ВидеоМуҳоҷирон

ВИДЕО АЗ ҶОИ ҲОДИСА: ДАР МАСКАВ ДУ КОРМАНДИ ПУЛИСРО ЛАТТУКӮБ КАРДААНД

Канали “Мэш” рӯзи 11 феврал хабар дод, ки ду корманди пулис дар Маскав аз ҷониби муҳоҷирон латтукӯб шудаанд. Бино ба иттилои нашрия, ҳодиса дар ноҳияи Тсаритсино (Царицыно) дар ҷануби пойтахти Русия рӯй додааст.

 “Сокинони биноҳои ҳамсоя ба пулис аз рафтори зодагон Осиёи Марказӣ шикоят кардаанд. Кормандони пулис ба ҷои ҳодиса омада,  ду ҷавони масти лояқилро диданд, ки дар майдончаи кӯдакон ба шаробнӯшӣ идома медоданд. Онҳо нишон додани ҳуҷҷатҳои худро рад карда, ҳангоми кӯшиши боздошташон муқовимат нишон додааанд ва кормандони пулисро дашном дода, латтукӯб кардаанд. Онҳо ҳатто тавонистаанд аз дасти як корманди пулис калтак (дубинка)-ашро  кашида бигиранд. Дар ин лаҳза корманди дуюми пулис силоҳашро берун кашида, таҳдид кардааст, ки тир мекушояд. Ба кормандони пулис муяссар шудааст, ки Нурлан ном ҷавони 28-солаи зодаи ҷумҳурии ҳамсояро дастгир кунанд, вале шарики ӯ тавонистаст фирор кунад”, –  хабар медиҳад “Мэш”.

Тафсилоти дигари ҳодиса ва назари зодагони Осиёи Марказӣ ба ин қазия дастрас нест. Бино ба иттилои канали “Мэш”,  барои кормандони осебдида пулис “Ёрии таъҷилӣ”ро даъват кардаанд ва шардуро бо ҷароҳатҳои аз қисмати сар бардоштаашон бистарӣ кардаанд.

Ба он ду муҳоҷир акнун барои муқовимати фаъолона ва латтукӯби намояндагони давлат ҳукми зиндон  ва сипас депортатсия аз Русия таҳдид мекунад.

Маъмулан муҳоҷирон аз сар ба сар шудан бо кормандони пулиси Русия ҳадалимкон ҳазар мекунанд. Дар аксар ҳолатҳо муҳоҷирон дар Русия дар сурати хеле ба ҷон расиданашон ба сари пулис мушт мебардоранд ё ба зарбаҳои онҳо ҷавоб медиҳанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button