ВидеоФарҳангЧеҳраҳо

ШИРИНКОРИ ШИНОХТА АЛОВУДДИН АБДУЛЛОЗОДА БА ЗИНДАГӢ ПАДРУД ГУФТ (ВИДЕО)

Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон, яке аз ширинкорони маъруфтарини тоҷик Аловуддин Абдуллозода субҳи 17 феврал дар синни 57 аз олам чашм пӯшид. Бино ба иттилои дарёфтӣ, сактаи қалб иллати марги ҳунарманди маъруф шудааст.

Носирҷон Маъмурзода, сардабири нашрияи “Хатлон” марги Аловуддин Абдуллозодаро “чӣ хабари ҷонгудозе”  ва боварнокарданӣ номида, навишт:

Чӣ хабари ҷонгудозе….

Боварам намеояд.

Аловуддин Абдуллозода, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, инсони беназир, дунёи фониро падруд гуфт.

Сад дареғ…

Ҳамин дирӯз ҳамроҳаш суҳбати ширине доштам.

Сиҳату сари кор буданд…

Бино ба иттилои Носирҷон Маъмурзода, намози ҷанозаи Аловуддин Абдуллозода вақти намози аср дар шаҳри Бохтар, кӯчаи Ҷ. Абдуллоев (пушти теппаи Қӯрғон) баргузор мешавад.

Мудири шуъбаи фарҳанги шаҳри Сарбанд, Диловар Ашӯрзода дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, ки ба онҳо ҳам хабари марги ин ҳунарпешаи мумтозро расонидаанд ва ҳоло дар роҳ ба сӯйи хонаи марҳуманд.

“Дирӯз бо телефон суҳбат карда будем. Шикояте надоштанд. Баъзе масъалаҳои кориро суҳбат кардем, аммо ин субҳ хабари маргашро расониданд, ки дар маҷмуъ даргузашти устод талафоти бузург ва ҷуброннопазир барои фарҳанги миллии мо аст”,-  гуфтааст Ашӯрзода.

Тоза дар барномаи солинавии телевизиони “Тоҷикистон” шумори зиёде аз саҳнаҳои нави Аловуддин Абдуллозода аз силсилаи “Шӯхиҳои Аловуддин” намоиш дода шуд ва аксари тамошобинон гуфта буданд, ки дар барномаи ба сурати умум камнури солинавии телевизион аз ангуштшумор чизҳое, ки аз бақия фарқ мекарду ба дилашон роҳ ёфт, якеаш ҳамин “Шӯхиҳои Аловуддин” буд.

Аловуддин Абдуллозода истеъдоде дошт, ки дар саҳнаҳои кӯтоҳ якбора чанд нақш: чӣ нақши марду чӣ зан, чӣ ҷавону чӣ пирро меофарид.  Ӯ ин истеъдоди худро бештар аз ҳама дар силсилаи “Шӯхиҳои Аловиддин” ба намоиш гузоштааст.

Аловуддин Абдуллозода 15 майи соли 1965 дар шаҳри Кӯрғонтеппа (ҳоло Бохтар) ба дунё омада, соли 1989 Донишкадаи давлатии санъати ба номи Мирзо Турсунзодаро хатм кардаааст. Ӯ фаъолияти ҳунариашро дар Театри мусиқӣ-мазҳакаи шаҳри Қурғонтеппа шурӯъ карда, дар ин муассисаи ҳунарӣ ҳамчун ҳунарпеша ва коргардон ҳунарнамоӣ кардааст. Аловуддин Абдуллозода чанд сол мудири театри шаҳри Бохтар ва солҳои ахир мудири раёсати фарҳанги вилояти Хатлон буд.

Ӯ соли 2006 ба унвони Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон  ва соли 2013 ба унвони Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон сазовор шудааст.

Нақшҳое, ки аз Аловуддин Абдуллозода ба ёдгор монданд:

Театр

«Моҷарои имтиҳон», «Антигона», «Табиби зӯракӣ», «Бозиҳои манфиатҷӯёна», «Ҳиллаҳои Аҷузкампир», «Аршин мол-олон», «Лаку Пак», «Шаби гирифтани моҳ», «Давлати Сомониён», «Найрангҳои Скапен», «Масал бигӯ, Эзоп» аз зумраи намоишномаҳоанд, ки номбурда нақши марказӣ бозидааст.

Синамо

Дар филмҳои «Братан», «Падари моҳтобӣ», «Туҳмат», «Чоҳ», «Қиёми рӯз», «Шоҳид» ва «Интихоби ман», филмҳои телевизионии «Дар орзуи падар», «Боғоч», «Фарзандони бегона», «Қарзи виҷдон», силсилафилми «Хуррамдиёр» ва ғайра низ нақшҳои хотирмон офаридааст.

Телевизион

Барномаи махсуси телевизионии «Шӯхиҳои Аловуддин», ки қаҳрамонҳои шӯҳиҳояш аз рӯзгори атрофиён гирифта мешаванд ва аксар муаллиф худаш ҳасту якбора чанд нақшро меофарад, писанди умум гардидааст.

Аловуддин Абдуллоев аз моҳи сентябри 2019 яке аз доварони шоу-барномаи Central Asia Got Talant  буд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button