ВидеоДин ва боварҳо

МУСОДИРАИ 13 ТОННА “ҚУРЪОН” ДАР ГУЗАРГОҲИ ПАНҶИ ПОЁН

Мақомоти гумрук дар вилояти Хатлон авоили соли ҷорӣ 13 тонна китоби “Қуръон”-ро мусодира кардаанд. Радиои Озодӣ  аз қавли масъулин хабар дод, ки ин китобҳо аз Афғонистон тариқи гузаргоҳи “Панҷи поён” ворид шуда, барои “бехатарӣ” мусодира шудаанд ва бояд акнун Кумитаи дини Тоҷикистон ин китобҳоро аз ташхис гузаронида, хулосаашоро пешниҳод намояд. Ин китобҳо дар ҳоли ҳозир дар шаҳри Бохтар нигаҳ дошта мешаванд.

Ба иттилои манбаи Озодӣ, ин китобҳо бар асоси эъломияи гумрукӣ, яъне расман ба қаламрави Тоҷикистон ворид карда шудаанд ва онҳоро “ба хотири санҷиши муҳтавояшон” мусодира кардаанд. Номи соҳибкоре, ки ин китобҳоро ба Тоҷикистон ворид кардааст ба мақомот маълум аст, аммо онҳо аз ифшои исми ӯ худдорӣ мекунанд.

Дар Раёсати гумруки вилояти Хатлон гуфтаанд, ки дар ҳоли ҳозир интизори иҷозаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ  ҳастанд ва дар сурати мамнӯъ дониста шудани ин китобҳо, соҳибкорон онҳоро ба Афғонистон пас мегардонанд.

Мақомот шумораи китобҳоро эълон накарданд. Аммо ба гуфтаи масъулини Раёсати гумруки Хатлон, ин китобҳо, ки тарҷумаи “Қуръон” аз арабӣ ба чанд забон будааст,  бо як мошини боркаш ба Тоҷикистон оварда шуда, ҳар як китоб 2,5 кило вазн дорад.  Ба ин тартиб, агар вазни умумии бор 13 тонна бошад, пас шумораи “Қуръон”-ҳои дар Панҷи поён мусодирашуда беш аз 5 ҳазор ададро ташкил мекунад.

Дар Раёсати гумруки вилояти Хатлон ба хабарнигорон ҳамчунин гуфтанд, ки соли 2021 тавассути гузаргоҳи “Кокул”-и Фархор 27 ҳазор нусхаи “Қуръон” ба Тоҷикистон оварда шуда буд, ки онҳоро ба Афғонистон бозпас гардонданд. Мақомоти гумрук мегӯянд, шояд ин китобҳое, ки дар аввали соли 2022 ворид шуданд, ҳамон китобҳоест, ки соли гузашта пас гардонида шуданд.

Дар Тоҷикистон воридоти адабиёти мазҳабӣ аз хориҷ таҳти контроли шадиди давлат қарор дошта, чунин китобҳо танҳо дар сурати ташхиси мусбати Кумитаи дин ба муомилот бароварда мешаванд. Мақомот мубориза бо ифротгароӣ ва пешгирӣ аз эҳтимоли ба кишвар даровардани адабиёти ифротиро ҳадафи чунин чораҳои шадид меноманд. Вале созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ин иқдоми мақомоти Тоҷикистонро боз як қадами дигар дар роҳи маҳдуд кардани озодиҳои мазҳабӣ ва дастрасии мардум ба адабиёти динӣ қаламдод карда, ба боди интиқод мекашанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button