ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

ҲАЛОКАТИ ЗАНИ КӮЧАРӮБ ДАР ЗЕРИ ЧАРХИ МОШИН: СЕ ФАРЗАНДИ Ӯ ЯТИМ МОНД…

Маркази матбуоти РВКД шаҳри Душанбе  хабар дод, ки субҳи 15 феврал, тахминан соати 09.35, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Вектра», рақами қайди давлатиаш 0977НА08, Сияров Фатҳуддин Абдулович, соли таваллудаш 01.12.1985, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Нуробод, ҷамоати Хумдон, деҳаи Ҳ.Шерозӣ ҳангоми ҳаракат бо кӯчаи Нусратулло Махсум, аз самти кӯчаи Сино ба самти кӯчаи Бобоҷон Ғафурови пойтахт, бо сабаби баланд будани суръати ҳаракат аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дар рӯ ба рӯи мағозаи “Гулдаста” пиёдагард Мамадова Савринисо Исоевна, санаи таваллудаш 06.07.1967, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, корманди Муассисаи истифодабарии роҳҳои ноҳияи Синоро, ки роҳро тавассути гузаргоҳи танзимнашавандаи роҳи пиёдагузар (пешеход) убур менамуд, пахш намудааст.
 Дар натиҷа, пиёдагард – зани 55- сола ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, баъди ба Беморхона дастрас намудан, ба ҳалокат расидааст. Вобаста ба ҳолати кор нисбати ронанда Сияров Фатҳуддин тибқи талаботи моддаи 212 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.

 “Бо рух додани ин фоҷиаи талхи зиндагӣ се фарзанди модари заҳматталаб, ки шабу рӯз дар паи тозаву озода нигоҳ доштани кӯчаву роҳҳо меҳнат мекашид, ятим гузошта шуда, дарду доғи бемодарӣ рӯзгори онҳоро абадан тира намудааст. Таҳлилҳои мақомот нишон медиҳанд, ки аксар вақт нодида гирифтани аломатҳои танзимкунандаи роҳ аз ҷониби ронандагон, аз ҷумла аз меъёр зиёд намудани суръати ҳаракат боиси садамаҳои нақлиётии ҳалокатовар мегардад. Чуноне, ки аз наворҳои мушоҳидавии гирду атрофи ҳодисаи мазкур низ дида мешавад, дар ин садама ронанда бар замми баланд намудани суръати ҳаракат дар маҳалли аҳолинишин дидаву дониста дар рӯи гузаргоҳи танзимнашаванда ба пиёдагардон роҳ надода, бо пахши як нафар пиёдагард риштаи умри занро аз ҳаёт маҷбуран канда намудааст”, – гуфта мешавад дар иттилоия.

Милитсияи Душанбе ахиран хабар дод, ки дар тӯли соли 2021 дар кӯчаю роҳҳои пойтахти кишвар  дар 242 садамаи нақлиётӣ 33 нафар ҳалок гардида, 254 нафари дигар ҷароҳатҳои гуногун бардоштаанд. РВКД Душанбе гуфт, ҳарчанд ин омор дар муқоиса бо минтақаҳои дигари кишвар камтар аст, вале тасмим гирифта шуд, ки бо мақсади танзими ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар кӯчаю хиёбон ва роҳҳои нақлиётгарди ҳудуди шаҳри Душанбе ва баланд бардоштани интизоми иштирокчиёни ҳаракат дар роҳҳо соли 2022 барои мақомоти милитсияи пойтахт «Соли танзим ва риояи Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ» эълон карда шавад.

Ҳамзамон маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки шаби 15-уми феврал, тахминан соати 03:30, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Зефира», Раҳматуллоев Абдурашид Ҳакимович, соли таваллудаш 1970, сокини ноҳияи Б.Ғафуров, ҳангоми ҳаракат дар роҳи нақлиётгарди ноҳияи зикргардида аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба канори рости роҳ баромада, чаппа шудааст. Дар натиҷа, худи ронанда Раҳматуллоев А.Ҳ. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Як рӯз пеш, маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки субҳи 14-уми феврали соли 2022, тахминан соати 06:50-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Дулан-Шакман”, Аюбов Дилшод Мирзокаримович, соли таваллудаш 1980, сокини ноҳияи Деваштич, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Ваҳдат ба самти ноҳияи Ёвон, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромадааст. Дар натиҷа, мошини боркаш чаппа шудааст. Бар асари ин садама, худи ронанда, Аюбов Д.М. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Бино ба омори расмии ВКД Тоҷикистон, соли 2021 бар асари 1102 садамаи нақлиётӣ  дар роҳҳои ин кишвар 395 нафар ба ҳалокат расида, 1 218 нафар ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштаанд. Суръати баланди ҳаракат ва риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ҳамчунин роҳҳову мошинҳои фарсуда аз иллатҳои умдаи садамаҳо, аз ҷумла садамаҳои марговар дар роҳҳои Тоҷикистон ном бурда мешаванд.

Вақтҳои охир истифодаи телефонҳои мобил ва дигар васоили электронӣ ҳангоми рондани мошин ба як омили дигари садамазо табдил ёфтааст.

Дар фасли зимистон хатари садамаҳо дар роҳҳо боз ҳам бештар мешавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button