ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

АМОНАТРО НАМЕБОЯД ХИЁНАТ! ОШКОР ШУДАНИ БОЗ ДУ ҲОЛАТИ ҚАЛЛОБӢ

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз ошкор шудани боз ду ҳолати қаллобӣ хабар дод.

Аз ҷумла ба ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ бо ариза марди 50-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 27-уми январи соли 2022, марди 24-солаи сокини ҳамин ноҳия бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 55 ҳазор сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки бар ивазаш хонаи истиқоматиашро ба номаш ҳуҷҷатгузорӣ карда медиҳад, аммо ваъдаашро то ҳол иҷро накардааст.
Ҳамзамон ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 79-солаи сокини ноҳияи Кӯшониён муроҷиат намудааст, ки охирҳои соли 2014 марди 46-солаи сокини пойтахт бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, барои фурӯши замини наздиҳавлигӣ аз ӯ 10 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, маблағҳои гирифтаашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Оид ба ин ҳолатҳо тафтишот идома дорад.

Вақтҳои охир мақомоти милитсияи Тоҷикистон қариб ҳар рӯз дар бораи ошкор шудани ҳолатҳои нав ба нави қаллобӣ хабар медиҳанд.

Ҷомиашиносон мегӯянд, уфти арзишҳои суннатӣ боиси афзоиши ҳолатҳои фиреб додани якдигар ва хиёнат ба амонат шудааст. Рӯҳониёни тоҷик инро ба заиф шудани имони мардум низ бастагӣ медиҳанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button