ВидеоФарҳангЧеҳраҳо

ҚИССАИ ШАБНАМИ СУРАЙЁРО ДАР 16-СОЛАГИАШ ХОСТГОРӢ КАРДАНИ ЧОЛОВҲО

Дар тарҷумаи ҳоли Шабнами Сурайё, яке аз маъруфтарин ситораҳои эстрадаи тоҷик чанд соли дурӣ аз саҳна низ ҳаст, ки ба нимаи дуюми солҳои 90 ва аввали солҳои 2000-ум рост меояд. Ин солҳоест, ки Шабнам ба яке аз намояндагони оилаи дар Кӯлоб дар он солҳо хеле пурнуфузи Чоловҳо издивоҷ карда буд ва бо талаби шавҳар тарки саҳна карда, зани хонашин шуда буд. Ӯ, ки дар даврони мактабхонӣ алакай бо ҳунари худ шуҳрат ёфта буд, танҳо баъди ҷудо шудан аз шавҳари аввалаш тавонист боз ба саҳна баргардад.

Муассис ва сардабири нашрияи “СССР” Сайёфи Мизроб, ки дӯсти хонаводагии  Шабнаму модараш Сурайёи Қосим, боз як овозхони хушноми мо ҳам ҳаст, ҳанӯ чанд сол пеш дар Фейсбук чӣ гуна Шабнами Сурайёро хостгорӣ кардани Чоловҳоро  қисса карда буд.

Ӯ менависад: “Соли 1996 бо супориши Акбари Саттор-сардабири “Чархи гардун” ба Кӯлоб омадам,  то роҷеъ ба фаъолияти Сурайё Қосимова матлабе омода кунам. Ҷанги гражданӣ дар авҷ буду фазову самову замону замин бӯи хун, борут ва тир мекард. Дар ҳамин додуситад ману Акбар мехостем дили мардумро ба фарҳанг гарм кунем ва сарояндагони саршиносро муаррифӣ ва маҳофили адабиро эҳё…Хулласи калом, омадам Кӯлоб. Тифоқо ҳамон рӯз Сурайё дар Театри ба номи Саидалӣ Вализода консерт медод. Рафтам. Ана дар ҳамун консерт…Шабнами 16-соларо дидам, ки нахустин бор ба саҳнаи бузург баромада буд. Шабнам ЛАПАР хонд. Касе надонад, Лапар аз 4 гашт иборат асту сароянда ҳам суруд мехонад ва ҳам мерақсад ва дар чанд сабк, ки хеле мушкил жанрест (Ҳайронам, чаро Шабнам ҳоло Лапар намесарояд? Ӯ дар ин жанр устухон надорад!). Ӯро дидаму гуфтам, Ин Моли Саҳнаи Бузурги Тоҷик аст…

Иттифоқан зимни ҳамин сафар Сайёфи Мизроб шоҳиди барои Шабнам ба хонаи Сурайё ба хостгорӣ омадани Чоловҳо шудааст.

Ӯ менависад: “Бегоҳ хонаи Сурайё омадему суҳбатро давом додем, ки хостгорҳо омаданд… ба Шабнам. Қурбони Чол ва Султони Чол, қумандонхое, ки аз шунуфти исмашон талхаи мардум мекафид! Ба Сурайё гуфтам: НАТЕ!!! Гуфт: Сайёфҷон, оё мешавад ба инҳо не гуфт? Худоро шукр, ки хостгор шудаанд, агар аз кӯча дошта мебурданд чӣ мекардем???

Рост мегуфт. Замона хамин буд…

Хуллас дар арӯсии Шабнам ҳам ширкат доштам ва агар хато накунам, вараи арус, ё худ дугонаи арӯс ҳамин Манижаи Давлат буд. 2 гулдухтар чунон нозанин бар тахти арӯсӣ нишаста буданд, ки париён аз рашк худкушӣ мекарданд он рӯз!

Тӯй дар тарабхонаи Кӯлоб, ки садраш Сафармади “Кабуд” ном қумандони номӣ буд, мегузашт ва соате қумандонхо Қурбони Чолу Сайидшо Шамолов ба рақс баромаданд, замин аз доллар сабз шуд…Ин дар ҳоле буд, ки мардум нони хӯрдан надошт. Аммо замона ҳамин буд дигар…

Ман, надонам аз чӣ, аммо дилам ба холи ҳунар месӯхт. Зеро “Шабнам барои 1 нафар нест. Ӯ моли Миллат аст!” мегуфтам ба дил…

Аммо бовар доштам, он ҳунару илҳоми худододе, ки дар ботини ин гулдухтараки ноболиғи чодари арӯсӣ бар сар ҷӯш мезад, бояд ҳатман бо инқилоб анҷом меёфт. Ва хушбахтона, ҳамингуна ҳам шуд. Шабнам инқилоб кард! Озод шуд!!! Ва имрӯз мунодии ҳунари эстрадаи Тоҷик дар сартосари олам аст”.

Шабнами Сурайё 14 октябри соли 1981 дар шаҳри Кӯлоб ба дунё омада, 4 моҳ пеш ба синни 40 расид. Модари ӯ Сурайё Қосимова ва як хоҳари дигараш Фарзонаи Хуршед низ аз овозхонҳои шинохтаи Тоҷикистонанд. Шабнам духтари дуюми Сурайё Қосимова мебошад.

Шабнами Сурайё соли 2004, баъди ҷудо шудан аз шавҳари аввалаш, ки аз хонаводаи дар он даврон дар Кӯлоб пурнуфузи Чоловҳо буд,   дубора пой ба саҳна гузошт ва баъди шӯҳрати ҷаҳонӣ пайдо кардани таронаи “Ҳанӯз аввали ишқ аст” ба яке аз пуртарафдортарин ситораҳои эстрадаи тоҷик табдил ёфт.

Шабнами Сурайё чандин сол паи ҳам ҷоизаи “Big Apple” барои беҳтарин овозхони зан аз Тоҷикистонро ба даст оварда, ҳар сол дар Аврупову Амрико консертҳо мегузорад. Аммо дар консертҳои расмӣ ва дар телевизионҳои давлатии Тоҷикистон таронаҳои Шабнами Сурайё тақрибан садо намедиҳанд.

Шабнами Сурайё соли 2014 ҳамроҳи хоҳаронаш Фарзонаи Хуршед ва Бибирӯзигул ва духтараш Шарифамоҳ сафари Ҳаҷҷи умра карда буд ва баъди зиёрати Маккаву Мадина чанд сол дар саҳна бо ҳиҷоб ҳунарнамоӣ мекард. Аммо дар аксу клипҳову консертҳои ахирашон Шабнаму Фарзона дигарбора бо либосҳои аврупоӣ зоҳир мешаванд.

Шабнами Сурайё аз он овозхонҳои тоҷик аст, ки дар байни зодагони Афғонистону Эрон низ аз маҳбубияти зиёд бархӯрдор мебошад. Аксари таронаҳои ӯ хеле зуду осон дар Интернет марзи як миллион тамошобинро тай мекунанд ва чанд таронааш марзи 5 ва ҳатто 10 миллион тамошобинро ҳам пушти сар гузоштаанд.

Яке аз охирин таронаи пуртарафдори Шабнам “Таролла Далли” буд, ки ҳамроҳ бо ситораи эстрадаи ӯзбек Юлдуз Усмонова иҷро кардааст. Ин таронаро дар ду сол танҳо дар канали худи Шабнам дар Ютуб қариб 13 миллион нафар тамошо кардаанд. Ва ин ҳам бо вуҷуди он ки Шабнам ва Юлдуз танҳо шакли садоии ин таронаро дар формати МП3 нашр кардаанд.

Охирин таронаи Шабнам бо номи “Бизан дутора” 1 сентябри соли 2021 нашр шуд ва дар 5 моҳ алакай беш аз 6 миллион тамошобин ҷамъ оварда, аз пуртарафдортарин таронаҳои тоҷикии моҳҳои охир ба шумор меравад.

Бардоштҳо аз эҷодиёти Шабнам дар ҷомиаи Тоҷикистон яксон нест, вале чӣ тарафдорону чӣ мухолифонаш эътироф мекунанд, ки агар ӯ дар ҷавҳар истеъдоди фавқулодда намедошт, наметавонист дар тӯли ин қадар сол ин қадар маҳбубиятро ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам дар доираҳои ҳамзабонҳои мо аз Афғонистону Эрон ба даст биорад. Мехоҳем, ё намехоҳем, вале ҳеҷ каси дигар аз хонандагони муосири тоҷик баробари Шабнами Сурайё натавонистааст дар берун аз Тоҷикистон ин қадар маъруфият ба даст биорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button