ВидеоМинтақа ва ҷаҳонТоҷикистон

АЗ ЯК МОШИН ДАР МАРЗИ ТОҶИКИСТОН БО ӮЗБЕКИСТОН 229 КИЛО ҲЕРОИН ЁФТААНД (ВИДЕО)

Кумитаи давлатии боҷхона ё гумруки Ӯзбекистон хабар дод, ки кормандонаш дар боҷхонаи “Ойбек” дар марзи вилояти Тошканд бо вилояти Суғди Тоҷикистон аз як пинҳонгоҳ дар дохили як мошини боркаш, ки аз Тоҷикистон тавассути Ӯзбекистон ба Русия сафар дошт,  232 бастаи вазни умумиашон 229 килоро пайдо кардаанд. Ташхис нишон дод, ки дар ҳар як баста 719 грамм маводи мухаддири навъи ҳероинро ҷой карда будаанд. Нархи ин миқдори ҳероин дар бозори чиёҳи Аврупо аз 12 то 14 миллион доллар баровард мешавад.

Дар робита ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардаанд ва тафтиш идома дорад.

Кумитаи давлатии боҷхона ё гумруки Ӯзбекистон моҳи ноябри соли 2021 хабар дода буд, ки кормандони ҳамин боҷхонаи “Ойбек” дар марзи вилояти Тошканди Ӯзбекистон бо вилояти Суғди Тоҷикистон аз кӯшиши қочоқи миқдори бузурги маводи мухаддир пешгирӣ кардаанд. Аз як пинҳонгоҳ дар дохили як мошини боркаше, ки аз Тоҷикистон ба Русия қариб 21 тонна ангур мебурд, дар умум 156 кило маводи мухаддири “афғонӣ”, аз ҷумла наздики 150 кило кило ҳашиш (чарс), қарим чоруним кило афюн ва беш аз якуним ҳероин ёфт ва мусодира кардаанд.

Тоҷикистон, ки бо Афғонистон, манбаи асосии тавлиди ҳероин, афюн ва ҳашиши дунё, 1425 километр марзи муштарак дорад, дар солҳои охир ба як масири умдаи қочоқи маводи мухаддири “афғонӣ” табдил ёфтааст. Як қисми аъзами ин маводи мухаддир аз ҷониби қочоқбарон бо истифода аз қаламрави Ӯзбекистон ба бозорҳои сиёҳи шимоли сайёра, асосан ба Русия ва Қазоқистон, интиқол дода мешавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button