ВидеоНомаҳо ба президентРӯйдодҳои Бадахшон

ЯК УМЕДИ КӮЧАК ВА АФЗОИШИ НИГАРОНИҲО: ДАР ХОРУҒ БА АМАЛИЁТИ ҲАРБӢ ТАЙЁРӢ МЕБИНАНД? (ВИДЕО)

Дар шаҳри Хоруғ дар байни сокинон ахиран овозае паҳн шуд, ки гӯё дар рӯзҳои наздик президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ё писараш, раиси Маҷлиси миллӣ ва шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ бо як сафари ногаҳонӣ ба маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон меоянд, то ҳалли буҳрони нави пешомада дар ин вилоятро ба дасти худ бигиранд. Мардум инро қадами мусбат мешуморанд, чунки он ба маънои аз дасти “ястребҳо” аз ниҳодҳои қудратӣ гирифтани ташаббус дар масъалаи Бадахшон метавонад талаққӣ шавад.

Вале ин овозаро ягон манбаи муътамад то ҳол тасдиқ накардааст ва ин умеди кӯчак дар баҳри нигарониҳои афзоянда аз эҳтимоли оғози амалиёт ғарқ мешавад. Ҳаракатҳое, ки ин шабу рӯз дар шаҳри Хоруғ мушоҳида мешаванд, баёнгари омодагии ҷиддии ниҳодҳои қудратӣ ба амалиёти ҳарбӣ дастикам дар як маҳаллаи шаҳри Хоруғ: Бархоруғ ё Хоруғи болост. Ва ҳадафи амалиёт низ маълум аст: боздошти Мамадбоқир Мамадбоқиров, маъруф ба Боқир, яке аз лидерҳои ғайрирасмии Бадахшон ва одамони ӯ.

Мақомот хабарҳо дар бораи омодагӣ ба амалиёти ҳарбиро тасдиқ ё рад намекунанд, вале манобеи ғайрирасмӣ мегӯянд, агар ягон ҳолати фавқулоддае пеш наояд, шурӯи амалиёт дигар масъалаи чанд рӯз ва ҳатто соатҳои наздик аст.

Бино ба иттилои радиои Озодӣ, рӯзи 12 феврал як гуруҳи занон бо раиси ВМКБ генерал Алишер Мирзонабот мулоқот карда, аз вай хостаанд, ки монеи оғози амалиёт шавад, вале раиси вилоят  иқрор кардааст, ки масъалаи амалиёт берун аз ихтиёри ӯ ва дигар роҳбарони Бадахшон аст.

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи сокинони Хоруғ, дар шаҳр шумораи афроди мусаллаҳ ва теъдоди посгоҳҳо хеле зиёд шуда, афроди силоҳбадаст ба ғайр аз Бархоруғ тақрибан дар ҳамаи маҳаллаҳои дигари шаҳр камин гирифтаанд. Таҷаммӯи нирӯҳои силоҳбадаст дар видеоҳои расида аз Хоруғ низ дида мешавад.

Назармамад ном сокини Хоруғ ба Озодӣ гуфт, “ҳоло дар наздикии хонаи Маҳмадбоқир зиёда аз 200 марду зан қарор доранд ва мегӯянд, ки ба мақомот иҷозаи боздошти ӯро намедиҳем. Ҳарчанд низомиён дохили маҳалла нашудаанд, вале аз баландиҳо Бархоруғро назорат мекунанд.”

Анора Саркорова ва Рустами Ҷонӣ, хабарнигороне, ки масоили Бадахшонро пайгирӣ мекунанд, хабар додаанд, ки гӯё аз сокинон хостаанд, то рӯзи 13 феврал аз хона набароянд ва ба қазияи Боқир ҳамроҳ нашаванд. Ҳамин тавр, ду рӯзи охир дар кӯчаҳои Хоруғ аз ронандагон ва сокинон ба тарафдорӣ аз  амалиёти зидди Боқир имзо ҷамъ оварда истодаанд.

Памир Дейли Нюс бо такя ба манобеи худ ҳадс задааст, ки амалиёти зидди Боқир эҳтимолан аз 15 феврал сар хоҳад шуд. 15 феврал рӯзест, ки зарбулаҷал, ё ултиматуми охирини мақомот ба Боқир бо талаби супурдани худаш ва 6 тан аз сокинони дигари Бархоруғ ба поён мерасад. Боқир ахиран талаби таслим шудани худаш ва одамонашро рад кард.

Мақомот 6 сокини Бархоруғро ба таҳқиру латтукӯби намояндагони давлат дар рӯзҳои эътирозҳои моҳи ноябри соли 2021 ва худи Боқирро ба таҳқиру латтукӯб ва аз маҳаллаи Бархоруғ пеш кардани раиси идораи маорифи вилоят Лутфулло Наврӯзов дар санаи 29 январ айбдор мекунанд. Боқир ин иттиҳомро рад мекунад ва мегӯяд, “бо муаллим фақат як суҳбати падарона доштам”. Ӯ гуфт, барои он бо муаллим баҳс кард, ки Наврӯзов аз тариқи ТВ ӯро “террорист” номид ва дигар муаллимонро ҳам маҷбур мекард, ки ба зидди Боқир дар ТВ гап зананд.

Авзоъ дар Бадахшон 25 ноябри соли 2021 дар пайи марги сокини 29солаи деҳаи Тавдеми ноҳияи Роштқалъа Гулбиддин Зиёбеков баъди боздошташ дигарбора ноором шуд. Сокинон бо талаби ба ҷавобгарӣ кашондани гунаҳкорони марги Зиёбеков тобути ӯ дар даст чанд соат дар кӯчаҳои Хоруғ раҳпаймоӣ карда, сипас 4 рӯз дар майдони марказии шаҳр тазоҳурот карданд.  Мардум танҳо баъди ба таҳқиқи марги Зиёбеков розӣ шудани мақомот пароканда шуданд. Вале бо гузашти дуюним моҳ ягон нафар барои ҳалокати ин сокини Роштқалъа боздошт нашудааст.  Барқарор кардани дастрасӣ ба Интернет – ваъдаи дуюми мақомот ба эътирозгарон низ то ҳол иҷро нашудааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button