ВидеоРӯйдодҳои БадахшонҲуқуқи инсон

АГАР МАРО ҲАБС КУНАНД, ДАЪВО НАМЕКУНАМ… ЗАБОНХАТГИРӢ АЗ СОКИНОНИ ХОРУҒ (АКС)

Зодагони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадашон Бадахшон дар шабакаҳои иҷтимоӣ акси забонхати аҷибулғариберо нашр карданд, ки ба гуфтаи онҳо, мақомот дар Хоруғ сокинонро маҷбур мекунанд, то зери он имзо гузоранд. Бо имзои ин забонхат сокинон уҳдадор мешаванд, ки  дар тазоҳуроту гирдиҳамоиҳои ғайриқонунӣ иштирок накунанд, дар кӯчаҳо дидбонию навбатдорӣ накунанд, аз саркардагон ва аъзои гуруҳҳои муташаккили ҷиноятӣ (манзур лидерҳои ғайрирасмие, чун Боқир) пуштибонӣ накунанд  ва агар даст ба чунин кор бизананд, пас мақомот метавонанд онҳоро бидуни огоҳии иловагӣ якбора ба ҷавобгарии ҷиноятӣ бикашанд. Онҳо ҳамчунин забонхат медиҳанд, ки агар мақомот онҳоро  боздошт кунанд, ягон даъво нахоҳанд кард.

Мақомоти Бадахшон ва Хоруғ забонхатгирӣ аз сокинонро то ҳол шарҳ надодаанд, вале сокинони Хоруғ мегӯянд, аз ҳафтаи гузашта дар кӯчаҳо роҳгузарон ва мошинҳоро манъ карда, аз ронандагону мусофирон ва роҳгузарон талаб мекунанд, ки ба ин забонхат имзо кунанд. Ба гуфтаи сокинон, намояндагон мақомот нусхаҳои ин забонхат дар даст дар Хоруғ идора ба идора низ гашта истодаанд.

Ин маъракаи забонхатгирӣ дар ҳолест, ки бино ба иттилои дарёфтӣ, сокинони Хоруғ бо нигаронии афзоянда чашм ба роҳи шурӯи амалиёт барои боздошти Мамадбоқир Мамадбоқиров (Боқир), яке аз лидерҳои ғайрирасмии Бадахшон мебошанд ва ҳар рӯз даҳҳо нафар ба хотири муҳофизат аз Боқир ва роҳ надодан ба боздошти ӯву ёронаш дар кӯчаҳои атроф маҳаллаи Бархоруғ, маҳаллае, ки Боқир ба сар мебарад, дидбонии шабонарӯзӣ ташкил кардаанд. Боқир ва боз дастикам 6 сокини Бархоруғро мақомот ба ҳамлаву таҳқири намояндагони давлат айбдор мекунанд.

Матни забонхат чунин аст:

“Ман … сокини… дар он хусус забонхат медиҳам, ки иштирокамро дар тазоҳуроти гирдиҳамоиҳои ғайриқонунӣ, истодан дар  дидбонгоҳҳое, ки бар хилофи қонунгузории ҷорӣ гузошта шудааст, муҳофизати ғайриқонунии саркардагону аъзои гуруҳҳои муташаккили ҷиноятӣ ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо, ки тибқи талаботи моддаи 36 Кодекси ҷиноятии ҶТ, яъне шарикӣ дар содир намудани ҷиноят, дар баробари  саркардагон ва аъзои гуруҳҳои муташаккили ҷиноятӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешванд, нисбатам бе огоҳии иловагӣ чораҳои дастгиркунӣ татбиқ мегардад, пешгирӣ мекунам.

Дар сурати содир шудани амалҳои болозикр нисбати ман барои кирдорҳоям ба ҷавобгарии қонунӣ кашида шавам.

Дар ҳолати аз ҷониби ман содир шудани ҷиноят ва дигар кирдорҳои ғайриқонунӣ, боздошт аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ арзу шикоят ва ягон даъво пешниҳод намекунам.

Ному насаб, имзо ва таърихи рӯз.”

Авзоъ дар Бадахшон 25 ноябри соли 2021 дар пайи марги сокини 29солаи деҳаи Тавдеми ноҳияи Роштқалъа Гулбиддин Зиёбеков баъди боздошташ дигарбора ноором шуд. Сокинон бо талаби ба ҷавобгарӣ кашондани гунаҳкорони марги Зиёбеков тобути ӯ дар даст чанд соат дар кӯчаҳои Хоруғ раҳпаймоӣ карда, сипас 4 рӯз дар майдони марказии шаҳр тазоҳурот карданд.  Мардум танҳо баъди ба таҳқиқи марги Зиёбеков розӣ шудани мақомот пароканда шуданд. Вале бо гузашти дуюним моҳ ягон нафар барои ҳалокати ин сокини Роштқалъа боздошт нашудааст.  Барқарор кардани дастрасӣ ба Интернет – ваъдаи дуюми мақомот ба эътирозгарон низ то ҳол иҷро нашудааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button