ВидеоТиб ва беҳдошт/Муҳити зистХабарҳои кӯтоҳ

ХАБАРИ ХУШ: ДАР ЯК РӮЗИ ОХИР ДАР ТОҶИКИСТОН ЯГОН ҲОЛАТИ НАВИ КОРОНАВИРУС САБТ НАШУДААСТ

Бино ба иттилои сомонаи махсуси вазорати тандурустии Тоҷикистон, давоми рӯзи 16 феврал дар ҷумҳурӣ ягон ҳолати нави гирифтории шаҳрвандон ба коронавируси нави  навъи COVID-19 сабт нашуда, шумораи нафароне, ки то то шоми 15 феврал  дар Тоҷикистон дар шароити хона ё бемористон аз коронавирус  табобат мегирифтанд, низ бетағйир: 12 нафар боқӣ мондааст.  Аз 21 январ ба ин тараф ин бори аввал аст, ки дар Тоҷикистон давоми як шабонарӯз ягон ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирус сабт намешавад. Як рӯз қабл: 15 феврал дар Тоҷикистон 3 ҳолати нави сирояти коронавирус сабт шуда буд.

Бино ба омори расмии вазорат, аз оғози пандемия то шоми 16 феврал шумори умумии гирифторшудагон ба коронавирус дар Тоҷикистон ба 17 ҳазору 385 нафар расида, аз ин шумор  17 ҳазору 249 нафар, ё 99,2% аз ҷамъи сироятшудаҳо шифо ёфтаанд, вале 124 нафар, мутаассифона, фавтидаанд.  Аз 21 январ ба ин тараф дар кишвар дар умум 290  ҳолати сирояти  коронавирус расман сабт шуда, хушбахтона, ягон ҳолати марг аз ин вирус ба қайд гирифта нашудааст.

Вале мунтақидон мегӯянд, шумораи воқеии қурбониёни коронавирус назар ба арқоми расмӣ хеле бештар аст. Ҳанӯз соли 2020 дар шабакаҳои иҷтимоӣ рӯйхатти беш аз 400 шаҳрванди  Тоҷикистон нашр шуда буд, ки гуфта мешуд, ба иллати коронавирус вафот кардаанд. Ҳамин тавр, даҳҳо тан аз зодагони Тоҷикистон дар кишварҳои дигар, асосан дар Русия, қурбони коронавирус шуданд.

Мақомоти Тоҷикистон ваксинаро як роҳи аз ҳама муассир ва илман исботшудаи пешгирӣ аз густариши боз ҳам бештари пандемия мешуморанд. Ҳафтаи гузашта  дар чорчӯби барномаи КОВАКС, ки Созмони ҷаҳонии тандурустӣ бо мақсади таъмини дастрасии одилонаи кишварҳои дорою нодор ба ваксинаҳои зидди коронавирус таъсис додааст,  ба Тоҷикистон боз 594 ҳазор вояи ваксинаи амрикоии “Модерна” оварданд.  Тоҷикистон соли 2021 тавассути барномаи КОВАКС ба таври ройгон беш аз 12 миллиону 600 ҳазор вояи ваксинаҳои КоронаВак, АстраЗенека, Модерна, Пфайзер ва Спутник ба даст оварда буд. Лозим ба зикр аст, ки Тоҷикистон то кунун ҳамаи ваксинаҳои зидди коронавирусро ба сурати ройгон дарёфт кардааст.

 Бино ба охирин гузориши мақомот, то 6 феврал дар кишвар  наздики 4,6 миллион нафар, ё тақрибан 80 фоизи аҳолии калонсоли Тоҷикистон дастикам як вояи ваксинаи зидди коронавирус гирифтаанд. Мақомоти Тоҷикистон ҳоло аҳолиро ба гирифтани вояи сеюми ваксина ташвиқ карда истодаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button