Хабарҳои кӯтоҳ

ПИСАРИ НОБОЛИҒИ ҲАМСОЯРО ФИРЕБ ДОДА, 40 ҲАЗОР ДОЛЛАР ПАДАРИ ӮРО ГИРИФТААСТ…

Сокини 27-солаи ноҳияи Б.Ғафуров ба он гумонбар мешавад, ки аз моҳи марти соли 2020 то моҳи январи соли 2022 бо роҳи фиреб ба боварии ҳамсояи ноболиғи 15-солааш даромада, ӯро моил месозад, ки пулҳои падарашро ба ӯ бидиҳад. Ноболиғ фирефта шуда, 40 ҳазор доллари падарашро ба ин марди ҳамсоя додааст.

хххххххххххх

Сокини 25-солаи ноҳияи Б.Ғафуров ба он гумонбар мешавад, ки шоми 5 январ пинҳонӣ ба манзили зани 43-солаи сокини ҳамин ноҳия даромада, аз онҷо ҷавоҳироти гуногуни тиллоиро  ба маблағи  20 ҳазор сомонӣ дуздидааст.

Аз навори хабарҳои рӯзи 19 феврали маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Бо роҳи қаллобӣ ба даст овардани маблағ аз ноболиғ

043

Аз тарафи кормандони ШВКД дар ноҳияи Б.Ғафуров нисбати марди 27-солаи сокини ноҳияи мазкур парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 3 Кодекси ҷинояти Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шудааст.
Номбурда, аз моҳи марти соли 2020 то моҳи январи соли 2022 бо роҳи фиреб ба боварии ҳамсояи ноболиғи 15-солааш, сокини ҳамин ноҳия даромада, ӯро моил месозад, ки маблағҳои пулии падарашро барои нигоҳдории минбаъда ба ӯ супорад ва аз ӯ 40 ҳазор доллари амрикоиро гирифта, ба эҳтиёҷоти худ сарф намудааст.
Оид ба ин ҳолат тафтишот идома дорад.

Ошкор гардидани ҷинояти дуздӣ

042

Ба ШВКД дар ноҳияи Б.Ғафуров бо ариза зани 43-солаи сокини ҳамин ноҳия муроҷиат намудааст, ки 5-уми январи соли 2022, тахминан соати 18:00, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо ҷавоҳироти гуногуни тиллоиро дӯздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 20 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 25-солаи сокини ҳамин ноҳия ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Нисбати гумонбаршуда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 қими 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button