ВидеоРӯйдодҳои БадахшонТоҷикистон

PAMIR DAILY АЗ БОЗДОШТИ САЛАМ ИМУМНАЗАРОВ, БОЗ ЯК ЛИДЕРИ ҒАЙРИРАСМИИ БАДАХШОН ДАР ФУРУДГОҲИ ДУШАНБЕ ХАБАР ДОД

Pamir Daily News, як пойгоҳи хабарие, ки таҳаввулоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро пайгирӣ мекунад, бо такя ба манобеи худ хабар дод, ки Салам Имумназаров (Имомназаров), яке аз лидерҳои ғайрирасмии маҳаллаи УПД шаҳри Хоруғ ва писари фармондеҳи собиқи соли 2012 кушташудаи оппозитсияи тоҷик Имумназар Имумназаров, ҳангоми бозгашташ аз Туркия дар фурудгоҳи Душанбе дастгир шудааст.

Мақомот ин хабарро расман шарҳ надодаанд, вале агар он тасдиқ шавад, Салам Имумназаров баъди Амриддин Аловатшоев, Чоршанбе Чоршанбиев ва Содиқ Амадбеков, инак чорумин нафари шинохта аз зодагони Бадахшон мешавад, ки баъди эътирозҳои моҳи ноябри Хоруғ аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон дастгир шуданд. Лозим ба зикр аст, ки дуи онҳо – Имумназаров ва Амадбеков – ҳангоми бозгашт аз Туркия дар фурудгоҳи Душанбе ба даст афтоданд ва дуи дигарро мақомоти Русия ба Душанбе супурданд.

Вале Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 2 феврал дар нишасти хабариаш гуфта буд, ки “дар чанд муддати охир 15 нафар аз аъзои гуруҳҳои муташаккили ҷиноятии Бадахшон аз карда пушаймон шуда, ихтиёран ба мақомот ҳозир шуданд”.

Манобеи Pamir Daily News аз Хоруғ гуфтаанд, Салам Имумназаров аз Туркия аз табобат бармегашт. Ёдовар мешавем, рӯзи 6 сентябри соли 2021, ӯву як рафиқаш дар ҳавлии Маркази тиббии Оғохон дар Хоруғ дар ҷараёни тирпарронӣ бо одамони лидери ғайрирасмии маҳаллаи “Хлебзавод” Толиб Аёмбеков тир хӯрданд. Шабе пеш аз он Толибро одамони Салам дар тарабхонаи дар Хоруғ машҳури “Марко Поло” бо хишт ба сараш зада буданд.

Бино ба иттилои Pamir Daily News, Салам Имумназаров вақтҳои охир бо оилааш дар Душанбе зиндагӣ дошт ва дар ҳудуди Тоҷикистон озодона равуо ва ба хориҷи кишвар низ сафар мекард.

Ба иттилои манобеи ин нашрия, мақомот Салам Имумназаровро бар асоси қисми чоруми моддаи 200 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон ба қочоқи миқдори бузурги маводи мухаддир айбдор мекунанд. Гӯё яке аз нафарони ҳанӯз чанд сол пеш бо чунин ҷурм дастгиршуда баёнот дода будааст, ки Салам низ дар ин корҳо даст дорад. Аммо наздикони ин лидери маҳаллаи УПД даст доштани ӯ дар маводи мухаддирро рад карда, мегӯянд, Салам ба тиҷорат машғул аст.

Салам Имумназаров – писари Имумназар Имумназаров, як фармондеҳи собиқи Иттиҳоди нирӯҳои мухолифини тоҷик аст, ки моҳи августи соли 2012 ба таври мармуз дар хонаи худаш дар Хоруғ кушта шуд. Он шабу рӯз дар маркази Бадахшон амалиёти ҳарбӣ ҷараён дошт. Наздикони Имумназаров мақомоти Тоҷикистонро дар қатли ӯ айбдор мекарданд. Вале мақомот инро рад карда, мегуфтанд, эҳтимолан Имумназаров қурбони муноқишаҳои дохилии байни лидерҳои ғайрирасмии Бадахшон шудааст.

Номи писари дар ин байн ба воя расидаи ӯ Салам Имумназаров бори аввал моҳи сентябри соли 2021 дар пайи муноқиша бо одамони Толиб Аёмбеков ба сархатти ахбор афтод. Толиб Аёмбеков, яке аз лидерҳои ғайрирасмии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаби 5 сентябр дар ҷараёни занозании гуруҳӣ дар тарабхонаи машҳури “Марко Поло” дар шаҳри Хоруғ захмӣ шуд. “Марко Поло” дар шафати хонаи Аёмбеков дар маҳаллаи “Хлебзавод” ҷойгир шудааст.

Гуфта мешуд, дар дохили тарабахонаи “Марко Поло” гапи бачаҳои маҳаллаи “Хлебзавод” бо бачаҳои УПД гурехтааст. “Хлебзавод” таҳти назорати Толиб Аёмбеков қарор дошта, УПД минтақаи бачаҳои Имумназар Имумназаров аст. Ин муноқиша аз як баҳси лафзӣ байни Аёмбеков ва Салам, писари Имумназар Имумназаров сар шуд ва ба занозании гуруҳӣ печид. Дар ҷараёни ин занозанӣ касе ба сари Толиб Аёмбеков аз қафо бо хишт зарбаи шадид зад.

Рӯзи 6 сентябр Салам Имумназаров ба Маркази тиббии Оғохон омад, то аз Толиб барои муноқишаи шаби гузашта узр бипурсад ва масъаларо ба хушӣ ҳал кунад. Вале одамони Толиб Саламро ба пеши  роҳбари худ роҳ надоданд ва байни онҳо муноқишаи наве сар зад, ки ин бор ба тирпарронӣ печид. Салам Имумназаров ва шарики ӯ Мансур Ҷумъахонов дар ин муноқиша тир хӯрданд ва ҳардуро дар бемористони вилоятӣ бистарӣ карданд.

Толиб Аёмбеков яке аз лидерҳои зиддунақизи Хоруғ ба шумор меравад. Ӯ бародари хурдии Абдуламон Аёмбеков, маъруф бо лақаби Лёша Горбун, як фармондеҳи аршади нирӯҳои худдифоии Бадахшон дар солҳои ҷанги шаҳрвандист. Баъди кушта шудани Лёша Горбун дар миёнаи солҳои 90 роҳбарии маҳаллаи “Хлебзавод” ба дасти Толиб гузашт.

Моҳи июли соли 2012 исми Толиб Аёмбеков дар робита ба қатли генерал Абдулло Назаров, сардори раёсати КДАМ вилояти Бадахшон вирди забонҳо шуд. Мақомот бо талаби супурдани қотилони генерал Назаров амалиёти густардаеро дар Хоруғ ба роҳ андохтанд, ки дар ҷараёни он аз ду тараф беш аз 40 нафар, аз ҷумла падари Салам Имумназаров, кушта шуданд. Дар ниҳоят, байни тарафҳо оташбас ба имзо расид ва бародари Толиб Оқил Аёмбеков ва ронандааш Ҳамза Муродовро ҳамчун гумонбарони асосии қатли Абдулло Назаров ба мақомот супурданд. Додгоҳ баъдан онҳоро ба 17 ва 16 соли зиндон маҳкум кард.

Бори дигар номи Толиб Аёмбеков тирамоҳи соли 2018 вақте расонаӣ шуд, ки ӯ дар қатори чанд лидери дигари ғайрирасмии Бадахшон ба ҳузури мақомот даъват шуд ва бо онҳо протоколеро имзо карданд, ки тибқи он, лидерҳои ғайрирасмии Бадахшон уҳдадор мешуданд, силоҳҳои худро супурда, аз он ба баъд бо риояи қонун зиндагӣ кунанд ва даст ба нооромӣ назананд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button