ВидеоДин ва боварҳоНуқтаи назар

ҶАВОНЕ, КИ БА АБДУҚОДИР ТАЛБАКОВ ҲАМЛА КАРД, 15 РӮЗ ҲАБС ШУД (ВИДЕО)

Маркази матбуоти РВКД шаҳри Душанбе нимаи дуюми рӯзи 15 феврал хабар дод, ки нафареро, ки рӯзи 14 феврал ба “як нафар сокини шаҳри Душанбе”  ҳамла карда буд, бо қарори додгоҳ бо ҷурми майдаавбошӣ ба 15 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ маҳкум кардаанд. Милитсияи Душанбе номи ҷабрдидаро наовардааст, вале шоми 14 феврал дар пойтахт Абдуқодир Талбаков, журналист ва мудири Китобхонаи шаҳрии ба номи Лоҳутӣ ҳадафи ҳамла қарор гирифта буд.

Маркази матбуоти милитсияи Душанбе дар иттилоияаш навиштааст:

“Санаи 14 феврал, тахминан соатҳои 17.30 дақиқа як нафар сокини шаҳри Душанбе дар саҳифаи иҷтимоии Фейсбук бо нашри акси ҷавони тахминан 20-25 сола иттилоъ дод, ки як нафар ҷавони ношинос ба наздаш омада, ӯро мавриди таҳқир қарор ва баъди таҳдиди куштан намудан, аз ҷои ҳодиса ғайб задааст.
   Вобаста ба санҷиши хабари мазкур кормандони ботаҷрибаи милитсияи шаҳри Душанбе сафарбар карда шуда, баъди як соати ҳодиса нафари гумонбарро дастгир ва ба мақомоти милитсия дастрас намуданд.
  Дар натиҷа муайян карда шуд, ки нафари дастгиргардида шаҳрванд Исмоилов Туғён Фаррухович, санаи таваллудаш 14.01.1997, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Фархор, ҷамоати деҳоти Ғайрат, деҳаи Деҳқонобод буда, муваққатан дар ҳудуди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе истиқомат дорад. Бо назардошти ҳолати мазкур нисбати дастгиршуда Исмоилов Туғён Фаррухович тибқи талаботи моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуда, нисбаташ бо Қарори Суд ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 15 шабонаруз таъин карда шуд.
   Айни ҳол санҷиш ҷиҳати муайян намудани доираву алоқа ва даст доштани дастгиршуда Исмоилов Туғён бо дигар ҷиноятҳо идома дорад.”

Абдуқодир Талбаков, мудири Китобхонаи шаҳрии ба номи Лоҳутӣ, ки бо баҳсҳои тундаш пиромуни масоили гуногун дар шабакаҳои иҷтимоӣ ном баровардааст, пештар ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” гуфт, шоми 14 феврал дар назди фурӯшгоҳи “Марва” дар маҳаллаи Зарафшони шаҳри Душанбе як ҷавон ба вай ҳамла оварда,  таҳдидаш кардааст. “Ту, зардуштии ҳаром, ба риши домуллои мо чӣ кор дорӣ? Хонаатро медонем, дар ду рӯзи наздик коре мекунем, ки ба зону мезанӣ дар пеши мо!” – гуфтааст вай хитоб ба Талбаков.

Аммо вақте ки баҳсу харшаха авҷ гирифту Абдуқодир Талбаков телефонашро баровард, ки акси ҳамлагарро бигирад, ӯ рӯ ба фирор овард. Бо ин вуҷуд, ба Талбаков муяссар шудааст, ки ҳамлагаррро ҳангоми фирораш аз ҷои ҳодиса аз пушт сурат бигирад. Мақомоти ШВКД №2 ноҳияи Синои пойтахт бар асоси ҳамин акс алакай соате баъд он ҳамлагарро пайдо ва дастгир кардаанд. Ба гуфтаи Абдуқодир Талбаков, ӯ худро аз муридони Домулло Абдураҳими Қазоқонӣ ном бурдааст.  Ин  рӯҳонии шинохта дар гузашта бо Талбаков дар Интернет вориди баҳсҳои тунд шуда буд.

 “Вақте боздошташ карданд, мункир шуд, зориву илтиҷо ва ҳатто оби дида карду гуфт, ки гумроҳам карданд”, – нақл кард Абдуқодир Талбаков дар суҳбат бо “Бомдод”. Назари ҷавони дастгиршуда  дастрас нест.

Абдуқодир Талбаков соли гузашта баъди он ки Домулло Абдураҳими Қазоқонӣ дар мавъизааш нисбат ба Зардушт ҳарфҳои дурушт зад, ба ӯ ҷавоб дод ва аз ҷумла гуфт, “ҳар калтариш, ё ҷорӯбриш, ё тоқарише Зардуштро ҳақорат медиҳад, ба судаш медиҳам”.  Домулло Абдураҳим дар ҷавоб Абдуқодир Талбаковро дар Ютуб бо як лаҳни дурушт ҳомии Зардушт  номид. Абдуқодир Талбаков мегӯяд, баъди он мавъизаи Домулло Абдураҳим мавриди маъракаи бадгӯиву ҳамлаҳои лафзии муридони ин рӯҳонӣ қарор гирифтааст.

Абдуқодир Талбаков дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар мавзӯъҳои мухталифи ҳам иҷтимоию ҳам сиёсӣ ва ҳам мазҳабӣ изҳори назар мекунад.Ӯ бисёре аз рӯҳониёни тоҷик, аз ҷумла рӯҳониёни шинохтаро ба хурофотпарастию дунёпарастӣ ва вопасгароӣ айбдор мекунад ва Зардуштро Паёмбари бархоста аз миёни эронитаборон номида, аз ӯ гарм ҳимоят мекунад.

Назарҳо ба баҳсҳои Талбаков дар шабакаҳои иҷтимоӣ яксон нест. Ӯро барои ҷасораташ дар матраҳ кардани мушкилоти доғи иҷтимоӣ тавсиф мекунанд, вале на ҳама бо мавқеъгириҳои ӯ дар масоили мазҳабӣ мувофиқанд. Як гуруҳ дар ин бобат ба Талабаков офарин мехонанд, ки нотарсида, бо “фанатикҳо” сарбасар мешавад, вале гуруҳи дигар мазамматаш мекунанд, ки ӯ дониста ё нодониста рӯи муқаддасоти динии мардум пой мегузорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button