ВидеоМуҳоҷирон

ЗАФАР ХУДОЙҚУЛОВ ГУФТААСТ, КИ Ӯ ЯК ТАКСИСТ БУД ВА ДАР ҲАМЛА БА МАҒОЗА ДАСТ НАДОШТ (ВИДЕО)

Додгоҳи шаҳри Истраи вилояти Маскав шоми 11 феврал ҳамаи 4 гумонбаршаванда дар ҳамлаи хунини ғоратгарона ба мағозаи “Пятёрочка” – зодагони Тоҷикистон Ҳабибулло Мухамадиев (21-сола), Зафар Худойқулов (29-сола) , Назирқул Бобоқулов (19-сола) ва Акбаралӣ Бурҳонови 24-соларо барои ду моҳ ба ҳабс гирифт. Шаби 9 феврал бар асари ҳамла ба мағозаи «Пятёрочка» дар деҳаи Новопетровское дар канори шаҳри Истра кассири 51-сола Людмила Вяткина ба ҳалокат расида, мудири мағоза ва шавҳари ӯ ҷароҳат бардоштанд. Ғоратгарон аз кассаи мағоза он шаб ҳамагӣ 71 ҳазор рубл (каме бештар аз 900 доллар) пайдо карданду халос. Акнун ба онҳо барои ғоратгарӣ то 15 сол ва барои куштани кассир то 15 соли дигар таҳдид мекунад.

Вале дар додгоҳ яке аз дастгиршудагон изҳор доштааст, ки дар ин ҳамла даст надорад. Бино ба иттилои манбаи хабаргузории ТАСС дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Маскав, Зафар Худойқулов мехоҳад аз ҳукми ҳабси худ шикоят барад. Ӯ дар аввал ба гуноҳи худ эътироф кардааст, вале сипас аз баёноти қаблиаш даст кашида, гуфтааст, ки ӯ он шаб тасодуфан дар ҷои ҳодиса ҳузур дошт. Ба гуфтаи Худойқулова, вай бо мошинаш таксиронӣ мекунад ва он шаб се ҳамватанаш, ки онҳоро аз тобистони соли гузашта мешиносад, аз вай хостаанд, ки онҳоро то “Пятёрочка” бурда, биорад. Зафар Худойқулов гуфтааст, ки ӯ дар ҳақиқат онҳоро то мағозаи воқеъ дар паҳлуи деҳаи Новопетровское бурд ва баъди аз мағоза баромаданашон, гашта овард, вале дар бораи инки онҳо қасди ғорат кардани он мағозаро доштанд, хабар надошт. Зафар Худойқулов гуфтааст, он шаб тибқи шартнома ба вай ҳамагӣ 4500 рубл пардохт кардаанд, ки ин ҳам аз қасди ғорати мағозаро доштани муштариёнаш бехабар будани ӯро исбот мекунад.

Хабаргузории ТАСС  қаблан хабар дода буд, ки додгоҳ ҳанӯз моҳи марти соли 2021 Ҳабибулло Муҳамадиевро дар фаъолияти кории ғайриқонунӣ гунаҳкор шинохта, ҳукми ихроҷи ӯ аз Русияро бароварда буд, вале ӯ бо кадом роҳе тавонист, дар Русия бимонад. Ба иттилои манбаи дигари ТАСС, дастикам як нафар аз ин 4 нафари дастгиршуда қаблан ҳудуди як сол дар шабакаи мағозаҳои “Пятёрочка” кор карда будааст.

Ҳамлаи ғоратгарон ба мағозаи “Пятёрочка” дар деҳаи Новопетровское соати қариб дувоздаҳи шаби 8 ба 9 феврал, вақте рӯй дод, ки мағоза бояд баста мешуд ва мудири мағоза Наталя Пашкова, шавҳари ӯ Сергей Пашков, ки барои бурдани занаш омада буд, ва кассир Людмила Вяткина корҳоро ба субут расонда, мунтазири шавҳари Вяткина будаанд, то мағозаро қуфл карда, хона ба хона бираванд.  Ғоратгарон 4 нафар будаанд, вале танҳо ду нафари онҳо ба мағоза даромада, якеи дигар дар пушти фармони мошин истодааст ва якеи дигарро дар паҳлуи мағоза “қаровул” мондаанд, ки агар мабодо одамон ё пулис ба сӯи мағоза биоянд, дарунбудаҳоро хабардор кунад.

Ду ғоратгари ниқобпӯши мусаллаҳ бо битаҳои бейсбол ё дастаи бел ё табар дари қафои мағозаро тақтақ кардаанд. Вяткина бо ин хаёл, ки шавҳараш омадааст, ба “глазок” нигоҳ накарда, дарро кушодааст. Ғоратгарон вориди мағоза шуда, ҳарсе нафари дар дохил бударо латтукӯб кардаанд. Дар натиҷа Вяткина бар асари ҷароҳатҳои бардоштааш дар ҷои ҳодиса ҷон дода, мудири мағоза ва шавҳараш ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштаанд. Ғоратгарон сипас сейфи мағозаро кушодаанд, вале ҳамагӣ 71 ҳазор рубл пайдо кардаанд. Онҳо пулҳоро ба ҷайби худ монда, аз ҷои ҳодиса фирор кардаанд. Дар ҳоли фирор дар кӯча онҳо бо шавҳари Вяткина, ки ба сари занаш омада буд, рӯбарӯ шуда, ӯро ҳам кӯфтаанд ва чархҳои мошинашро ҳам шикоф кардаанд, ки онҳоро пайгирӣ карда натавонанд.

Ғоратгарон баъди ин ҳама ба хобгоҳашон дар деҳаи Чесноково, ки аз мағозаи ғоратшуда ягон 50 км дуртар буд, рафта, оромона мехостанд бихобанд. Вале кормандони пулис бо изи гарм ин ҷиноятро кушода, алакай соате баъд ғоратгаронро аз ҷогаҳашон дар он хобгоҳ дастгир карданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button