ВидеоҶомеа

17 СОЛ ҲУКМИ ЗИНДОНИ МАРДИ ЭРОНИЕ, КИ БА РӮИ ҲАМСАРИ ТОҶИКАШ КИСЛОТА ПОШИДУ ӮРО БО ТАБАР ЗАД (ВИДЕО)

Бо ҳукми коллегияи судӣ оид ба парвандахои ҷиноятии суди вилояти Хатлон аз 7 январи соли 2022 Ризвониён Сайидҳусейн Сайидалиасқар, санаи таваллудаш 21 марти соли 1972, шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Эрон, муваққатан истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, ноҳияи Фирдавсӣ, маҳаллаи 46, бар асоси моддаҳои 32, қисми 3-104, қисми 2, бандҳои “е, з, и” ва 249, қисми 3, бандҳои “а, г” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қасди куштори ҳамсари тоҷикаш Ашӯрзода Гулбаҳори Раззоқ ва роҳзанӣ гунаҳгор дониста шуда, ба 17 соли зиндони низомаш сахт маҳкум гардид. Нуралиев Комрон Ғоибович, сокини шаҳри Кӯлоб ва дӯсти Ризвониён, ки ӯро дар ин ҷиноят шарикӣ кардааст, бо ҷурми сӯиқасд ба куштори Гулбаҳор Ашӯрзода ба 15 соли зиндон маҳкум гардид ва ӯ низ бояд ҳукмашро дар колонияҳои низомашон сахт адо кунад.

Маркази матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон дар шарҳи ин парванда гуфт, Сайидҳусейн Ризвониён  тахминан моҳи апрели соли 2021 бо шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашӯрзода Гулбаҳори Раззоқ, санаи таваллудаш 05 апрели соли 1991 тариқи никоҳи дини мусулмонӣ оила барпо намуда, то моҳи августа соли 2021 якҷоя зиндагӣ карда, бинобар носозии оилавӣ аз ҳамдигар ҷудо шудаанд.

Тахминан санаи 10 октябри соли 2021 Ризвониён С.С. аз дӯстонаш хабардор шудааст, ки собиқ ҳамсараш Ашурзода Г.Р. худро дар яке аз кошонаи ҳусни ҳудуди шаҳри Душанбе оро дода, бо мақсади ба маркази дулхушӣ рафтан ба ноҳияи Ёвон сафар кардааст. Ӯ шаби 14.10.2021 сол ба ноҳияи Ёвон рафта, дар меҳмонхона ҷойгир шуда, то 15.10.2021 сол муайян кардааст, ки собиқ ҳамсараш Ашӯрзода Г.Р. дар шаҳраки Ёвон дар меҳмонӣ дар хонаи иҷорагирифтаи дугонааш қарор дорад. 16 октябри соли 2021 ӯ аз рӯйи хусумат ва ҳиссиёти рашк бо маслиҳати пешакӣ бо шаҳрванд Нуралиев Комрон бо мақсади қасдан аз ҳаёт маҳрум кардани Ашӯрзода Г.Р., бо табар ва “кислотаи нитрат” (Азотная кислота), ки барои ҳаёт хатарнок буда, метавонад сабаби марги инсон гардад, мусаллаҳ шуда, тахминан соати 21 бо мошини кироя аз шаҳри Душанбе ба ноҳияи Ёвон ҳаракат карда, тахминан соати 22 ба ноҳияи Ёвон расидаанд.

    Ӯ, бо Нуралиев К.Г. ба шаҳраки Ёвон рафта, чароғҳои ошёнаҳои 3 ва 4-и биноеро,  ки манзили иҷорагирифтаи дугонаи Гулбаҳор онҷо буд, кушода гирифтаанд ва барои анҷоми нақшаи ҷиноятиашон торикии шабро мувофиқ дониста, дар ҳавлии он бино дар як камингоҳ мунтазири  омадани Ашӯрзода Г.Р. шудаанд.

   Ӯ, бо Нуралиев К.Г. тахминан соати 23:30, ҳангоми вориди даромадгоҳи бино шудани Ашӯрзода Г.Р. ва дугонааш Абдуллоева М.Н. ба рӯй ва бадани Ашӯрзода кислотаи нитратро мепошад. Аз ин Ашӯрзода Г.Р. роҳи гурезро пеш мегирад. Ризвониён С.С. бо табари дар дасташ буда як зарба ба қисми пушти cap, ду зарба ба миёни Ашурзода Г.Р., ва пас аз афтидан боз як маротиба бо табар ба қисми рӯйи Ашурзода Г.Р. задааст.

  Сипас онҳо боварӣ ҳосил намудаанд, ки Ашӯрзода Г.Р. ба ҳалокат расидааст ва халтаи туҳфаҳои вайро ба маблағи 713 сомонӣ тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

  Гулбаҳор Ашӯрзодаро бо ҷароҳатҳои вазнин дар беморхона бистарӣ карданд ва ӯ бо кумаки табибон тавонист аз марг наҷот биёбад.

Қаблан дар барномаи “Ахбори ВКД”  гуфта шуда буд, ки бо вуҷуди ҷудо шудан, Ризвониён пайваста ҳамсари собиқашро таъқиб мекард. Ҷабрдида Гулбаҳор Ашӯрзода гуфтааст, ки аз дасти ин мард рӯз надошт ва ӯро дар ҳар куҷое, ки пайдо мекард, латтукӯб ва таҳдиди куштан мекард.

Ризвониён баъди пошидани кислота ба сари рӯи Гулбаҳор ва чанд зарбаи табар ба бадани ӯ аз ҷои ҳодиса фирор кард, вале кормандони милиса дар гармогармиаш ин ҷиноятро ошкор ва ин шаҳрванди Эронро дар маркази Душанбе дастгир карданд.

Худи Сайид Ҳусейн Ризвониён дар барномаи “Ахбори ВКД” ҷараёни ҳодисотро чунин нақл кард: “Ду моҳ бо ҳам зиндагӣ кардем. Баъд дугонабозӣ шурӯъ шуду гурехт аз ман, рафт. Рафту ҳар шаб бо Ватсапп бо ман суҳбат мекард.  Хуҷандро гаштам, Қӯрғонтеппаро гаштам… Дугонае, ки бо худаш зиндагӣ мекард, маро занг заду гуфт, ки дар Ёвон аст.  Нисфи шаб омад, ҷангамон шурӯъ шуд, даъво шурӯъ шуд. Дигар ман аз милисаҳо тарсидаму гурехтаму омадам Душанбе, ки милисаҳо омада, маро гирифтанд…”

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button