ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ҲАБСИ ФАРЗАНДИ МОДАРОЗОР, РАҲБАРИ “СИМИН” ВА МАСТИ МУСАЛЛАҲ БО КОРД

Аз навори хабарҳои рӯзи 19 феврали маркази матбуоти РВКД Душанбе

Шарипов Шеравган, Аксҳо аз маркази матбуоти РВКД Душанбе

15-шабонарӯз ҳабси модарозори навбатӣ

  Кормандони мақомоти милитсияи пойтахт дар асоси муроҷиати як нафар модар, сокини шаҳри Душанбе шаҳрванд Шарипов Шеравган Мирзоалиевич, санаи таваллудаш 07.07.1991, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе кӯчаи Маяковскийро барои таҳқиру озору модар дастгир намуданд.  Зимни санҷиш муайян карда шуд, ки номбурда, чандест ба нӯшидани машрубот майл намуда, дар ҳолати сархушӣ нисбати модари худ бо алфози қабеҳ бадгуфторӣ мекардааст.
  Аз ҷумла, номбурда санаи 16-уми феврали соли ҷорӣ низ дар назди манзили истиқоматиашон воқеъ дар кӯчаи Маяковский нисбати модараш дашному ҳақоратҳои қабеҳ намуда, шаъну шарафи ӯро дар назди ҳамсоягону атрофиён паст задаст.   Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати дастгиршуда, Шарипов Шеравган тибқи талаботи моддаи 460 (майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, аз ҷониби Суд ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 15-шабонарӯз таъин карда шуд.
  Номбурда аз кирдори содирнамудаи худ изҳори таассуфу пушаймонӣ намуда, иброз дошт, ки дигар ҳеҷ гоҳ модари худро озор нахоҳад дод.

Қурбонов Рустам Саидҷаъфарович

7-шабонарӯз: ҳабси соҳибмулки маркази компютерии «Симин» барои роҳ додани ноболиғон

  Бо мақсади пешгирии шабгардиву оворагардии ноболиғон, машғул шудан ба бозиҳои зараровари компютерӣ ва дигар амалу кирдорҳои номатлуб аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт ба таври ҳамешагӣ рейду амалиётҳои санҷишӣ доир карда мешавад.   Аз ҷумла, дар натиҷаи санҷиши навбатӣ дар маркази компютерии «Симин» муайян карда шуд, ки 6-нафар ноболиғон дар нимашабӣ машғули бозиҳои зараровари компютерианд. Ҳарчанд қаблан аз ҷониби кормандони милитсия ҷиҳати роҳ надодани ноболиғон соҳибмулку маъмури маркази компютерии мазкур шаҳрванд Қурбонов Рустам Саидҷаъфарович, санаи таваллудаш 28.10.1996, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе кӯчаи Н.Ганҷавӣ, расман огоҳонида шуда бошад, ҳам номбурда бар хилофи қонунгузорӣ амал намуда, бо мақсади ба даст овардани маблағу даромади муфт ба ноболиғон иҷозаи вуруд ва машғул шудан ба бозиҳои зараровари компютериро додааст.
  Вобаста ба ин нисбати Қурбонов Рустам протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, дар асоси Қарори Суд нисбаташ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 7-шабонарӯз таъин карда шуд.

Бобоҷонов Давлат

Оқибати мастӣ: ҳабс барои дағалона вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ

  Аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт шаҳрванд Бобоҷонов Давлат Худойназарович, санаи таваллудаш 23.03.1990, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе кӯчаи Назаршоев барои вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ дастгир гардид. Номбурда дар ҳолати мастӣ ва мусаллаҳ бо корди ошхонагӣ дар бозорчаи «Жилмассив» воқеъ дар кӯчаи С.Айнии ноҳияи Шоҳмансур тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намуда, бо алфози қабеҳ шаъну шарафи атрофиёнро паст задааст.
  Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Бобоҷонов Давлат тибқи талаботи моддаи 460 (майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, дар асоси Қарои Суд нисбаташ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5-шабонарӯз таъин карда шуд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button