ВидеоМуҳоҷиронРӯйдодҳои Бадахшон

ОРАЗ ВАЗИРБЕКОВ: АГАР МАН ДАР ТОҶИКИСТОН ПАЙДО ШАВАМ, ДОНЕД, КИ БО ХОҲИШИ ХУДАМ НАРАФТААМ… (ВИДЕО)

Ораз Вазирбеков, яке аз роҳбарони зодагони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар Маскав бо нашри як изҳороти видеоӣ гуфт, “бино ба маълумоти дарёфтӣ, мақомоти Тоҷикистон ба шикори ман сар кардаанд ва мехоҳанд маро аз шаҳрвандии Русия маҳрум ва ба Тоҷикистон, ки ман гражданини он кишвар нестам, ихроҷ кунанд”.  Дар идомаи муроҷиаташ Вазирбеков шиносномаи русиашро нишон дод ва гуфт: “Ин шиносномаи шаҳрванди Русия аст ва ман дар ҳоли ҳозир шаҳрванди он ҳастам.“

Вазирбеков гуфт, дар шаҳри Хоруғ ба дунё омадаст, вале 23 сол боз дар Маскав зиндагӣ мекунад ва ҳанӯз соли 2006 ба таври қонунӣ соҳиби шаҳрвандии Русия шуда буд. Вале дар гузашта чанд мавриди аз шаҳрвандии Русия маҳрум ва сипас ба Тоҷикистон ихроҷ кардани шахсиятҳои маъруф рух дода буд. Раҳбари Федератсияи муҳоҷирони СНГ Каромат Шарипов дар поёни соли 2017 ва ҳомии шинохтаи ҳуқуқи муҳоҷирон Иззат Амон дар моҳи марти соли 2021 маҳз баъди маҳрум кардан аз шаҳрвандии Русия ба Тоҷикистон фиристода шуданд.

Мақомоти Тоҷикистон дар пайи эътирозҳои моҳи ноябр дар Бадахшон тавонистанд алакай  ба ихроҷи ду намояндаи шинохтаи ҷамъияти бадахшониҳои Русия – ситораи ҷавони варзиши поп-ММА Чоршанбе Чоршанбиев ва яке аз лидерҳои ғайрирасмии бадахшониҳо дар Русия Амриддин Аловатшоев ва ҳабси онҳо баробари оварда шуданашон ба Душанбе ноил шаванд. Ораз Вазирбеков бар ин аст, ки ҳоло навбати бурдани ӯ фаро расидааст.

Мақомоти Тоҷикистон то кунун хабарҳо дар бораи талошҳо барои аз Русия овардани Вазирбековро тасдиқ ё рад накардаанд, вале бино ба иттилои дарёфтӣ, мақомот дар баробари Аловатшоев, Вазирбековро яке аз ташкилкунандагони митинги эътирозии зодагони Бадахшон дар назди сафоратзонаи Тоҷикистон дар шаҳри Маскав мешуморанд. Шоми 25 ноябри соли 2021 бо талаби ба ҷавобгарӣ кашондани омилони куштори сокини ноҳияи Роштқалъа Гулбиддин Зиёбеков дар назди бинои сафорати Тоҷикистон дар тангкӯчаи Гранитний переулок дар маркази Маскав ҳудуди 1000 нафар аз зодагони Бадахшон гирди ҳам омаданд, ки то имрӯз яке аз бузургтарин гирдиҳамоиҳои эътирозии зодагони Тоҷикистон дар Русия ба шумор меравад.

“Мехоҳам изҳор бидорам, ки дар тӯли ин ҳама соле, ки ман дар Русия зиндагӣ доштам, ман ягон ҷиноят содир накардаам ва узви ягон гуруҳи ҷиноӣ ҳам набудам. Ман – соҳибкори инфиродиам ва ҳамзамон ба сурати ихтиёрӣ ба фаъолиятҳои ҷамъиятӣ низ машғул буда, кӯшиш мекунам, то тартиботро дар дохили ҷамъияти помириҳо нигоҳ бидорам. Тамоми фаъолияти ман дар моҳҳои охир ба он равона шудааст, ки пеши роҳи ҳамлаи мақомоти Тоҷикистон болои мардуми Бадахшонро, ки ман ҳам ҷузъи ин мардумам, бигирам. Ин на зидди қонунҳои Русия ас ва на  зидди қонунҳои Тоҷикистон. Вале чунин ба назар мерасад, ки бархе зеле мехоҳанд, ки ҳамаи мо хомӯш бишинем “, – изҳор дошт лидери ғайрирасмии ҷамъияти бадахшониҳои Русия.

Ӯ афзуд, ки агар баногоҳ дар Тоҷикистон пайдо шавад, бидонанд, ки мақомот ба мақсади худ ноил шуданд ва ӯро маҷбурӣ бурданд:  “Мехоҳам ба самъи ҷомиа бирасонам, ки ман нақшаи сафар ба Тоҷикистонро надорам. Ва дар сурати ғайб задану дар қаламрави Тоҷикистон пайдо шудани ман, ҳама бояд бифаҳманд, ки ин бар хилофи хости ман рӯй додааст”.

Ораз Вазирбеков дар поёни изҳороташ гуфт, ҳамчун шаҳрванди Русия аз мақомоти ин кишвар тақозо мекунад, ки амнияти ӯву наздиконашро таъмин кунанд.

Ораз Вазирбеков аз маҳаллаи УПД шаҳри Хоруғ аст ва ӯро вориси Имумназар Имумназаров, яке аз лидерҳои ғайрирасмии пурнуфузи Бадахшон, ки тобистони соли 2012 кушта шуд, мешуморанд.  Зодагони Бадахшон дар Русия Ораз Вазирбековро яке аз лидерҳои асосии ҷамъияти бадахшониҳо дар ин кишвар ном мебаранд ва мегӯянд, ӯ дар ҷамъият нуфузи зиёд дошта, дар гузашта барои ҳалли чандин мушкили зодагон, аз ҷумла муноқишае, ки бо чеченҳо бархост буд, мусоидат кардааст. Вале дар изҳороташ Ораз Вазирбеков танҳо ҳамин қадар мегӯяд, ки “ба сурати ихтиёрӣ ба фаъолиятҳои ҷамъиятӣ низ машғул буда, кӯшиш мекунам, то тартиботро дар дохили ҷамъияти помириҳо нигоҳ бидорам”.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button