ВидеоТиб ва беҳдошт/Муҳити зистХабарҳои кӯтоҳ

ДУ РӮЗ БОЗ ДАР ТОҶИКИСТОН ЯГОН ҲОЛАТИ НАВИ КОРОНАВИРУС САБТ НАШУДААСТ

Вазорати тандурустии Тоҷикистон инак ду рӯз паиҳам гузориш медиҳад, ки дар дар ҷумҳурӣ ягон ҳолати нави гирифтории шаҳрвандон ба коронавируси нави  навъи COVID-19 сабт нашудааст. Тайи ду рӯзи охир: 16 ва 17 феврал шумораи нафароне, ки то то шоми 15 феврал  дар Тоҷикистон дар шароити хона ё бемористон аз коронавирус  табобат мегирифтанд, низ бетағйир: 12 нафар боқӣ мондааст.  Аз 21 январ то 15 феврал дар кишвар дар умум  расман 290  ҳолати сирояти  коронавирус сабт шуда, хушбахтона, ягон ҳолати марг аз ин вирус ба қайд гирифта нашудааст.

Бино ба омори расмии вазорат, аз оғози пандемия то шоми 17 феврал шумори умумии гирифторшудагон ба коронавирус дар Тоҷикистон ба 17 ҳазору 385 нафар расида, аз ин шумор  17 ҳазору 249 нафар, ё 99,2% аз ҷамъи сироятшудаҳо шифо ёфтаанд, вале 124 нафар, мутаассифона, фавтидаанд. 

Мунтақидон мегӯянд, шумораи воқеии қурбониёни коронавирус назар ба арқоми расмӣ хеле бештар аст. Ҳанӯз соли 2020 дар шабакаҳои иҷтимоӣ рӯйхатти беш аз 400 шаҳрванди  Тоҷикистон нашр шуда буд, ки гуфта мешуд, ба иллати коронавирус вафот кардаанд. Ҳамин тавр, даҳҳо тан аз зодагони Тоҷикистон дар кишварҳои дигар, асосан дар Русия, қурбони коронавирус шуданд.

Вале сокинон ва табибон низ мегӯянд, дар ин авохир шумораи гирифторони коронавирус хеле коҳиш ёфтааст ва дар бораи вафти сокинон аз ин вирус тақрибан хабаре ба гӯш намерасад.

Мақомоти Тоҷикистон ваксинаро як роҳи аз ҳама муассир ва илман исботшудаи пешгирӣ аз густариши боз ҳам бештари пандемия мешуморанд ва  ҳоло аҳолиро ба гирифтани вояи сеюми ваксина ташвиқ карда истодаанд. Тоҷикистон то имрӯз беш аз 13 миллион вояи ваксинаи зидди коронавирус ба даст овардааст. Ҳамаи ин ваксинаҳо ба Тоҷикистон ба таври ройгон тавассути барномаи КОВАКС дода шудаанд. Ин барномаро Созмони ҷаҳонии тандурустӣ якҷо бо созмонҳои дигари хайрия бо мақсади таъмини дастрасии одилонаи кишварҳои дорою нодор ба ваксинаҳои зидди коронавирус таъсис додааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button