ВидеоИлму фанноварӣХабарҳои кӯтоҳЧеҳраҳо

ДАРГУЗАШТИ ПРОФЕССОР ЗАЙНАЛОБУДИН КОБУЛИЕВ

Узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, мудири Пажуҳишгоҳи масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академия, доктори илмҳои техникӣ профессор Зайналобудин Кобулиев рӯзи 20 феврал  аз олам чашм пӯшид.

Дар ин бора Донишгоҳи давлатии техникии Тоҷикистон ба номи академик Осимӣ бо нашри як номаи таслият дар саҳифааш дар Фейсбук хабар дод.

Дар бораи сабаби марги профессор Кобулиев чизе гуфта нашудааст. Вале даҳҳо нафар дар зери ин номаи таслият аз ӯ ба унвони як устоди арҷманд ва донишманди тавоно ёд кардаанд.

Кобулиев Зайналобудин Валиевич дар шаҳри Кӯлоб ба дунё омада, мактаби №37 ба номи Носири Хисрави шаҳри Кӯлоб ва сипас Донишкадаи политехникии Тоҷикистонро хатм кардааст. Ӯ чандин сол дар Донишгоҳи давлатии техникии шаҳри Уляновски Русия кор карда, рисолаи номзадиашро дар ҳамон ҷо ҳимоят кардааст. Зайналобудин Кобулиев соли 2007 дар Донишгоҳи давлатии техникии шаҳри Қазони Русия ба номи Туполев рисолаи докториаш дар мавзӯи “Физико-химические основы структурообразования теплофизические свойства материалов на основе минерального и растительного сырья”  ҳимоя карда, сазовори унвони доктори илмҳои техникӣ шудааст. Ӯ сипас дар бахши экология ва муҳити зист сазовори мақоми узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон шуд, вале марги нобаҳангом маҷолаш надод, ки ба мақоми узви пайвастаи Академияи илмҳо расида, ҷомаи академикиро низ ба тан кунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button