Муҳоҷирон

РЕЙДИ ПУЛИС ДАР АТРОФИ МЕТРОИ “ШЕЛКОВСКАЯ”. МУҲОҶИРОН, ҲУШЁР БОШЕД! (2 АКС)

Яке аз хонандагони пойгоҳи хабарии “Бомдод”, ки дар шаҳри Маскав дар муҳоҷирати корӣ қарор дорад, шоми 20 феврал бо ирсоли ду акс хабар дод, ки шоми якшанбе нирӯҳои зиёди пулис, аз ҷумла ОМОН, бо автозакҳо дар атрофи истгоҳи метрои “Шелковская” дар қисмати шимолу шарқи шаҳри Маскав рейди густардаеро ба роҳ андохтаанд.

Ба гуфтаи ӯ, кормандони пулис дар атрофи истгоҳи метро, ҳамчунин дар кӯчаҳои дигар, аз ҷумла Амурская ва кӯчаҳои тарафи собиқ бозори Черкизово рейд гузаронда, санадҳои муҳоҷиронро тафтиш мекунанд.

Дар атрофи истгоҳи метрои “Шелковская” баъди барҳам хӯрдани як корхонаи мошинсозӣ, ширкати сохтмонии “Пик” сохтмони хонаҳои истиқоматии зиёдеро сар кардааст ва як қисмати аъзами коргарон дар ин сохтмонҳо аз Осиёи Марказӣ, аз ҷумла аз Тоҷикистонанд.

Ин хонандаи “Бомдод” аз муҳоҷирон хоҳиш кард, ки то тамом шудани рейдҳо аз рафтан ба тарафи минтақаи атрофи истгоҳи метрои “Шелковская” ҳаддалимкон худдорӣ кунанд, чунки метавонанд ба дасти кормандони пулис биафтанд.

Ӯ мегӯяд, тафтиши санадҳо ва боздошти муҳоҷирон, бахусус зодагони Тоҷикистон баъди ҳодисаҳои ахир, аз ҷумла ҳамлаи ғоратгарон ба як мағоза дар Истра ва занозании ду ҷавони тоҷик бо кормандони пулис дар истгоҳи метрои “Тулская” хеле афзоиш ёфтааст. “Дар ин шароит ягона чора барои бачаҳои тоҷик ҳамин мемонад, ки эҳтиёт кунанд!” мегӯяд ҳамсуҳбати “Бомдод”.

Бо иттиҳоми даст доштан дар ҳамла ба мағозаи “Пятёрочка” дар наздикии шаҳри Истраи вилояти Маскав 4 зодаи Тоҷикистон ва дар пайи занозанӣ бо кормандони пулис дар истгоҳи “Тулская” акаю додар Саидакрам Ҳамроеви 21-сола ва Умар Расулҷонзодаи 18-сола дастгир шудаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button