ВидеоТиб ва беҳдошт/Муҳити зистХабарҳои кӯтоҳ

ОХИРИН АХБОРИ КОРОНАВИРУС: 6 ҲОЛАТИ НАВИ СИРОЯТ ВА ОВАРДАНИ БОЗ 594 ҲАЗОР ВОЯИ ВАКСИНА

Вазорати тандурустии Тоҷикистон шоми 12 феврал хабар дод, ки дар як шабонарӯзи охир дар кишвар боз 6 мавриди сирояти шаҳрвандон ба вируси нави COVID-19 сабт шуда, дар айни замон 6 нафар аз онҳое, ки қаблан ба ин вирус гирифтор шуда буданд, шифо ёфтаанд. Бар асоси  омори вазорати тандурустӣ, шумораи бемороне, ки то шоми 12 феврал  дар Тоҷикистон дар шароити хона ё бемористон таҳти табобат аз коронавирус қарор доштанд, бетағйир, яъне 15 нафар боқӣ мондааст. Дар аввали моҳи феврал шумораи беморон то 80 нафар гуфта мешуд.

Бино ба омори расмии вазорат, аз оғози пандемия то шоми 12 феврал шумори умумии гирифторшудагон ба коронавирус дар Тоҷикистон ба 17 ҳазору 375 нафар расида, аз ин шумор  17 ҳазору 236 нафар, ё 99,2% аз ҷамъи сироятшудаҳо шифо ёфтаанд, вале 124 нафар, мутаассифона, фавтидаанд.  Аз 21 январ ба ин тараф дар кишвар дар умум 280 ҳолати сирояти  коронавирус расман сабт шуда, хушбахтона, ягон ҳолати марг аз ин вирус ба қайд гирифта нашудааст.

Тоҷикистон тайи инак ду соли пандемия ду мавҷи бузурги коронавирусро пушти сар кард, ки мавҷи якумаш аз баҳор то тирамоҳи соли 2020 буд ва мавҷи дуюм – дар тобистони соли 2021.  Аксарияти ин 124 қурбонии коронавирус маҳз дар ҳамин ду давраи авҷи пандемия ҷон бохтанд.

Вале мунтақидон мегӯянд, шумораи воқеии қурбониёни коронавирус назар ба арқоми расмӣ хеле бештар аст. Ҳанӯз соли 2020 дар шабакаҳои иҷтимоӣ рӯйхатти беш аз 400 шаҳрванди  Тоҷикистон нашр шуда буд, ки гуфта мешуд, ба иллати коронавирус вафот кардаанд.

Ҳамин тавр, даҳҳо тан аз зодагони Тоҷикистон дар кишварҳои дигар, асосан дар Русия, қурбони коронавирус шуданд.

Мақомоти Тоҷикистон ваксинаро як роҳи аз ҳама муассир ва илман исботшудаи пешгирӣ аз густариши боз ҳам бештари пандемия мешуморанд. Рӯзи 11 феврал дар чорчӯби барномаи КОВАКС, ки Созмони ҷаҳонии тандурустӣ бо мақсади таъмини дастрасии одилонаи кишварҳои дорою нодор ба ваксинаҳои зидди коронавирус таъсис додааст,  ба Тоҷикистон боз 594 ҳазор вояи ваксинаи амрикоии “Модерна” оварданд.  Ин ваксинаҳо низ ба Тоҷикистон ройгон дода шудаанд.

Тоҷикистон соли 2021 тавассути барномаи КОВАКС ба таври ройгон беш аз 12 миллиону 600 ҳазор вояи ваксинаҳои КоронаВак, АстраЗенека, Модерна, Пфайзер ва Спутник ба даст оварда буд. То 6 феврал дар кишвар  наздики 4,6 миллион нафар, ё тақрибан 80 фоизи аҳолии калонсоли Тоҷикистон дастикам як вояи ваксинаи зидди коронавирус гирифтаанд. Мақомот ҳоло аҳолиро дар Тоҷикистон ба гирифтани вояи сеюми ваксина ташвиқ карда истодаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button