ДУЗДИИ АСП, ҒОРАТИ “АЙФОН” ВА АЗ ХУД КАРДАНИ МОШИН БО БАҲОНАИ БЕМОРИИ МОДАР

Сокини 21-солаи ноҳияи Кӯшониён ба он гумонбар мешавад, ки шаби Соли нав аз заминҳои деҳқонии марди 46-солаи сокини ҳамин ноҳия як сар аспашро дуздидааст.
ххххххххх
Ҷавони 22-солаи сокини шаҳри Душанбе, ки пеш барои ғоратгарӣ суд шудааст, ва рафиқонаш “Шаҳбоз” ва “Фирдавс” ба он айбдор мешаванд, ки субҳи барвақти 13 феврал, соати 04:30 марди 25-солаи сокини пойтахтро дар даромадгоҳи бинои истиқоматиаш лату кӯб намуда, бо зӯрӣ телефони тамғаи «Айфон-11-Про», арзишаш 10 ҳазор сомониро аз дасташ кашида гирифтаанд.
ххххххххххххххх
Сокини 31-солаи шаҳри Бӯстон ба он гумонбар мешавад, ки ҳанӯз 22-юми феврали соли 2021 бо роҳи фиреб ба боварии ҷавони 26-солаи сокини Бӯстон даромада, мошини ӯро, тамғааш «Опел-Астра» бо баҳонаи модараш дар шаҳри Душанбе бемор будан гирифта, то ҳол барнагардондааст.
Аз навори хабарҳои рӯзи 15 феврали маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон
Ошкор гардидани ҷинояти аспдуздӣ

Ба ШВКД дар ноҳияи Кӯшониён бо ариза марди 46-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки шаби 1-уми январи соли 2022, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз заминҳои хоҷагии деҳқониаш 1-адад аспашро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 11 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 21-солаи сокини ҳамин ноҳия ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Вобаста ба ин ҳолат тафтишот идома дорад.
Содир гардидани ғоратгарӣ аз ҷониби ҷавонон

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 25-солаи сокини пойтахт муроҷиат намудааст, ки 13-уми феврали соли 2022, тахминан соати 04:30-дақиқа, дар даромадгоҳи бинои истиқоматиш шахсони номаълум ӯро лату кӯб намуда, бо роҳи ошкоро аз дасташ 1-адад телефони мобилии тамғаи «Айфон-11-Про», ки арзишаш 10 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 22-солаи сокини шаҳри Душанбе, ки пеш бо моддаи 248 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст ва рафиқонаш, “Шаҳбоз” ва “Фирдавс” ном шахсон ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти мазкур дастгир карда шуданд.
Оид ба ин ҳолат тафтишот идома дорад.
Бо роҳи қаллобӣ соҳиб гардидани воситаи нақлиёт

Аз тарафи кормандони ШВКД дар шаҳри Бӯстон нисбати марди 31-солаи сокини шаҳри зикргардида парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шудааст.
Номбурда, 22-юми феврали соли 2021 бо роҳи фиреб ба боварии ҷавони 26-солаи сокини ҳамин ноҳия даромада, аз ӯ 1-адад автомашинаи шахсиаш тамғаи «Опел-Астра», ки арзишаш 50 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, бо баҳонаи модараш дар шаҳри Душанбе бемор будан гирифта, то ҳол барнагардонидааст.
Оид ба ин ҳолат тафтишот идома дорад.