ВидеоФарҳангЧеҳраҳо

ҲАМСАРИ ТОҶИДДИН МУҲИДДИН ВА МОДАРИ ШАБНАМУ ҚОРӢ ШАМШОД АЗ ДУНЁ РАФТ (ВИДЕО)

Дилбар Гулова, дар гузашта яке аз раққосаҳои номдори тоҷик, ҳамсари овозхони зиндаёд Тоҷиддини Муҳиддин ва модари Шабнами Тоҷиддин ва Қорӣ Шамшод, рӯзи 18 феврал аз олам чашм пӯшид.

Ютуб-канали  SM NEWS, ки асосан таҳаввулоти марбут ба шоу-бизнеси тоҷикро пайгирӣ мекунад, хабар дод, ки ҷанозаи Дилбар Гуловаро худи ҳамон рӯзи ҷумъаи 18 феврал дар деҳаи Мортеппа дар канори шаҳри Ҳисор ба хок супурданд. Тоҷиддини Муҳиддин зодаи деҳаи Мортеппа буд ва дар ҳамин ҷо ба хок супурда шудааст.

Дилбар Гулова, ки ҳанӯз 40 сол пеш, билофосила баъди издивоҷ бо Тоҷиддини Муҳиддин аз саҳна канор рафта буд,  чанд сол пеш бо ҳидояти писараш Қорӣ Шамшод сафари Ҳаҷ кард ва ӯро дар Ҳисор бо эҳтиром Ҳоҷибибӣ ном мебурданд.

Дилбар Гулова охирин ишқи Тоҷиддини Муҳиддин буд, ки ин ишқ барояш дар ибтидои солҳои 80 мушкилоти зиёд овард, вале овозхони пуристеъдод ба хотири он аз ҳама шуҳрату мақоми доштааш даст кашид, вале бо Дилбар Гулова монд. Дилбар Гулова низ ба хотири ишқи Тоҷиддини Муҳиддин тарки саҳна кард ва ба қавли маъруф, зани хонашин шуд.

Қарори маълум, дар аввали солҳои 80 ба зидди Тоҷиддини Муҳиддин, ки он вақт бахусус баъди таронаи оламгираш “Эй санам” дар авҷи шуҳрат қарор дошт,  номаи беимзо навишта, ӯро ба дузанагӣ ва партофтани кӯдакони зани аввалаш айбдор карданд. Бо Дилбар Гулова, ки он вақт аз раққосаҳои номдори тоҷик буд, издивоҷ кардани Тоҷиддини Муҳиддин ҳақиқат дошт, вале боқии он нома, аз ҷумла гӯё аз баҳри зани аввалу фарзандонаш гузаштани овозхон туҳмат буд.

Дар ҳар сурат, Тоҷиддини Муҳиддин талаби даст кашидан аз оилаи дуюмро рад кард ва ӯро аз ансамбли №1 он даврон “Гулшан” ронданд ва ба қасри фарҳанги ноҳияи Ҳисор “бадарға” карданд. Ҳамин тавр, мақомот минбари ТВ ва радиоро барои пахши суруду таронаҳои нави ин ҳунарманди нодир бастанд.

Тоҷиддини Муҳиддин дар миёнаи солҳои 90 хеле ҷавон, дар синни ҳамагӣ 46 аз бемории домана, ки он солҳо дар Тоҷикистон ба як бемории қаттоли ҳамагир табдил ёфта буд, даргузашт.

Дилбар Гулова баъди даргузашти Тоҷиддини Муҳиддин фарзандонашон Шабнаму Шамшод ва Парвонаро ба танҳоӣ ба воя расонд.

Шабнами Тоҷиддин пешаи падарро интихоб кард ва чандин сол дар саҳна ҳунарнамоӣ кард, вале баъди издивоҷаш як муддат аз ин пеша канор рафт. Вале ахиран ӯ изҳор дошт, ки аз нав ба саҳна бармегардад.

Аммо писари овозхон роҳи динро пеш гирифт ва ҳоло бо номи Қорӣ Шамшод маъруф буда, имоматии яке аз масҷидҳоро дар Ҳисор бар уҳда дорад. Вале Қорӣ Шамшод ҳам як маротиба пой ба роҳи падар гузошт ва таронаи машҳури “Модар” аз устод Зафар Нозимро бозхонӣ кард.

Духтари дигари Тоҷиддини Муҳиддин Парвона, ки чандин сол дар хориҷ аз кишвар зиндагӣ дошт, низ гоҳгоҳ суруд мехонад ва клип нашр мекунад, вале на ба сурати касбӣ.

Шабнами Тоҷиддин бошад бештар таронаҳои падарашро иҷро мекард ва асосан тавассути ҳамин бозхонии сурудҳои падар машҳур шуд. Беҳтарин таронаҳои сохтаи худи ӯ яке “Ту маро мешунавӣ?” аст, ки ба ёди падари бузургаш бахшидааст, ва яке дигар “Очаи ман пир шудааст”, ки ба модараш бахшидааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button