ВидеоИқтисодМуҳоҷиронЧеҳраҳо

РАҲИМИ ҒАРМӢ КИСТ? РОҲИ ЗИНДАГИИ МИЛЛИОНЕРИ НОМДОРИ ТОҶИК

Журналисти тоҷик Нурмуҳаммад Раҳимӣ, ки ҳоло дар шаҳри Новосибирски Русия қарор дорад, дар як матлаб дар Фейсбук бо номи “Раҳими Ғармӣ кист? Ё чаро бояд даст аз ғайбату тӯҳмати соҳибкорони муваффақ бардошт!” ба роҳи зиндагии Раҳим Бобохонов, маъруф ба Раҳими Ғармӣ, як соҳибкори комёби тоҷик пардохтааст.

Ӯ менависад:

Имрӯзҳо дар саҳифаҳои иҷтимоӣ ҳар лаҳза чашм метавонад ба матлабе бархӯрад, ки Раҳими Ғармӣ кисту чӣ кор кард ва ё чаро чунин карда? Ин навишта низ бештар ба “блогерон”-у “навблогерон” равона карда мешавад ва мухотаби мо аслан ҳамонҳоеанд, ки баъзан хабарҳоро аз саҳифаҳои иҷтимоӣ бо ҷой додани симои худ дар навор қироат мекунанду ҳарчанд ки худ қобилияти дарку фаҳми маънии он навиштаро надоранд, даст ба ғайбату тӯҳмати шахсони муваффақ мезананд. Мақсад маълум аст, танҳо мехоҳанд бо ҳар фурсати пешомада нисбати дилхоҳ мавзӯи рӯз хештаннамоӣ кунанд, новобаста аз оне ки ин амалашон оқибати хуб дорад ва ё бад?

Ё шояд онҳо намедонанд, ки онеро ки дар байни мардум хоса муҳоҷирон бо корҳои хайраш маҳбубият пайдо кардаву маъруф гаштааст, наметавон бо суханеву наворе сиёҳ кард!

Дар даҳаи аввали соли 2000 замоне ки Раҳими Ғармӣ мағозаи маъруф ба номи “Дом одежда” -ро дар ноҳияи Дзержинскийи шаҳри Новосибирск харидорӣ кард, аксар тоҷикон аз ин амали ӯ ҳайратзада буданд. Зеро то ин замон аксар тоҷикон дар бозори маъруфи яклухтфуруши маъруф ба “Барахолка” – и Гусинобродский , баъдан Маҷмааи савдои “Восток” кор меҷустанду манбаи даромадро аз ин макон мепиндоштанд. Баъзеҳо ҳадс мезаданд ки Раҳим беҳуда дар ин кор маблағгузорӣ кардаасту муфлисшавии ӯ мисоли рӯз равшан аст. Он замон ҳар касе ки дар ин бозор зиёдтар нуқтаҳои фурӯш дар ихтиёр дошт, ҳамонро пулдору муваффақ мепиндоштанд. Боқимонда тоҷикон қариб ки аксарият дар ин бозор ба аробакашӣ машғул буданд!

Аммо Раҳими Ғармӣ на ин ки муфлис нашуд, балки баръакс таваҷҷӯҳи мардум ва харидорон ба чунин мағозаҳои фурӯши либос бештар гардиду сафи мағозаҳояш афзудан гирифт. Ҳамин тавр дар як муддати кӯтоҳ шумораи мағозаҳои либосфурушӣ бо номи “Планета одежды и обуви” ( Олами либосу пойафзол) дар саросари вилояти Новосибирск ва дигар шаҳрҳои атрофи он афзудан гирифт.

Сараввал чанд нафаре ки бо Раҳими Ғармӣ робитаи наздик доштанду баъзеи дигар ҳамкор ва ё дар зери дасти ӯ кор мекарданд ва баъдан ҳатто баъзе нафароне ки дар маҷмааи савдои Восток борҳои мағозаҳои ӯро ҷамъоварӣ мекарданд ва дигар тоҷикон низ дар пайравӣ ба ӯ дар дигар минтақаҳо бо чунин ном мағоза ифтитоҳ намуданд. Раҳими Ғармӣ ба мисли дигар ҳамватанони мо на ин ки ба кори онҳо монеъ нашуд, балки ба баъзе аз онҳо роҳнамоӣ низ кард. Ба ҷои ӯ дигар кас мешуд, ҳатман ки ба ин кор монеъ мешуд ва барои кушодани чунин мағоза иҷозат намедод!!!

Тарзи дурусти корбарӣ, пешниҳоди маҳсулоти фурухташаванда ва фароҳам овардани шароити хуби интихоб барои харидорон боис гардид, ки на танҳо ӯ балки дигар шахсони ба ӯ пайравӣ карда низ дар ин самт муваффақ шаванд.

Дигар шумораи тоҷикони аробакаш кам шудан гирифту сафи соҳибкорони тоҷик ва мағозаҳои тоҷикон афзудан гирифт. Дар ин мағозаҳо кунун мутаносибан аз 3 то 5 нафар тоҷик ва персонажи боқимонда русҳо бо ҷои кори хуб таъминанду номи тоҷик аз тоҷики аробакаш нест шудан дорад. Шумораи чунин мағозаҳо дигар бешумор аст, ки аксаран ба тоҷикон тааллуқ дорад. Тоҷикон дар ин кор ҳатто намояндагони дигар миллатҳо аз қабили язиду курдҳоро танг карданд.

Ҳарчанд ҳолатҳое ҷой дорад, ки баъзе соҳибмулкони чунин мағозаҳо бо ҳамтоёни тоҷики худ дар мавриди рақобат даст ба гиребон мешаванду душманӣ мекунанд ва гоҳе ҳатто ба оташ задани мағозаҳои рақибонаш даст мезаданд, Раҳими Ғармӣ аз ин ҳолат истисност.

Яъне гуфтан мумкин аст, ки саҳми Раҳими Ғармӣ дар самти боло бурдани мақому обрӯи муҳоҷирони тоҷик дар Русия баландтар аз саҳми як мақомдор аст!!!

Кумакаш ба муҳтоҷону фақирон низ бештар аст. Бешубҳа имрӯз ӯ яке аз соҳибкорони муваффақи Русия ва Тоҷикистон ҳаст. Саҳмаш дар корҳои ободониву хайр низ кам нест. Оне ки имрӯз ин соҳибкор тарабхонаи маъруфи “Бурак”-ро дар Тоҷикистон ифтитоҳ кард, ба ин кор набояд аз нигоҳи ҳасуду бахилӣ баҳо диҳем! Мутаассифона баъзе навиштаҳои чанд рӯзи охир дар саҳифаҳои иҷтимоӣ ба чунин мазмунанд! Ӯ соҳибкор аст ва хубтару беҳтар аз мо медонад, ки дар кадом самт маблағгузорӣ кунад.

Аммо афсӯс ки дар хуни мо точикон аст, ки ҳар касеро ки агар дар коре муваффақ шуд, ҳатман ба ӯ ҳасуд мебарему мекӯшем то ба пояш теша занем, ба номаш тӯҳмат кунем!

Мо бошем умед дорем, ки сафи чунин соҳибкорон зиёд гардад, то ба муҳоҷирон раҳнамун бошанду дар лаҳзаҳои зарурӣ дастгир!

Ин нигоҳи шахсии ман аст, ки ба нигоҳи ҳазорону бештар аз он муҳоҷирони муқими Русия, аз ҷумла шаҳрҳои Новосибирск ва ё  ҳавзаи Сибир рост меояд. Ман шахсан бо Раҳими Ғармӣ шинос нестам ва боре ҳам ҳамсӯҳбат нашудаам ва ин навиштаам низ холисона аст! Ва Худо кунад ки сафи чунин шахсони муваффақ бештар гардад! Боқӣ Худо ҳофиз!

Нурмуҳаммад Раҳимӣ

Новосибирск

Журналисти тоҷик Нурмуҳаммад Раҳимӣ, ки ҳоло дар шаҳри Новосибирски Русия қарор дорад, дар як матлаб дар Фейсбук бо номи “Раҳими Ғармӣ кист? Ё чаро бояд даст аз ғайбату тӯҳмати соҳибкорони муваффақ бардошт!” ба роҳи зиндагии Раҳим Бобохонов, маъруф ба Раҳими Ғармӣ, як соҳибкори комёби тоҷик пардохтааст.

Ӯ менависад:

Имрӯзҳо дар саҳифаҳои иҷтимоӣ ҳар лаҳза чашм метавонад ба матлабе бархӯрад, ки Раҳими Ғармӣ кисту чӣ кор кард ва ё чаро чунин карда? Ин навишта низ бештар ба “блогерон”-у “навблогерон” равона карда мешавад ва мухотаби мо аслан ҳамонҳоеанд, ки баъзан хабарҳоро аз саҳифаҳои иҷтимоӣ бо ҷой додани симои худ дар навор қироат мекунанду ҳарчанд ки худ қобилияти дарку фаҳми маънии он навиштаро надоранд, даст ба ғайбату тӯҳмати шахсони муваффақ мезананд. Мақсад маълум аст, танҳо мехоҳанд бо ҳар фурсати пешомада нисбати дилхоҳ мавзӯи рӯз хештаннамоӣ кунанд, новобаста аз оне ки ин амалашон оқибати хуб дорад ва ё бад?

Ё шояд онҳо намедонанд, ки онеро ки дар байни мардум хоса муҳоҷирон бо корҳои хайраш маҳбубият пайдо кардаву маъруф гаштааст, наметавон бо суханеву наворе сиёҳ кард!

Дар даҳаи аввали соли 2000 замоне ки Раҳими Ғармӣ мағозаи маъруф ба номи “Дом одежда” -ро дар ноҳияи Дзержинскийи шаҳри Новосибирск харидорӣ кард, аксар тоҷикон аз ин амали ӯ ҳайратзада буданд. Зеро то ин замон аксар тоҷикон дар бозори маъруфи яклухтфуруши маъруф ба “Барахолка” – и Гусинобродский , баъдан Маҷмааи савдои “Восток” кор меҷустанду манбаи даромадро аз ин макон мепиндоштанд. Баъзеҳо ҳадс мезаданд ки Раҳим беҳуда дар ин кор маблағгузорӣ кардаасту муфлисшавии ӯ мисоли рӯз равшан аст. Он замон ҳар касе ки дар ин бозор зиёдтар нуқтаҳои фурӯш дар ихтиёр дошт, ҳамонро пулдору муваффақ мепиндоштанд. Боқимонда тоҷикон қариб ки аксарият дар ин бозор ба аробакашӣ машғул буданд!

Аммо Раҳими Ғармӣ на ин ки муфлис нашуд, балки баръакс таваҷҷӯҳи мардум ва харидорон ба чунин мағозаҳои фурӯши либос бештар гардиду сафи мағозаҳояш афзудан гирифт. Ҳамин тавр дар як муддати кӯтоҳ шумораи мағозаҳои либосфурушӣ бо номи “Планета одежда и обувь” ( Олами либосу пойафзол) дар саросари вилояти Новосибирск ва дигар шаҳрҳои атрофи он афзудан гирифт.

Сараввал чанд нафаре ки бо Раҳими Ғармӣ робитаи наздик доштанду баъзеи дигар ҳамкор ва ё дар зери дасти ӯ кор мекарданд ва баъдан ҳатто баъзе нафароне ки дар маҷмааи савдои Восток борҳои мағозаҳои ӯро ҷамъоварӣ мекарданд ва дигар тоҷикон низ дар пайравӣ ба ӯ дар дигар минтақаҳо бо чунин ном мағоза ифтитоҳ намуданд. Раҳими Ғармӣ ба мисли дигар ҳамватанони мо на ин ки ба кори онҳо монеъ нашуд, балки ба баъзе аз онҳо роҳнамоӣ низ кард. Ба ҷои ӯ дигар кас мешуд, ҳатман ки ба ин кор монеъ мешуд ва барои кушодани чунин мағоза иҷозат намедод!!!

Тарзи дурусти корбарӣ, пешниҳоди маҳсулоти фурухташаванда ва фароҳам овардани шароити хуби интихоб барои харидорон боис гардид, ки на танҳо ӯ балки дигар шахсони ба ӯ пайравӣ карда низ дар ин самт муваффақ шаванд.

Дигар шумораи тоҷикони аробакаш кам шудан гирифту сафи соҳибкорони тоҷик ва мағозаҳои тоҷикон афзудан гирифт. Дар ин мағозаҳо кунун мутаносибан аз 3 то 5 нафар тоҷик ва персонажи боқимонда русҳо бо ҷои кори хуб таъминанду номи тоҷик аз тоҷики аробакаш нест шудан дорад. Шумораи чунин мағозаҳо дигар бешумор аст, ки аксаран ба тоҷикон тааллуқ дорад. Тоҷикон дар ин кор ҳатто намояндагони дигар миллатҳо аз қабили язиду курдҳоро танг карданд.

Ҳарчанд ҳолатҳое ҷой дорад, ки баъзе соҳибмулкони чунин мағозаҳо бо ҳамтоёни тоҷики худ дар мавриди рақобат даст ба гиребон мешаванду душманӣ мекунанд ва гоҳе ҳатто ба оташ задани мағозаҳои рақибонаш даст мезаданд, Раҳими Ғармӣ аз ин ҳолат истисност.

Яъне гуфтан мумкин аст, ки саҳми Раҳими Ғармӣ дар самти боло бурдани мақому обрӯи муҳоҷирони тоҷик дар Русия баландтар аз саҳми як мақомдор аст!!!

Кумакаш ба муҳтоҷону фақирон низ бештар аст. Бешубҳа имрӯз ӯ яке аз соҳибкорони муваффақи Русия ва Тоҷикистон ҳаст. Саҳмаш дар корҳои ободониву хайр низ кам нест. Оне ки имрӯз ин соҳибкор тарабхонаи маъруфи “Бурак”-ро дар Тоҷикистон ифтитоҳ кард, ба ин кор набояд аз нигоҳи ҳасуду бахилӣ баҳо диҳем! Мутаассифона баъзе навиштаҳои чанд рӯзи охир дар саҳифаҳои иҷтимоӣ ба чунин мазмунанд! Ӯ соҳибкор аст ва хубтару беҳтар аз мо медонад, ки дар кадом самт маблағгузорӣ кунад.

Аммо афсӯс ки дар хуни мо точикон аст, ки ҳар касеро ки агар дар коре муваффақ шуд, ҳатман ба ӯ ҳасуд мебарему мекӯшем то ба пояш теша занем, ба номаш тӯҳмат кунем!

Мо бошем умед дорем, ки сафи чунин соҳибкорон зиёд гардад, то ба муҳоҷирон раҳнамун бошанду дар лаҳзаҳои зарурӣ дастгир!

Ин нигоҳи шахсии ман аст, ки ба нигоҳи ҳазорону бештар аз он муҳоҷирони муқими Русия, аз ҷумла шаҳрҳои Новосибирск ва ё  ҳавзаи Сибир рост меояд. Ман шахсан бо Раҳими Ғармӣ шинос нестам ва боре ҳам ҳамсӯҳбат нашудаам ва ин навиштаам низ холисона аст! Ва Худо кунад ки сафи чунин шахсони муваффақ бештар гардад! Боқӣ Худо ҳофиз!

Нурмуҳаммад Раҳимӣ

Новосибирск

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Ана ин мардонагист,бо ақли Худодод ва ва дониши мукаммал ва дилу нияти соф ба кор сар кунед Иншоллоҳ ба комёбиҳо ноил мегардед.
    Ба ҳар коре,ки ҳиммат баста гардад.
    Агар хоре бувад гулдаста гардад.

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button