ВидеоТиб ва беҳдошт/Муҳити зистХабарҳои кӯтоҳ

САБТИ БОЗ 6 ҲОЛАТИ ГИРИФТОРӢ БА КОРОНАВИРУС ДАР ТОҶИКИСТОН ДАР РӮЗИ 10 ФЕВРАЛ

Вазорати тандурустии Тоҷикистон шоми 10 феврал хабар дод, ки дар як шабонарӯзи охир дар кишвар боз 6 мавриди сирояти шаҳрвандон ба вируси нави COVID-19 сабт шуда, дар айни замон 5 нафар аз онҳое, ки қаблан ба ин вирус гирифтор шуда буданд, шифо ёфтаанд.

Бино ба омори расмии вазорат, аз оғози пандемия то шоми 10 феврал шумори умумии гирифторшудагон ба коронавирус дар Тоҷикистон ба 17 ҳазору 367 нафар расида, аз ин шумор  17 ҳазору 218 нафар, ё 99,1% аз ҷамъи сироятшудаҳо шифо ёфтаанд, вале 124 нафар, мутаассифона, фавтидаанд. Бар асоси ин омор, ҳоло дар Тоҷикистон дар шароити хона ё бемористон дар маҷмӯъ 25 нафар аз коронавирус табобат мегиранд. Дар аввали моҳ шумораи гирифторон то 80 нафар гуфта мешуд.

Дар се ҳафтаи охир дар кишвар дар умум 272 ҳолати гирифторшавии шаҳрвандон ба коронавирус расман сабт шуда, хушбахтона, ягон ҳолати марг аз ин вирус ба қайд гирифта нашудааст.

Тоҷикистон тайи инак ду соли пандемия ду мавҷи бузурги коронавирусро пушти сар кард, ки мавҷи якумаш аз баҳор то тирамоҳи соли 2020 буд ва мавҷи дуюм – дар тобистони соли 2021. 124 нафар аз коронавирус маҳз дар ҳамин ду давраи авҷи пандемия ҷон бохтанд.

Вале мунтақидон мегӯянд, шумораи воқеии қурбониёни коронавирус назар ба арқоми расмӣ хеле бештар аст. Ҳанӯз соли 2020 дар шабакаҳои иҷтимоӣ рӯйхатти беш аз 400 шаҳрванди  Тоҷикистон нашр шуда буд, ки гуфта мешуд, ба иллати коронавирус вафот кардаанд.

Ҳамин тавр, даҳҳо тан аз зодагони Тоҷикистон дар кишварҳои дигар, асосан дар Русия, қурбони коронавирус шуданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button