ВидеоМуҳоҷиронНуқтаи назар

ОҚИБАТИ ДИЛСӮЗӢ: ЯК ТОҶИК ДУ МИЛЛИОН РУБЛИ ТОҶИКИ ДИГАРРО ДУЗДИДУ ГУРЕХТ…

Ба идораи пойгоҳи хабарии “Бомдод” як соҳибкори тоҷик аз шаҳри Кирови Русия муроҷиат кард ва хоҳиш кард, ки барои пайдо кардани як ҳамватанамон, ки пулҳояшро дуздидааст, кумак кунем.

Бино ба нақли ин соҳибкори ҷавон, ки намехоҳад номаш бурда шавад, онҳо дар як хона чанд тоҷик зиндагӣ мекунанд. Чанд вақт пеш онҳо дар ин хона ба Файзулло ном ҷавоне аз шаҳри Душанбе, санаи таваллудаш 14 декабри соли 1998, низ ҷой додаанд.

Файзулло, ки дар асл Файзиддин ном доштааст, як муддат дар сохтмон кор карда, дигар бекор бурдааст ва дигар бачаҳои тоҷики ҳамхонааш, аз ҷумла ин соҳибкор ҳамеша ба вай ёрдам мекардаанд.

“Ман аз шаҳри Маскав ба муддати 3 то 4 моҳ бор мегирифтам ва дар Киров мефурӯхтаму баъди фурӯхтани борҳо пулашро бурда, ба соҳибонашон медодам ва боз барои фурӯш бори нав мегирифтам.  Вале Файзулло (Файзиддин) бо вуҷуди он ҳама ёрдаме, ки барояш мекардем, кӯрнамакӣ кард, дар намакдони мо туф кард ва рӯзи 31 январи соли ҷорӣ, вақте ки ман дар ҷои кор будам,  ҳамаи пулҳои маро дуздида, фирор кард. Дар асл  ин пул на аз ман, балки пули соҳибони молҳоест, ки ман барои фурӯш гирифта будам. Кӯрнамакии Файзулло маро дар назди шарикони тиҷоратиам, ки боварам карда, мол медоданд, хеле забонкӯтоҳ мекунад, чунки ман тавони додани пули онҳоро акнун надорам…” – нақл кард соҳибкори тоҷик.

Ӯ мегӯяд, баъди фирори ҳамхонаи кӯрнамакашон зану фарзандони ӯро пайдо кардааст, вале ҳамсараш ҳам аз вай рӯ гардондааст.

Ба гуфтаи ҷабрдида, сухан дар бораи 2 миллион рубл меравад, ки Файзулло (Файзиддин) аз вай дуздидааст. “Мо дилсӯзӣ карда, ҳамватан гуфта, ӯро дар хонаамон роҳ додем, то дар кӯча намонад. Ман аз куҷо медонам, ки худам бо дасти худам гургро дар даруни рама роҳ додаам. Ӯ пай бурдааст, ки ман пулҳоямро дар куҷои хона руст мекунам вақти набуданам ҳамаашро бардошта бурдааст”, – нақл мекунад соҳибкор.

Мутаассифона, ин ҷавон танҳо муҳоҷири тоҷик нест, ки дар Русия ҷабри ҳамватанҳои беинсофи худро кашидаанд. Ҳар моҳ даҳҳо тан аз муҳоҷирони тоҷик аз пулу молашонро дуздидан ё дар ягон корхона чанд моҳ кор фармудани пулашонро надодани ҳамватанҳои худашон шикоят мекунанд.  Ҳамин тавр, даҳҳо қаллоб  аз Тоҷикистон ҳар кадом бо нақшаҳои қаллобона ба Русия рафта, ҳама чашми тамаъ ба ҷайби муҳоҷирони бечора дӯхтаанд.

Муттаассифона, чунин ҳамватанҳои беинсоф боис мешаванд, ки муҳоҷирон ба ҳамватанҳои дигари худ, аз ҷумла ба онҳое, ки дар воқеъ ҳоли танг доранд ва ба кумак ниёз доранд, бо чашми шубҳа нигоҳ кунанд ва аз кумак ба ӯ бим ва парҳез кунанд.

Соҳибкори ҷабрдида аз Киров мегӯяд, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия ва ҳам Тоҷикистон муроҷиат карданӣ аст, то ин дуздро пайдо карда, ба ҷавобгарӣ бикашонанд. Вале пеш аз рафтан ба пулис мехоҳад як бори дигар ба Файзулло (Файзиддин) шанс бидиҳад. “Агар заррае дар замират инсоният монда бошад, ба намакдон туф накун ва пулҳои маро баргардон! То ҳол касе бо луқмаи ҳаром ба ҷое нарасидааст! Умедворам, ки ин иштибоҳи кардаатро ислоҳ мекунӣ. Телефони ман: +7 922 934-73-57”, – муроҷиат кард ин ҳамватани мо ба оне, ки пулҳояшро дуздидааст.

Умедворем,  ин паём ба Файзулло (Файзиддин) ё саркалонҳои авлодаш бирасад ва ӯро аз хӯрдани ҳаққи мардум манъ мекунанд.

Файзулло (Файзиддин)

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Те Тухмат мебошад бародарон ва шумо хабари дуругро пахн кардет. Ман ин писаро намешиносам Вале сохиби пулро мешиносам

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button