АфғонистонВидеоДин ва боварҳо

ГЕНЕРАЛИ ТОЛИБОН ТАСДИҚ КАРД, КИ ДОКТОР АБДУЛЛОҲ ДАР ҲАБСИ ХОНАГИСТ (ВИДЕО)

Генерал Мубин, як фармондеҳи аршади Толибон ва масъули шабакаҳои иҷтимоӣ дар ин гуруҳи тундрав дар як суҳбаташ бо хабарнигорон дар Кобул тасдиқ кард, ки доктор Абдуллоҳ, раиси собиқи Шӯрои миллии сулҳи Афғонистон ва рақиби асосии Ашраф Ғанӣ дар ду интихоботи ахири президентӣ, дар ҳабси хонагӣ қарор дорад.

Генерал Мубин гуфт: “Доктор Абдуллоҳ, ки 20 сол дар низом буд, ӯ дар хонаи худаш аст.  Бидуни иҷозат на хориҷ рафта метавонад ва на касе бидуни иҷозат хонааш рафта метавонад. Абдуллоҳ Абдуллоҳ бидуни иҷозат ҷое ҳам рафта наметавонад”.

Генерал Мубин гуфт, доктор Абдуллоҳ бояд аз худаш гила кунад, ки ба чунин ҳол афтодааст.

“Агар ба мардум хидмат мекард, имрӯз мисли Башардӯст озодона зиндагӣ мекард, дар оғӯши мардум мебуд ва дасти мардум ҳам дар домани ин мебуду мегуфтанд, ки ҳарчӣ бошад, Абдуллоҳ ба мо хидмат кардааст. Мардум он вақт на толибро иҷозат медод, на дигар касро, Мардум аз пешаш ҳимоят ва нигаҳбонӣ мекард. Дигар чизи гуфтанӣ барояш надорам”, – гуфт генерал Мубин.

Доктор Абдуллоҳ, ки рақиби асосии Ашраф Ғанӣ дар ду интихоботи ахири раёсатҷумҳурии Афғонистон буд ва ҳар ду дафъа иддао дошт, ки интихоботро ӯ бурдааст, то омадани Толибон раёсати Шӯрои олии сулҳи Афғонистонро бар уҳда дошт. Як масъулияти асосии ин ниҳод музокироти сулҳ бо дафтари сиёсии Толибон дар Давҳа, пойтахти Қатар буд.

Доктор Абдуллоҳ дар баробари президенти собиқи Афғонистон Ҳомид Карзай аз ҷумлаи ангуштшумор намояндагони ҳукумати қаблӣ буданд, ки баъди фирори Ашраф Ғанӣ ва тасарруфи Афғонистон аз сӯи Толибон дар моҳи августи соли 2021 тарки Кобул накард, балки  бо таъсиси як Шӯрои ҳамоҳангсоз ҳамроҳ  бо Карзай ва Гулбуддин Ҳикматёр мехостанд барои интиқоли қудрат аз ҳукумати қаблӣ ба ин ҳаракати тундрав миёнаравӣ кунанд.

Роҳбарони Толибон Ҳикматёрро ба ҳайси имоми намози ҷумъа дар як масҷиди Кобул  таъйин карданд, вале ба Карзай ва Абдуллоҳ таваҷҷуҳе аз сӯи онҳо зоҳир нашуд. Баракс ҳафтае баъди тасарруфи Кобул хабар омад, ки Толибон ҳамаи муҳофизони доктор Абдуллоҳ ва Карзайро халъи силоҳ карда, ба онҳо гуфтаанд, ки ниёзе ба нигоҳ доштани муҳофизон вуҷуд надорад, чунки амнияти ҳардуро дар Кобул худи Толибон таъмин мекунанд. Баъди халъи силоҳ шудани муҳофизонаш Карзай бо аҳли оилаи худ ба хонаи доктор Абдуллоҳ кӯчид.

Доктор Абдуллоҳ 5 сентябри соли 1960 дар Кобул ба дунё омадааст. Падари ӯ аз тоҷикҳои Панҷшер ва модараш пашту мебошанд. Доктор Абдуллоҳ соли 1984 риштаи тиббии Донишгоҳи Кобулро хатм карда, аз соли 1986 то 1992 раҳбари идораи тандурустӣ ва сартабиби муҷоҳидин дар сарзаминҳои таҳти назорати Аҳмадшоҳи Масъуд буд. Дар нимаи дуюми солҳои 90 доктор Абдуллоҳ сухангӯи Аҳмадшоҳи Масъуд ва Эътилофи шимол буд.

Дар музокироти Бонн дар поёни соли 2001 доктор Абдуллоҳ ба мақоми вазири хориҷа дар ҳукумати муваққати Ҳамид Карзай баргузида шуд. Ӯ дар се интихоботи ахири раёсатҷумҳурии Афғонистон дар солҳои 2009, 2014 ва 2019 рақиби асосии Ҳамид Карзай (дар соли 2009) ва Ашраф Ғанӣ (дар ду интихоботи дигар) буд. Вале ҳар се дафъа пирӯзиро ба рақибони ӯ доданд. Соли 2014 бар асоси муомила ӯ дар ҳукумати Ашраф Ғанӣ мақоми раиси ҳукуматро ба даст овард. Баъди интихоботи соли 2019 низ бар асоси чунин як муомила Ашраф Ғанӣ доктор Абдуллоҳро, ки худро ғолиби интихобот ва президент эълон карда буд, ба мақоми раиси Шӯрои олии сулҳ таъйин кард.

Фаҳими Даштӣ, сухангӯи Ҷабҳаи муқовимати миллӣ, ки аввали моҳи сентябри соли 2021 дар Панҷшер кушта шуд, писархолаи доктор Абдуллоҳ буд. Аммо худи доктор Абдуллоҳ то кунун  аз ин Ҷабҳа, ки ба муқобили Толибон меҷангад,  фосила мегирад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button