ВидеоМуҳоҷирон

ҲУНАРПЕШАИ РУС БАРОИ ҚАТЛИ ҶАВОНИ ТОҶИК ҲАМАГӢ ЯК СОЛУ 5 МОҲ ШИШТУ ОЗОД ШУД

Хадамоти муштараки матбуоти додгоҳҳои Санкт-Петербург  дар Телеграм-каналаш хабар дод, ки рӯзи 16 феврали соли 2022 додгоҳи ноҳияи Василеостровскийи шаҳри Петербург  айбномаи ҳунарпешаи 55-солаи зодаи Томск Юрий Яновскийро, ки бар асоси қисми якуми моддаи 150 Кодекси ҷиноятии Русия ба куштори Х., як ҷавони трансгендер аз Тоҷикистон, айбдор мешуд, ба  қисми якуми моддаи 108, яъне берун рафтан аз ҳадди муҳофизат аз худ, иваз карда, Яновскийро ба ҳамагӣ як солу 10 моҳи зиндони низомаш умумӣ маҳкум кардааст. Бо дарназардошти муҳлати дар ҳабс ба сар бурдаи Яновский, додгоҳ ӯро бидуни таъхир дар ҳамон толори додгоҳ аз ҳабс озод кардааст. Яновский иддао дошт, ки гӯё он ҷавон мехост ба ӯ доруи хоб хӯронда, чизу чораашро бидуздад.

 Ба ин тартиб, ин ҳунарпешаи рус барои куштани он ҷавони тоҷик ҳамагӣ як солу 5 моҳ шишт ва ба озодӣ баромад. Он ҷавонро дар байни трансгендерҳои Петербург бо лақаби “Тамара” мешинохтанд. Идораи “Бомдод” ному насаб ва аз куҷо будани он ҷавони кушташударо медонад, вале ба далелҳои ахлоқӣ аз нашраш худдорӣ мекунад.

Хадамоти муштараки матбуоти додгоҳҳои Санкт-Петербург дар шарҳи ин парванда навиштааст:

“Аз соати дувоздаҳи шаби 12 январи соли 2020 то соати ёздаҳи рӯзи 13 январи соли 2020, дар тӯли 11 соат, Яновский дар як манзил дар бинои №60 дар кӯчаи соҳилии Макарови шаҳри Петербург қарор дошта, дар ҳолати мастӣ дар заминаи хусумати шахсӣ ба Х., барқасдона бо истифода аз олати халандаю буранда ба гардани Х. ду зарба ва ба танаш як зарбаи дигар задааст. Дар натиҷа, Х.  дар давраи аз 13 январ то 15 апрели соли 2020 дар ҷои ҳодиса бар асари захми қисмати чапи қафаси синааш ҷон додааст”.

Маълум нест, ки Х. чанд рӯз дар ҳолати захмин дар он манзил, ки апартҳотел будааст, қарор доштааст, вале бино ба маълумоти тафтишот, дар ин байн Яновский аввал аз Петербург ба Томск фирор кардааст ва сипас баргаштааст, то ки изи ҷинояташро нобуд кунад. Ӯ ба ин мақсад ҷасади он ҷавонро реза-реза карда, рӯзи 15 апрели соли 2020 дар берун аз шаҳр дар дарёи Мга ғарқ кардааст.

Пораҳои реза-резаи ҷасадро 15 июни соли 2020 аз дарёи Мга ёфтаанд. Ӯ дар баданаш синаҳои силиконӣ монда будааст ва пулис аз ин ба хулосае омадааст, ки кушташуда трансгендер аст. Тафтишот дар пайи бозпурсии трансгендерҳое, ки дар Петербург танфурӯшӣ мекунанд, зуд маълум кард, ки ҷавони кушташуда аз Тоҷикистон буда, 24 сол дорад ва дар байни трансгендерҳо бо лақаби “Тамара” маълум буд. Ҷустуҷӯи алоқаҳои “Тамара” баъди чанде маълум кард, ки як клиенти доимӣ ва,  охирин клиенти ӯ Юрий Яновский будааст. Яновскийро, ки низ аз ақалиятҳои ҷинсии Петербург буд, 23 сентябри соли 2020 дастгир карданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button