ВидеоИқтисодНомаҳо ба президент

ДОДАМОНРО БА КӢ ГӮЕМ? МУРОҶИАТИ АМОНАТГУЗОРОНИ “ТОҶПРОМБОНК” БА 3 РАҲБАРИ АВВАЛИ ТОҶИКИСТОН (ВИДЕО)

Дар арафаи солгарди панҷуми барҳам додани “Тоҷпромбонк”, як гуруҳи амонатгузорони фиребхӯрдаи ин бонки варшикасташуда ба  президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, раиси Маҷлиси миллӣ Рустами Эмомалӣ ва раиси Дастгоҳи президент Озода Раҳмон хостаанд, то ба доди онҳо бирасанд ва пулҳои дар “Тоҷпромбонк” дармондаи онҳоро баргардонанд.

Солиҳамоҳ Самадова, яке аз ин амонатгузорон мегӯяд, бо гузашти панҷ сол аз барҳам додани “Тоҷпромбонк” ва таъйини чандин мудири муваққат барои ҳалли масоили марбут ба пасандозҳои мардум дар ин бонк онҳоро то ҳол ҳамчун ҷабрдида эътироф накарданд ва пасандозҳояшонро пас надоданд.

“Мудирони муваққат, ҳар кадомаш ки омад, фақат ба манфиати шахсии худ кор кард, масъулияти худро иҷро накард ва ғами моро нахӯрд. Охир, мо пасандозҳои худро ба он бонк туҳфа накарда будем, амонат гузошта будем! Ман 40 сол ба ин давлат хидмат кардам. Бубинед, ҳамаи мо одамони синнамон аз 70 болост. Мо чанд тангаи худро бо умед дар “Тоҷпромбонк” амонат мондем, ки дар даврони пирӣ муҳтоҷ нашавем ба касе. Вале ҳайҳот! Худи ман, барои мисол, дар даводав барои баргардондани пулам инсулт гирифтам, ними баданам ним сол кор накард ва инак се сол боз табобат мегирам. Барои табобат пул даркор аст.  Вале мо табобат як сӯ, гоҳо барои нон харидан пул надорем, чунки касе дар фикри баргардондани пулҳои мо нест”, мегӯяд Солиҳамоҳ Самадова.

Ӯ ҳамин тавр, писари маъюбаш  Мирзохӯҷа Самадовро мисол овард, ки 4 фарзанд дар тарбият дорад, вале аз соли 2017 ба ин тараф 2 миллион сомонӣ пули дар “Тоҷпромбонк” дармондаашро пас гирифта наметавонад.

“Баъзеи мо  пулашонро гирифта натавониста, алакай аз дунё гузаштанд. Бархе пулашонро гирифта натавониста, худкушӣ ҳам карданд. Охир мо додамонро ба кӣ гӯем? Кӣ ба доди мо мерасад? Аз шумо зораву тавалло мекунем, илтиҷо мекунем, хоҳиши дар хоҳиш мекунем, ки ба мо кумак кунед. Охир мо пулҳоямон дар бонк барои он намондем, ки дар сари пирӣ чунин саргардон шавем”,  мегӯянд ин амонатгузорони аксар солхӯрда дар муроҷиатномаашон ба Эмомалӣ Раҳмон, Рустами Эмомалӣ ва Озода Раҳмон.

Бонки миллии Тоҷикистон моҳи феврали соли 2017 ироаи кумакҳои давлатӣ барои наҷоти “Тоҷпромбонк” ва “Фононбонк”-ро беҳуда дониста, ҳарду бонки буҳронзадаро барҳам дод. Дар ҳарду бонк аз ҳамон вақт мудирони махсус амал мекунанд. “Фононбонк” соли 2021 хабар дод, ки ҳисобу китобашро бо аксарияти мизоҷони худ анҷом додааст, вале даҳҳо тан аз онҳое, ки дар “Тоҷпромбонк” пул гузоштаанд, шикоят доранд, ки бо гузашти инак 5 сол аз замони барҳам додани ин бонк натавонистаанд пулҳои худро пас бигиранд.

Онҳо мегӯянд, пули онҳоро соли 2017 бо қурби 7,99 сомонӣ барои як доллар ба пули миллӣ баргардонданд, вале ҳатто бо вуҷуди дар ин 5 сол фақат аз ҳисоби қурб қариб 40 фоиз коҳиш ёфтани арзиши пасандозҳояшон боз ҳам пули худро гирифта наметавонанд ва ҳар моҳ аз бонк ба онҳо ҳамагӣ аз 500 то 1000 сомонӣ медиҳанду халос.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button