ВидеоРӯйдодҳои БадахшонХабарҳои кӯтоҳ

ЗАМИНЛАРЗАИ 4,2–БАЛЛӢ ДАР БАДАХШОН. МАРКАЗАШ – ДАР 40–КИЛОМЕТРИИ ХОРУҒ

Марказҳои байналмилалии зилзиланигорӣ хабар доданд, ки субҳи 19 феврали соли 2022, соати 08:32 ба вақти маҳаллӣ дар шарқи Тоҷикистон заминларза рух додааст. Бино ба хабарҳо, замин дар умқи 55 километр ларзидааст ва шиддати заминларза дар марказаш – 40-километрии ҷанубушарқи шаҳри Хоруғ, маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  – тибқи ҷадвали Рихтер, 4,2 баллро ташкил додааст.  Дар бораи кадом талафоту хисорот бар асари ин офати табиӣ то ҳол гузориш нашудааст.

Тоҷикистон дар як минтақаи зилзилахези қораи Осиё ҷойгир шуда, ҳар сол дар қаламраваш садҳо заминҷунбӣ сабт мешавад. Аз ҷумла марказҳои зилзиланигорӣ танҳо дар як ҳафтаи охир дар қаламрави Тоҷикистон 3 заминларзаи шиддаташ тибқи ҷадвали Рихтер аз 1,5 балл зиёд, дар як моҳи охир 11 чунин заминларза ва дар як соли охир 202 заминларзаро сабт кардаанд.

Ёдовар мешавем, 10 июли соли 2021 бар асари заминларза дар водии Рашт 5 сокини ноҳияи Тоҷикобод ба ҳалокат расида, дар ин ноҳия ва ноҳияи Рашт беш аз 200 хона хароб шуданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button