ВидеоТиб ва беҳдошт/Муҳити зист

РӮЗИ 20 ФЕВРАЛ ДАР ТОҶИКИСТОН ЯГОН ҲОЛАТИ НАВИ КОРОНАВИРУС ОШКОР НАШУДААСТ

Вазорати тандурустии Тоҷикистон шоми 20 феврал хабар дод, ки дар як шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ ягон ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандон ба коронавируси нави  навъи COVID-19 сабт нашудааст.  Рӯзи шанбе, 19 феврал дар Тоҷикистон 3 ҳолати сирояти коронавирус ошкор шуда буд. Тайи рӯзҳои истироҳат 3 нафар аз гирифторони коронавирус шифо ёфтаанд. Ба ин тартиб,  то шоми 20 феврал дар Тоҷикистон дар шароити хона ё бемористон   дар умум 12 нафар аз коронавирус табобат мегирифтанд. Дар аввали моҳи феврал шумораи чунин беморон то 80 нафар гуфта мешуд.

Аз 21 январ то 15 феврал дар кишвар дар умум  расман 293  ҳолати сирояти  коронавирус сабт шуда, хушбахтона, ягон ҳолати марг аз ин вирус ба қайд гирифта нашудааст.

Бино ба омори расмии вазорат, аз оғози пандемия то шоми 20  феврал шумори умумии гирифторшудагон ба коронавирус дар Тоҷикистон ба 17 ҳазору 388  нафар расида, аз ин шумор  17 ҳазору 2529 нафар, ё 99,2% аз ҷамъи сироятшудаҳо шифо ёфтаанд, вале 124 нафар, мутаассифона, фавтидаанд.  Мунтақидон мегӯянд, шумораи воқеии қурбониёни коронавирус назар ба арқоми расмӣ хеле бештар аст.  Вале онҳо низ эътироф мекунанд, ки дар ин авохир дар бораи вафоти сокинон аз ин вирус тақрибан хабаре ба гӯш намерасад.

Мақомоти Тоҷикистон ваксинаро як роҳи аз ҳама муассир ва илман исботшудаи пешгирӣ аз густариши боз ҳам бештари пандемия мешуморанд ва  ҳоло аҳолиро ба гирифтани вояи сеюми ваксина ташвиқ карда истодаанд. Тоҷикистон то имрӯз беш аз 13 миллион вояи ваксинаи зидди коронавирус ба даст овардааст. Ҳамаи ин ваксинаҳо ба Тоҷикистон ба таври ройгон тавассути барномаи КОВАКС дода шудаанд. Ин барномаро Созмони ҷаҳонии тандурустӣ якҷо бо созмонҳои дигари хайрия бо мақсади таъмини дастрасии одилонаи кишварҳои дорою нодор ба ваксинаҳои зидди коронавирус таъсис додааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button