ВидеоМинтақа ва ҷаҳонСиёсат

СОЛГАРДИ 30-ЮМИ РАВОБИТИ ДИПЛОМАТИИ АМРИКОЮ ТОҶИКИСТОН

30 сол қабл, 19 феврали соли 1992, президенти вақти АМрико Ҷорҷ Буши калонӣ қарор дар бораи барқарор кардани муносибатҳои дипломатӣ байни Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул кард. Аз он қабл Амрико ҳанӯз 25 декабри соли 1991 истиқлолияти Тоҷикистонро ба расмият шинохт ва 14 феврали соли 1992 котиби давлатии Амрико Ҷеймс Бейкер аз Душанбе боздид кард ва зимни ин сафар Тоҷикистону Амрико ҷиҳати истиқрори равобити дипломатӣ ба тавофуқ расиданд.  

Ва 13 марти соли 1992, ҳамагӣ се ҳафта баъди қарори Буш дар мавриди истиқрори равобит бо Тоҷикистон, сафорати Амрико дар Душанбе  дар қабати чоруми меҳмонхонаи “Авесто” ба кор сар кард ва моҳи июли ҳамон сол аввалин сафири Амрико дар Тоҷикистон Стэнли Эскудеро ба Душанбе омад.

Рӯзи 19 феврал президентҳои Тоҷикистону Амрико Эмомалӣ Раҳмон ва Ҷозеф Байден ба муносибати 30-юмин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатии ду кишвар ба якдигар барқияҳои табрикӣ фиристоданд. Дар барқияи табрикии Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷозеф Байден чунин омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Лутфан табрикоти самимии маро ба муносибати санаи хотирмон дар таърихи муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико – 30-юмин солгарди барқарор намудани робитаҳои дипломатӣ байни кишварҳоямон бипазиред.

Тоҷикистон Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро, ки дар қатори аввалинҳо истиқлолият ва соҳибихтиёрии давлати моро эътироф намуда буд, имрӯз шарики муҳимми худ дар арсаи байналмилалӣ медонад.

Мо аз раванди рушду таҳкими равобити дӯстона ва ҳамкории фарогири кишварҳоямон, ки соҳаҳои мухталифи мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, аз ҷумла арсаҳои сиёсию иқтисодӣ, гуманитарию иҷтимоӣ ва амниятиро дар бар мегиранд, изҳори қаноатмандӣ карда, ояндаи онҳоро нек арзёбӣ менамоем.

Омодаем, ки ҷиҳати густаришу тавсеаи бемайлони муносиботи гуногунҷанбаи ду кишвар ва бештар ғанӣ гардондани мазмуну муҳтавои онҳо бо ҷанбаҳои нави амалӣ минбаъд низ иқдомҳои муштаракро дар сатҳҳои мухталиф роҳандозӣ намоем.

Бо ибрози таманниёти беҳтарин, ба ҷаноби Президент сиҳатмандии комил, саодати рӯзгор ва комёбиҳои нав ба нав, ба мардуми дӯсти Амрико пешрафту шукуфоии рӯзафзун орзумандам».

Ҷозеф Байден дар барқияи табрикаш  ба Эмомалӣ Раҳмон чунин навиштааст:

«Муҳтарам ҷаноби Президент,

Ба муносибати 30-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ байни Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ман ба Шумо ва мардуми Тоҷикистон таманниёти самимии худро ирсол менамоям.

Дар тӯли ин 30 сол мо барои ҳалли мушкилоти минтақавӣ ва ҷаҳонӣ ҳамкорӣ намудем.

Дар раванди идомаи ҳамкориҳо мо ҳадафҳои умумии амниятии худро, аз ҷумла дар самти шарикии муассир дар мубориза бо ҳамагирии COVID-19, инчунин дар соҳаҳои рушди иқтисодӣ, тандурустӣ, маориф, тағйирёбии иқлим ва энергетика, волоияти қонун, амният ва робитаҳои байни одамон пеш хоҳем бурд. Шарикии мо ба шукуфоии бештар, амният ва адолат барои ҷомеаҳои мо ва тамоми ҷаҳон мусоидат хоҳад кард.

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, чун ҳарвақта, ба мардуми Тоҷикистон, соҳибихтиёрӣ, истиқлолият ва тамомияти арзии кишвари Шумо содиқ мемонад».

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико яке аз бузургтарин кишварҳои кумакрасони Тоҷикистон ба шумор рафта, аз соли 1992 то имрӯз ба Тоҷикистон дар умум ба маблағи беш аз 1 миллиарду 800 миллион доллар кумакҳои билоиваз расондааст.

Амрико аз ҷумла ба маблағи 75 миллион доллар ба мардуми Тоҷикистон кумакҳои башардӯстона дар шакли ғизо, сарпаноҳ, либос, доруворӣ, лавозимоти тиббӣ ва ҳатто кӯмаки молиявӣ расонида, танҳо ба соҳаи тандурустии Тоҷикистон дар ин муддат ба маблағи беш аз 230 миллион доллар кумак расондааст.

Ҳамин тавр аз соли 1992 инҷониб Амрико ба Тоҷикистон ба маблағи умумии 330 миллион доллар кумаки низомӣ расонидааст. Ин кумак омӯзиш, таҷҳизот ва инфрасохторро дар бар мегирад.

Амрико ҳамчунин яке аз пуштибонҳои асосии мардуми Тоҷикистон дар мубориза бо пандемияи коронавирус ба шумор рафта, ба Тоҷикистон ба таври ройгон чанд миллион воя ваксинаи зидди ин беморӣ  туҳфа кардааст.

Амрико ҳамин тавр, барои рушди демократия, матбуоти озод, ҳимоят аз ҳуқуқи инсонро даҳҳо миллион доллар кумак расонда, бо маблағгузориҳои Амрико дар Тоҷикистон даҳҳо мактабу бемористон сохта шуд. Амрико ҳамчунин барои тақвияти зербинои иқтисодӣ, аз ҷумла риштаи обёрӣ, ва рушди соҳаҳои иқтисодии Тоҷикистон: ҳам кишоварзӣ, ҳам саноат ва ҳам савдову хидматрасонӣ садҳо миллион доллар кумак расондааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button