ВидеоМуҳоҷирон

ДУ ТОҶИКЕ, КИ ДУ ПУЛИСРО ДАР МАСКАВ ЗАДАНД, АКАЮ ДОДАР БУДААНД (ВИДЕО)

Саидакрам Ҳамроев ва Умар Расулҷонзода, ду ҷавони тоҷике, ки шоми 17 феврал дар истгоҳи метрои “Тулская” ду корманди пулиси метрои Маскавро кӯфтанд, акаю додар будаанд.

Падари онҳо Расулҷон Ҳамроев дар як муроҷиатномаи видеоӣ гуфт, аз коре, ки фарзандонаш дар мулки мусофирӣ карданд, розӣ нест. Расулҷон Ҳамроев гуфт, писари якумаш Саидакрам 21 сол ва дуюмаш Расул ҳамагӣ 18 сол доранд ва Умар, ки бори аввал ба Русия рафта буд, ҳанӯз намедонист, ки пулисро задан мумкин нест. Падари Саидакрам ва Умар гуфт,  вақте Умар дидааст, ки кормандони пулис бародарашро ба замин хобонданд, номусаш омадааст ва сари қаҳр ба пулис ҳамла оварда, якеи онҳоро бо шатта задааст.

Расулҷон Ҳамроев гуфт, бо адвокатҳо суҳбат кардааст ва онҳо гуфтаанд, ки Саидакрам ва Умар метавонанд бо ҷарима халос шаванд. Ӯ гуфт, барои таъмини ҳимояти ҳуқуқии фарзандонаш ба кумаки молиявӣ эҳтиёҷ дорад. Расулҷон Ҳамроев аз ҳамватанон хост, ки барои пардохти пули адвокатҳои фарзандонаш ба ӯ кумак расонанд.

Бино ба хабарҳо, шоми 17 феврал кормандони пулис дар истгоҳи “Тулская” Саидакрам Ҳамроев, соли таваллудаш 2000умро барои тафтиши ҳуҷҷатҳояш манъ карда, ӯро ба ҳуҷраи пулис бурданӣ шудаанд. Он мард норозигӣ кардааст ва кормандони пулис ӯро ба замин хобонда, дастонашро ба пушт тоб  додаанд. Дар ҳамин лаҳза, тавре дар сабт дида мешавад, як нафари дигар ба кумаки муҳоҷири дастгиршуда шитофта, бо ҳарду пояш бо шаст яке аз кормандони пулисро зада, аз пой афтонд. Ин нафари дуюм, бино ба хабарҳо, Умар Расулҷонзода, соли таваллудаш 2003 будааст.  

Саидакрамро дар ҷои ҳодиса ва Умарро рӯзи дигар дастгир карданд ва ҳардуро алакай бо қарори додгоҳ ба ҳабси пешакӣ гирифтанд. Ба зидди онҳо бо иттиҳоми зӯроварӣ нисбат ба намояндагони давлат ҳангоми иҷрои вазифаашон парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд. Ба акаю додар бар асоси моддаи 318 Кодекси ҷиноятии Русия то 5 соли зиндон ва сипас депортатсия таҳдид мекунад.

Пулиси Маскав видеои бозпурсии Саидакрам ва Умарро нашр кард. Умар ҳангоми бозпурсӣ ба ягон савол ҷавоб надода, хомӯширо ихтиёр кард, вале Саидакрам дар шарҳи он ҳодиса гуфт, ӯ ягон муқовимат нишон надода буд. “Пулис дастамро тоб дод ва ман танҳо гуфтам, ки дастатро бигир. Баъди ин моҷаро сар шуд”, нақл кард Саидакрам.

Дар як ҳафтаи охир ин алакай сеюмин хабари ҳамлаи муҳоҷирон ба кормандони пулис танҳо дар шаҳри Маскав аст. Дар ду ҳамла зодагони Тоҷикистонро айбдор мекунанд.

Қаблан расонаҳои Русия бо такя ба манобеашон дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз боздошти як ҷавони 23-солаи зодаи Тоҷикистон бо иттиҳоми ҳамла ба ду корманди пулис дар ҷануби шаҳри Маскав хабар доданд.

“Ин ҳодиса шоми 15 феврал рӯй додааст. Яке аз гумонбаршавандагон, ғолибан зодаи Тоҷикистон, ҳангоми боздошташ дар кӯчаи Мединская бо корд ба кормандони пулис ҳамла кардааст. Ду нафар ҷароҳат бардоштаанд “, – хабар додааст манбаи хабаргузории ТАСС. Кӯчаи Мединская дар минтақаи Бирюлёвои ғарбӣ ҷойгир шудаст.

Бино ба маълумоти шабакаи РЕН ТВ , кормандони пулис дар пайи ба дасташон расидани хабари занозании се нафар дар даромадгоҳи як бино ба кӯчаи Мединская омаданд. Ба пулис хабар додаанд, ки яке аз иштирокчиёни занозанӣ дар даст корд дорад.

 “Ҳангоми боздошт ин ҷавони мусаллаҳ бо корд ду корманди пулис аз ноҳияҳои дастонашон бо корд захмӣ кардааст. Дар пайи ин ба ҷои ҳодиса кормандони бештари пулис омадаанд. Ҳамлагар як ҷавони 23-солаи зодаи Тоҷикистон буда, дар Маскав ҷои зисти доимӣ надоштааст. Кормандони осебдидаи пулисро бо захмҳои даст дар бемористон бистарӣ кардаанд”, – хабар дод РЕН ТВ.

Ҳамчунин канали “Мэш” рӯзи 11 феврал хабар дод, ки ду корманди пулис дар ноҳияи Тсаритсинои шаҳри  Маскав аз ҷониби муҳоҷирон латтукӯб шудаанд. Бино ба иттилои нашрия, ҳодиса дар ноҳияи Тсаритсино (Царицыно) дар ҷануби пойтахти Русия рӯй додааст.

 “Сокинони биноҳои ҳамсоя ба пулис аз рафтори зодагон Осиёи Марказӣ шикоят кардаанд. Кормандони пулис ба ҷои ҳодиса омада,  ду ҷавони масти лояқилро диданд, ки дар майдончаи кӯдакон ба шаробнӯшӣ идома медоданд. Онҳо нишон додани ҳуҷҷатҳои худро рад карда, ҳангоми кӯшиши боздошташон муқовимат нишон додааанд ва кормандони пулисро дашном дода, латтукӯб кардаанд. Онҳо ҳатто тавонистаанд аз дасти як корманди пулис калтак (дубинка)-ашро  кашида бигиранд. Дар ин лаҳза корманди дуюми пулис силоҳашро берун кашида, таҳдид кардааст, ки тир мекушояд. Ба кормандони пулис муяссар шудааст, ки Нурлан ном ҷавони 28-солаи зодаи ҷумҳурии ҳамсояро дастгир кунанд, вале шарики ӯ тавонистаст фирор кунад”, –  хабар медиҳад “Мэш”.

Бино ба иттилои канали “Мэш”,  барои кормандони осебдида пулис “Ёрии таъҷилӣ”ро даъват кардаанд ва ҳардуро бо ҷароҳатҳои аз қисмати сар бардоштаашон бистарӣ кардаанд.

Маъмулан муҳоҷирон аз сар ба сар шудан бо кормандони пулиси Русия ҳадалимкон ҳазар мекунанд. Дар аксар ҳолатҳо муҳоҷирон дар Русия дар сурати хеле ба ҷон расиданашон ба сари пулис мушт мебардоранд ё ба зарбаҳои онҳо ҷавоб медиҳанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button