ВидеоИқтисодХабарҳои кӯтоҳ

ДАСТИКАМ ТО 16 ФЕВРАЛ ДАР ТОҶИКИСТОН ХАТАРИ ТАРМАЮ ЯХБАНДӢ БОҚӢ МЕМОНАД

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон бо такя ба маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар ҳушдор дод, ки то 16-уми феврали соли 2022 хатари лағзиши тарма боқӣ мемонад.

Дар иттилоияи КҲФ гуфта  мешавад, ки дар натиҷаи резиши барф дар ноҳияҳои кӯҳии тобеъи ҷумҳурӣ, навоҳии ғарбии ВМКБ ва роҳҳои мошингарди кӯҳии Душанбе-Чаноқ, Душанбе–Лахш, Душанбе–Рашт, Рашт–Сангвор, Ш.Шоҳин-Дарвоз, Ванҷ – Рӯшон – Хоруғ, Хоруғ – Ишкошим – Мурғоб, Хоруғ-Ҷилондӣ хафви лағзиши тарма, резиши санг ва яхбандӣ вуҷуд хоҳад дошт.  

Барои таъмини бехатарии мошинҳо ва ронандагону мусофирон дар роҳҳои мошингард наҷотдиҳандагони воҳидҳои наҷоти КҲФ шабонарӯз навбатдорӣ мекунанд.

КҲФ як рӯз қабл хабар дода буд, ки дар чанд мавзеи роҳи Хоруғ – Ишкошим тарма фаромада, сабаби муваққатан баста шудани роҳ шудааст. Бино ба охирин иттилои ин ниҳод, рӯзи 14 феврал дар чанд қитхаи роҳҳои Хоруғ – Ишкошим ва Рӯшон – Бартанг боз 5 тармаи дигар фаромадааст. Роҳҳоро бо кумаки техникаҳои вазорати нақлиёт тоза кардаанд. Хушбахтона, дар бораи кадом осебе дар натиҷаи ин офатҳои табиӣ гузориш нашудааст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда тавсия медиҳад, ки ронандагон қабл аз сафар бо роҳҳои кӯҳӣ аввалтар аз ҳама бояд маълумоти лозим дар бораи хати  сафари худро ба даст оранд. Агар барфу борону хатари тарма дар ин маълумотномаҳо пешбинӣ шавад, пас аслан худдорӣ аз сафар ба манифат аст.

Мошинҳоро пеш аз сафар санҷед, чархҳои тобистониро бо зимистонӣ иваз кунед, барои эҳтиёт арғамчин, бел, регу шағал, ғизои гарму захираи кофии обу безнзин бо худ дошта бошед.

Фаромӯш накунед, ки ба доруқутии мошин як назар андозед ва онро бо доруҳои зарурӣ, маҳлулҳои зиддиуфунӣ, пахтаву дока ғанӣ гардонед. 

Ба хотирӣ таъмини амнияти худ ва ҳамсафаронатон ҳаргиз суръати ҳаракатро боло набаред, оҳиста равед ва дур равед. Фаромӯш накунед, ки шуморо ҳамеша фарзандону пайвандонатон интизоранд. 

Риояи фосила байни мошинҳо яке дигар аз тадбирҳои таъмини амнияти шумо ва равандагони ин роҳ аст. Онро ҳатман риоя намоед!

КҲФ ҳушдор медиҳад: ЭҲТИЁТ КУНЕД ВА ҲУШЁРУ ЗИРАК БОШЕД!!! 

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button