ВидеоМуҳоҷирон

ИХРОҶИ 7 МУҲОҶИР, АЗ ҶУМЛА ЯК ТОҶИК АЗ ВИЛОЯТИ КАЛУГАИ РУСИЯ (АКС+ВИДЕО)

Хадамоти матбуоти раёсати приставҳои вилояти Калугаи Русия рӯзи 15 феврал хабар дод, ки ахиран қарорҳои додгоҳҳои маҳаллӣ дар бораи аз қаламрави Русия берун кардани 7 муҳоҷири хориҷиро иҷро кардаанд.

Артём Залогин, сухангӯи ин идора ба журналистон гуфт:  “Ин яке аз аввалин ихроҷҳо дар соли ҷорӣ буд. 5 шаҳрванди Ӯзбекистон, як шаҳрванди Озарбойҷон ва як шаҳрванди Тоҷикистонро приставҳо ба фурудгоҳи Домодедовои шаҳри Маскав бурда, дар онҷо савори ҳавопаймоҳое карданд, ки онҳоро ба кишварҳои зодгоҳашон бурданд. Онҳо  барои 5 сол аз ҳаққи вуруд ба қаламрави Русия маҳрум карда шудаанд”.

Артём Залогин гуфт, аз қаламрави Русия берун кардани муҳоҷирони хориҷие, ки додгоҳҳо дар мавриди ихроҷи онҳо қарор қабул кардаанд, аз ҷумлаи масъулиятҳои приставҳост.

“Маъмулан додгоҳҳо хориҷиёнро барои вайрон кардани қоидаҳои будубош ё фаъолияти кории ғайриқонунӣ  дар ҳудуди Русия аз кишвар ихроҷ мекунанд. То рӯзи берун карданашон чунин музоҷиронро дар боздоштгоҳи махсус нигоҳ медоранд”, – гуфт Артём Залогин.

Хабари ихроҷи муҳоҷирони тоҷику ӯзбек дар ҳолест, ки тоза моҳи сентябри соли 2021 мақомоти Русия 270 ҳазор муҳоҷир аз Тоҷикистону Ӯзбекистонро афв карда, ба вуруди дубораи онҳо иҷозат доданд. 120 ҳазор нафари афвшуда шаҳрвандони Тоҷикистон буданд. Онҳое мавриди афв қарор гирифтанд, ки барои ягон қонуншикании хурд ба рӯйхатти сиёҳи Русия афтода буданд. Ин афв онҳоеро, ки бо ҳукми додгоҳ аз Русия ихроҷ шудаанд, фаро намегирифт.

Губернатори вилояти Калуга Владислав Шапша  бо сиёсати ошкоро зидди муҳоҷирон ном баровардааст. Ӯ рӯзи 11 феврал дар пайи боздид аз Маркази ягонаи муҳоҷирон аз он изҳори хашм кард, ки дар инҷо ба муҳоҷироне, ки ба забони русӣ ягон калима намедонанд, патент медиҳанд. Баъди боздид аз Маркази муҳоҷирон Шапша фармон баровард, ки муҳоҷиронро дигар дар соҳаҳои савдо, ошхонаву тарабхонаҳо, нақлиёти ҷамъиятӣ ба кор нагиранд.

Губернатори Калуга ҳамчунин эълон кард, ки вилояти Калуга аз барномаи “Переселение” мебарояд. “Ин зодагони Осиёи Марказиро аз имконияти бо роҳи осон ба даст овардани шаҳрвандӣ маҳрум хоҳад кард”, – таъкид кард Шапша.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button