ВидеоМуҳоҷирон

ДОМОДҲОИ АЗ ҲАМА СЕРХАРИДОР ДАР МАСКАВ ДОМОДҲОИ ТОҶИК БУДААНД (ВИДЕО)

Бино ба иттилои раёсати ЗАГС шаҳри Маскав, дар соли 2021 дар пойтахти Русия ҳудуди 2700 ақди никоҳ бо хориҷиён сабт шудааст. Ин назар ба соли 2020 13% камтар, вале дар муқоиса бо соли 2019 19% бештар мебошад. Аз аввали сол ҳудуди 1500 бону дар Маскав ба домодҳои хориҷӣ ба шавҳар бароварда, беш аз 1200 домоди маскавӣ арӯси хориҷӣ фаровардаанд, хабар додааст «Комсомольская правда» (КП) бо такя ба омори ЗАГС ё идораҳои ақди никоҳи Маскав.

Бонувони сокини Маскав соли гузашта бештар аз ҳама бо зодагони СНГ издивоҷ кардаанд.  Аз 1500 домоди хориҷӣ қариб чорякаш, ё 355 ақди никоҳ бо шаҳрвандони Тоҷикистон баста шуда, 142 никоҳ бо домодҳо аз Украина, 141 издивоҷ бо шаҳрвандони Қирғизистон ва 107 никоҳ бо домодҳо аз Беларус сабт шудаанд. Ҳамин тавр, бонувони маскавӣ имсол бо домодҳо аз Куба, Сербия, Дания, Ҳинд, Амрико, Ирландия, Канада, Черногория ақди никоҳ баста, чор нафари онҳо ба шаҳрвандони Испания ва 3 нафараш ба шаҳрвандони Италия ба шавҳар баромадаанд.

Аҷиб он аст, ки дар Маскав ягон никоҳи бонувони маҳаллӣ бо зодагони Ӯзбекистон сабт нашудааст, вале 77 бону аз Ӯзбекистон соли гузашта ба сокинони Маскав ба шавҳар баромадаанд. Ин омор ҳам ҷолиб аст, ки бонувони зодаи Қирғизистон дар “чемпионат” барои ақди никоҳ бо домодҳои маскавӣ баъди украиниҳо ҷои дуюмро гирифтаанд. Соли гузашта 221 бонуи қирғизистонӣ бо мардҳои маскавӣ издивоҷ кардаанд!

Домодҳои маскавӣ соли 2021 дар умум бештар аз ҳама ба бонувон аз ин 5 кишвар ақди никоҳ бастаанд: Украина (280 ақди никоҳ), Қирғизистон(221), Беларус (102), Молдова (84), Ӯзбекистон (77) ва Озарбойҷон (62). Мардҳои сокини пойтахти Русия дар соли 2021 ҳамчунин аз Олмон, Ветнам, Нигерия, Латвия, Фаронса, Юнон, Камерну, Полша ва Словения арӯс фаровардаанд.

Кормандони ЗАГСи Маскав мегӯянд, бисёре аз ин домоду арӯсҳои хориҷӣ ҳангоми маросими ақди никоҳ кӯшиш мекунанд, то анъанаҳои тӯёнаи миллии худро риоя кунанд ва ҳадди ақал либоси домодиву арӯсии мардуми худро бипӯшанд.

Аз соли 2019 бастани ақди никоҳ дар тамоми шуъбаҳои ЗАГСи шаҳри Маскав мумкин шудааст. Қаблан чунин никоҳҳо танҳо дар чанд шуъбаи махсус сабт мешуд.

Бонувони маскавӣ бо киҳо бештар ақди никоҳ бастаанд:

Тоҷикистон – 355,

Озарбойҷон – 208,

Украина – 142,

Қирғизистон – 141,

Беларус – 107,

Испания – 4,

Италия – 3,

Амрико, Ирландия, Канада, Черногория – якникоҳӣ.

Мардони маскавӣ аз куҷо бештар арӯс фаровардаанд:

Украина – 280,

Қирғизистон – 221,

Беларус – 102,

Молдова – 84,

Узбекистон – 77,

Озарбойҷон – 62,

Олмон ва Фаронса – дуникоҳӣ,

Юнон, Камерун, Полша ва Словения – якникоҳӣ.

Муҳоҷирон аз Тоҷикистон ва ҳамин тавр аз Ӯзбекистону Қирғизистон ва дигар кишварҳои муҳоҷирфирист вақтҳои охир ҳарчӣ бештар бо хонумҳои рус издивоҷ мекунанд, чунки чунин издивоҷ гирифтани шаҳрвандии Русияро барояшон хеле осонтар мекунад. Вале ҷомиашиносони тоҷик аз паҳлуи дигари ин тамоюли оммавишуда изҳори нигаронӣ мекунанд ва мегӯянд, кӯшиши шумори торафт бештари мардони тоҷик барои ҷустуҷӯи арӯсони хориҷӣ дар худи Тоҷикистон як навъ сӯитавозун ё дисбалансро ба вуҷуд меорад ва шанси шавҳар ёфтани духтарони тоҷикро хеле камтар мекунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button