ВидеоРӯйдодҳои БадахшонҲуқуқи инсон

“МАРО КАСЕ НАЗАДААСТ…” ВОХӮРИИ АМРИДДИН АЛОВАТШОЕВ БО БАРОДАР ВА АМАКАШ (ВИДЕО)

ТВ “Бадахшон” шоми 20 феврал видеои лаҳзаи дар боздоштгоҳ ё ҳуҷраи кории муфаттиши парвандааш бо амакаш Ҷавҳаршо Алибеков ва бародараш Бахтиёр Аловатшоев вохӯрӣ кардани Амриддин Аловатшоев, яке аз лидерҳои ғайрирасмии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро нашр кард. Қаблан сарусадоҳое пайдо шуд, ки гӯё Аловатшоев рагҳои дасташро буридааст ва ӯро дар ҳолати вазнин аз СИЗО ба беморхона бурдаанд. Ин сарусадоҳо баъди нашри видеоҳое пайдо шуданд, ки дар онҳо Аловатшоев аз кирдори худ изҳори пушаймонӣ мекарду мегуфт, гӯё худаш бо ихтиёри худаш аз Русия баргаштааст, то дар назди қонун ҷавоб гӯяд. Ӯ ҳамчунин аз сокинони Бадахшон даъват кард, ки аз паси Боқиру дигар лидерҳои ғайрирасмии ин минтақа нараванд.

Вале Аловатшоев дар видеои нави нашршуда гуфт, ки сиҳату саломат аст ва касе ӯро назадаасту шиканҷа надодааст.  Амаку бародари ӯ низ дар ин видео гуфтанд, ки дар бадани ӯ ягон осору аломати латтукӯб мушоҳида накарданд.

“Бар ҳар гап бовар накунед. Ман зинда, саломат, на касал, на ягон чиз”, гуфт худи Аловатшоев.

Мунтақидон ва ҳомиёни ҳуқуқ бар инанд, ки видеоҳои Аловатшоевро таҳти фишор сабт мекунанд ва аз ӯ барои корҳои тарғиботӣ истифода бурда истодаанд. Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ мегӯянд, ӯ то ҳол ба адвокати мустақил дастрасӣ надорад ва таҳти риски зиёди шиканҷа қарор дорад.

Эътилофи зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон  рӯзи 17 феврал дар як изҳорот гуфт, адвокати кирокардаи ин созмон аз 8 феврал ба ин тараф наметавонад макони будубоши Амриддин Аловатшоевро муайян кунад ва бо ин нафари таҳти ҳимояти худ вохӯрад.

“Адвокате, ки Эътилоф киро кард, 8 феврали соли 2022 бо мақсади муайян кардани макони будубоши муваккилаш Аловатшоев А. ба СИЗО КДАМ,  СИЗО ва тавқифгоҳи ВКД, ки Аловатшоев метавонист дар ҳамин боздоштгоҳҳо  бошад, дархост фиристод. 14 феврал ба Дастгоҳи иҷроияи президент, Додситонии кул, Ваколатдори ҳуқуқи инсони Тоҷикистон ва ВКД дар бораи роҳ надодани адвокат ба назди нафари таҳти ҳимояташ баёнияҳо ирсол шуд. То имрӯз, 17 феврали соли 2022 адвокат дар бораи макони будубош, иттиҳомоти ба вай эълоншуда ва ниҳоде, ки тафтишоти пешакиро пеш мебарад, маълумот надорад”, – гуфта мешуд дар изҳорот. Ба ақидаи ин созмони ҳомии ҳуқуқ, ба ин тартиб, Аловатшоев аз дастрасӣ ба адвокат маҳрум карда шудааст.

Вале Нусратулло Маҳмадзода, раҳбари маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон дар суҳбат бо Радиои Озодӣ иддаои Эътилофро рад кард ва гуфт, Аловатшоев дар СИЗО буда, хешовандонаш бо ӯ дидорбинӣ мекунанд. Адвокаташон баромад кард ва шиканҷа шуданашро рад кард”.

Рӯзи 10 феврал тавассути саҳифаҳои марбут ба “фабрикаи ҷавоб”, гуруҳи троллҳои таҳти назорати мақомоти амниятии Тоҷикистон изҳороти видеоии Зайниддин Хайриддинов ном нафаре нашр шуд, ки худро адвокати Амриддин Аловатшоев, яке яке аз лидерҳои ғайрирасмии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон муаррифӣ кард. Ӯ дар як видеои якдақиқагӣ сарусадоҳо дар бораи шиканҷа додани ӯро дар боздошт рад кард. Қаблан Алим Шерзамонов, зодаи Бадахшон ва яке аз роҳбарони оппозитсияи тоҷик гуфт, Аловатшоевро дар Душанбе дар боздошт ба ҳадде азобу шиканҷа додаанд, ки ӯ ду рӯз аз ҷой хеста наметавонист.

Маълум нест, ки Хайриддиновро хонаводаи Аловатшоев ҳамчун адвокат киро кардаанд ваё ӯ аз ҷониби мақомот таъйин шудааст?

Шоми 12 феврал ТВ “Бадахшон” муроҷиатномаи видеоии худи Амриддин Аловатшоевро нашр кард. Ин нахустин видеои Аловатшоев баъди аз Русия  оварданаш буд.

Амриддин Аловатшоев дар ин видео мегӯяд, ки гӯё ӯ бо ихтиёри худаш чиптаи парвоз харида, ба Душанбе баргаштааст, то дар назди қонун ҷавоб гӯяд. “Ба худ гуфтам, ки то кай гурехта мегардӣ? Баъди ин омадам ба Маскав ва чипта харида, бо ҳавопаймо худам ба Душанбе омадам”, мегӯяд вай дар ин муроҷиатнома.

Дар кадом шароит сабт шудани ин муроҷиатнома, ки 12 дақиқа тӯл мекашад, маълум нест. Ин ҳам маълум нест, ки оё Аловатшоев бо ихтиёри худ ин ҳарфҳоро задааст ё таҳти фишор?, вале ӯ дар ин муроҷиатнома ба сокинони Бадахшон, бахусус ба ҷавонон, муроҷиат мекунад, ки фирефтаи ҳарфҳои дигар лидерҳои ғайрирасмии он минтақа Мамадбоқир Мамадбоқиров, Толиб Аёмбеков, Хурсанд  Мазоров ва  Ёдгор Мамадасламов нашаванд ва “аз паси ҷинояткорон нараванд.”

Амриддин Аловатшоев 21-уми декабри соли 1977 дар ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ  ба дунё омада, ду фарзанд дорад.  Исми ӯ бори аввал дар октябри соли 2018 вақте дар сархатти хабарҳо афтод, ки мақомот дар қатори 7 лидери ғайрирасмии Бадахшон бо Аловатшоев низ як протоколи алоҳида имзо карданд. Бар асоси он санад, Аловатшоев уҳдадор мешуд, ки аз ташкили гуруҳҳои ҷиноӣ даст кашида, ҷавононро ба зидди ҳукумат нашӯронад.

Аловатшоев соли 2019 ба Русия рафт ва ба зудӣ яке аз лидерҳои бонуфузи диаспораи зодагони Бадахшон дар ин кишвар шуд.  Гуфта мешавад, ки Аловатшоев дар ҳалли мушкилоте, ки ба сари муҳоҷирони бадахшонӣ дар Русия меомад, кумак мекард ва барои ҷавонони ин минтақа дар Маскав ва дигар шаҳрҳои Русия толорҳои варзишӣ ташкил мекард.

Амриддин Аловатшоевро яке аз ташкилкунандагони митинги шоми 25 ноябр дар назди сафорати Тоҷикистон дар шаҳри Маскав мешуморанд. Ӯ аз ҷумлаи онҳое буд, ки он шом бо сафири Тоҷикистон дар Русия Давлатшо Гулмаҳмадзода мулоқот карданд ва талабҳои эътирозгаронро ба вай расонданд. Алишер Мирзонабот, раиси ВМКБ ва Далер Ҷумъа, вазири энергетикаи Тоҷикистон рӯзи 10 январ дар як ҷаласа дар Хоруғ Аловатшоевро “саркардаи гуруҳи ҷиноӣ” ном бурда, ба он айбдор карданд, ки зодагони ин вилоятро дар Русия ба зидди ҳукумат мешӯронд.

Амриддин Аловатшоев рӯзи 11 январ дар вилояти Белгороди Русия дастгир шуд ва бино ба хабарҳо, алакай рӯзе баъд аз тариқи Маскав ба Душанбе оварда шуд. Мақомоти Тоҷикистон танҳо рӯзи 2 феврал тасдиқ карданд, ки ӯ дар Душанбе дар ҳабс қарор дорад. Шодӣ Ҳафиззода, сардори УБОП, раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили вазорати корҳои дохилӣ, гуфт, “Амриддин Аловатшоев ба гаравгонгирӣ, аз озодӣ маҳрум кардан ва амалҳои дигари ҷиноятҳои хусусияти муташаккилона дошта ба ҳабси пешакӣ гирифта шудааст. Номбурда барои содир кардани ин ҷиноятҳо дар ҷустуҷӯ қарор дошт”.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button