ЯК ҒОРАТГАР ТЕЛЕФОНҲОИ ДУ РОНАНДАИ ТАКСИИ 1111-РО БО ЗӮРӢ КАШИДА ГИРИФТААСТ

Як ҷавони 18-солаи сокини Душанбе ба он гумонбар мешавад, ки шаби 9 феврал, соати 00:30 бо таксии 1111 (“Як такси”) аз маҳаллаи 46 то хиёбони Рӯдакӣ омада, бо зӯрӣ телефони мобили ронандаро кашида гирифтааст. Ин ҷавон ҳамчунин ба он гумонбар мешавад, ки шоми 2 феврал бо як таксии дигари 1111 аз маҳаллаи 46 то хобгоҳи “Алкабир” рафта, дар онҷо низ телефони мобили ронандаи таксиро бо зӯрӣ кашида гирифтааст.
хххххххххххххххх
Сокини 28-солаи ноҳияи Восеъ ба он гумонбар мешавад, ки бо роҳи фиреб ба боварии як сокини дигари низ 28-солаи ҳамин ноҳия даромада, аз соли 2018 то декабри соли 2021 аз вай 272 ҳазор сомонӣ гирифтааст.
Аз навори хабарҳои рӯзи 11 феврали маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон
Оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ нисбати қаллоби муфтхӯр

Ба ШВКД дар ноҳияи Восеъ бо ариза марди 28-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки аз соли 2018 то моҳи декабри соли 2021 ҷавони 28-солаи сокини ҳамин ноҳия, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 272 ҳазор сомонӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Нисбати номбурда аз тарафи Прокуратураи ноҳияи зикргардида бо моддаи 247 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Дастгир гардидани ҷавони ғоратгар

Ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ бо ариза марди 30-солаи сокини пойтахт, ронандаи ширкати «1111-таксӣ» ворид гардид, ки 9-уми феврали соли 2022, тахминан соати 00:30-дақиқа, аз маҳаллаи 46-уми пойтахт шахси ношиносеро савор карда то хиёбони Рӯдакӣ, назди бинои 164 овардааст, ки шахси номаълум бо роҳи ошкоро 1-адад телефони мобилии тамғаи «Самсунг А-30», ки арзишаш 1 ҳазору 850-сомониро ташкил медиҳад, гирифта аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 18-солаи сокини шаҳри Душанбе ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти мазкур дастгир карда шуд.
Инчунин бо ҳамин мазмун ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ марди 27-солаи сокини ноҳияи Ёвон, ронандаи ширкати «1111-таксӣ» муроҷиат намудааст, ки 2-юми феврали соли 2022, тахминан соати 18:30-дақиқа, аз маҳаллаи 46-уми пойтахт шахси ношиносеро савор карда, ҳангоми расидан дар назди хобгоҳи «Алкабир» бо роҳи ошкоро 1-адад телефони мобилии тамғаи «Самсунг А-51», ки арзишаш 4 ҳазору 500-сомониро ташкил медиҳад, гирифта аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зимни баргузории чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 18-солаи дар боло зикргардида ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шудааст.
Оид ба ин ҳолатҳо тафтишот идома дорад.