ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ҲАБСИ БОЗ ДУ НАФАР ДАР ПОЙТАХТ БАРОИ БАДМАСТӢ (2 АКС)

10-шабонарӯз: ҳабси 2-нафар барои вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ

Барои содир намудани кирдорҳои майдаавбошона, вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ ва дағалона бо алфози қабеҳ дарафтодан ба шаҳрвандон мувофиқи қонунгузорӣ ҷазоҳои маъмурӣ татбиқ карда мешавад. Кормандони мақомоти милитсияи пойтахт пайваста дар маконҳои ҷамъиятӣ, бозору марказҳои савдо, боғу хиёбонҳои шаҳри Душанбе рейду амалиёт ва корҳои профилактикиро амалӣ менамоянд.
  Ҳафтаи ҷорӣ низ дар ҷараёни баргузории корҳои профилактикӣ як чанд нафар, ки дар ҳолати мастӣ тартиботро вайрон намудаву бо алфози қабеҳ шаъну шарафи атрофиёнро поймол менамуд боздошт ва чораҷӯӣ карда шуд.
Аз ҷумла шаҳрвандон:
Алиев Қудратулло Мирзоанварович, санаи таваллудаш 16.07.1981, истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ деҳаи Сангтуда;


Ғуломалиев Маҳмадраҳим Саъдуллоевич, санаи таваллудаш 10.05.1961, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе кӯчаи С.Айнӣ, дастгир карда шуданд.


  Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати ҳар ду тибқи талаботи моддаи 460 (майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, дар асоси қарори суд нисбати ҳар кадоме аз онҳо ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 10-шабонарӯзӣ таъин карда шуд.

Аз навори хабарҳои рӯзи 20 феврали маркази матбуоти РВКД Душанбе

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button