеколог ва хоҳари олигархи машҳур Алишер Усмонов аст.

Аз Қазоқистон 3 нафар:

  1. Тимур Қулибоев, 844 миллион франки Швейтсария млн швейцарских франков (920 миллион доллар). Қулибоев шавҳари Динора, духтари президенти собиқи Қазоқистон Нурсултон Назарбоев буда, яке аз бойтарин одамон дар ин кишвар ба шумор меравад.
  2. Дориға Назарбоева,  духтари калонии Назарбоев, 21,6 миллион франки Швейтсария (беш аз $23,5 млн). Ҳанӯҳ соли 2013 маҷаллаи “Форбс” дороиҳои Дориға Назарбоеваро 595 миллион доллар баровард карда, ӯро ба рӯйхатти 50 одами бойтарини Қазоқистон шомил карда буд.
  3. Надежда Тоқаева, 1,5 миллион франки Швейтсария ($1,6 млн). Ӯ ҳамсари собиқи президенти кунунии Қазоқистон ҚосимЖормарт Тоқаев аст. Надежда Тоқаева ин ҳсобро замоне кушод, ки шавҳараш вазири хориҷа ва сипас сарвазир буд. Писари онҳо Тимур Тоқаев дар як мактаби муътабар дар Швейтсария таҳсил кардааст ва бино ба асноди моҳи январи соли 2022, ӯ дар ин кишвар се манзил дорад.

Аз Қирғизистон 2 нафар:

  1. Наталя Қурманалиев, 1,4 миллион франки Швейтсария ($1,5 млн). Ӯ ҳамсари собиқи Қапар Қурманалиев, раҳбари собиқи вазорати маъданҳои табиӣ ва Агентии давлатии геология ва маъданҳои табии Қирғизистон аст. Қурманалиев баъди инқилоби соли 2010 аз Қирғизистон фиор кард ва бо ҷурми коррупсия тавассути Интерпол ҷустуҷӯ мешавад. Вай соли 2014 дар ғайбаш ба 12 соли зиндон маҳкум шуж. Қурманалиев ҳоло дар Латвия ба сар мебарад. Ӯ ба муаллифони гузориш гуфт, аз Наталя Қурманалиева ҳаз соли 2005 ҷудо шуда буд ва ба ҳисоби ҳамсари собиқаш дар бонки Швейтсария ягон рабт надорад.
  2. Азим Рой, 10,7 миллион франки Швейтсария ($11,6 млн).  Ин тоҷир  ва авторитети олами ҷиноӣ, ки бо номҳои Рой Саидазимов ва Орозохун Саидазимов ҳам  шинохта мешавад, дар замони Шӯравӣ 7 сол дар маҳбас буд. Ӯ баъдан ба Амрико рафт, вале дар онҷо низ ба далели нишон надодани доғи судиаш ба қаллобӣ айбдор шуд. Азим Рой қабл аз кӯчиданаш дар шуъбаи сармоягузориии Credit Suisse сармоя гузошт. Ин сармоя дар се соли аввал ба вай 567 ҳазор доллар фоида овардааст.

Манбаъ: https://fergana.media/news/125182/

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button