ВидеоРӯйдодҳои БадахшонТоҷикистон

ВОКУНИШИ БОҚИР БА РӮЙДОДҲОИ БАДАХШОН: 30 СОЛ БОЗ ФИШОРУ ФИШОР, БЕЗОР ШУДАМ… (ВИДЕО)

Мамадбоқир Мамадбоқиров (Боқир), яке аз лидерҳои ғайрирасмии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, дар як паёми видеоӣ назараш ба ҳодисаҳои ахир дар ин вилоятро баён кард.

Дар ин видео, ки 13 дақиқа давом мекунад ва Боқир бо забони шуғнонӣ ҳарф мезанад, ин лидери ғайрирасмии Бадахшон аз он шиква мекунад, ки барои ин давлат дар вақташ хидмати зиёд кард,  ба рутбаи полковник ва мақоми фармондеҳи қисми ҳарбӣ расид, вале баъди мусодираи 736 кило бори бузурги маводи мухаддир, ки ба гуфтаи Боқир, ба раиси онвақтаи вилоят тааллуқ дошт, ӯро сиёҳ карданд ва аз кор ронданд. Боқир мегӯяд, ӯ 30 сол боз таҳти фишори мақомот қарор дорад ва ҳоло боз аз вай талаб доранд, ки худро бисупорад. “Барои чӣ ман бояд худро бисупорам? Ман чӣ гуноҳ кардаам?” мегӯяд вай.

Ӯ аз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон хоҳиш мекунад, ки як маротиба фикри тарафи ӯро ҳам шунавад ва сипас ба қазия одилона баҳо диҳад, ки ҳақ кист ва ноҳақ кист?

Боқир 58 сол дошта, дар маҳаллаи Бархоруғи шаҳри Хоруғ зиндагӣ мекунад. Ӯро яке аз лидерҳои ғайрирасмии пурнуфузи Бадахшон мешуморанд.

Ахиран додситонӣ бар асоси шикояти сардори идораи маорифи вилоят Лутфулло Наврӯзов ба зидди Мамадбоқиров низ бар асоси 4 банди Кодекси ҷиноятӣ бо иттиҳомоте, чун “истифодаи зӯр нисбати намояндаи ҳокимият”; “таҳқири намояндаи ҳокимият”; “вайрон кардани дахлнопазирии мардум”; ва “барангехтани кинаву адовати маҳалгароӣ”  парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардаанд.  Лутфулло Наврӯзов иддао дорад, ки Боқир шаби 29 январ ба бинои идораи маориф, ки дар маҳаллаи Бархоруғ ҷойгир шудааст ва Наврӯзов дар қабати чоруми ҳамин бино зиндагӣ дошт, омада, ӯро таҳқиру латтукӯб ва маҷбур кардааст, ки Бархоруғро тарк кунад.

Боқир инро рад мекунад ва мегӯяд, “бо муаллим фақат як суҳбати падарона кардам”.

Аз Боқир ҳамчунин талаб карданд, ки 6 тан аз одамонаш аз ҳисоби сокинони Бархоруғро низ ба мақомот бисупорад. Онҳо ба  таҳқиру зӯроварӣ нисбат ба намояндагони давлат дар рӯзҳои эътирозҳои моҳи ноябри соли 2021 дар шаҳри Хоруғ айбдор мешаванд.

Аммо ба гуфтаи манобеи “Бомдод”, Боқир ин муомиларо рад карда, гуфтааст, ҳеҷ гоҳ розӣ нахоҳад шуд, ки ба ҷои вай дигаронро ба зиндон адозанд. Вале, афзудааст Боқир, дар сурати ба ҷавобгарӣ кашидани гунаҳкорони марги Гулбиддин Зиёбеков омода ҳаст, дар мавриди шароити таслим шуданаш вориди музокирот шавад.

Зиёбеков як сокини 29солаи деҳаи Тавдеми ноҳияи Роштқалъа аст, ки рӯзи 25 ноябр, марги ӯ баъди чанд соати боздошташ сабаби эътирозҳои густарда дар Хоруғ шуд.

Мақомоти Бадахшон Боқирро “саркардаи гуруҳи муташаккили ҷиноятӣ” мешуморанд. Ризо Назарзода, раиси шаҳри Хоруғ аз Боқир тақозо кард, ки “ба хотири тинҷию оромӣ” ҳаёти ҷавонони ноогоҳро зери хатар нагузорад, худро ихтиёран ба мақомоти тафтишотӣ бисупорад  ва барои  аъмолаш худаш ҷавоб диҳад.

Ва аммо гуруҳе аз сокинони Бархоруғ дар як муроҷиатнома аз мақомот хостанд, ки аз нақшаи роҳандозии амалиёти ҳарбӣ барои боздошти Боқир ва чанд сокини дигари ин маҳалла даст бикашанд.  Муаллифони муроҷиатнома гуфтанд, воқеъияти ҳол дар Бадахшон ва аз ҷумла дар Хоруғ на ба гунаест, ки мақомот тасвир карданӣ мешаванд. Ба ақидаи онҳо, Боқир на ҷинояткор, балки нафарест, ки ба зидди коррупсия мубориза мебарад ва аз мазлумон пуштибонӣ мекунад.

Сокинони Хоруғ чанд рӯзи охир  бо нигаронии афзоянда мунтазири шурӯи амалиёти махсус ба зидди Боқир ва тарафдоронаш мебошанд ва ба хотири ҳимоят аз ин лидери ғайрирасмии минтақа навбатдории шабонарӯзӣ ташкил кардаанд. Сокинони Хоруғ мегӯянд, роҳҳое, ки ба тарафи хонаи Боқир дар маҳаллаи Бархоруғ мебаранд, алакай аз маҳаллаи “Хлебзавод” баста шудаанд, то нирӯҳои вижа гузашта натавонанд.

ТАРҶУМАИ СУХАНОНИ БОҚИР АЗ ЗАБОНИ ШУҒНОНӢ (МАНБАЪ: ГУРУҲИ ФЕЙСБУКИИ “ПОМЕРЕ ЗИВЕН” https://www.facebook.com/groups/597783874040115/posts/1256473081504521/ )

Салом. Ман Мамадбоқиров Мамадбоқир, сокини шаҳри Хоруғ хастам. Аз дасти Ҳукумати ВМКБ 30 сол мешавад, ки дар бало ҳастам. Сабабашро намедонам. Мумкин аст, ки каме ҳам бошад, ки тарафдори ростӣ ҳастам, гапи ҳақро мезанам ва мардумро каму беш дастгири менамоям. Барои ҳамин ҳукуматдорон маро бад мебинанд.

Дар Бадахшон ҷавонон кариб намондаанд, муттахасисон ва ходимони моро куштанд, ҷавонони моро маҳбас карда истодаанд. 30 сол шуд, ки мо зиндагии осоишта надорем. Бароям не мақоми президентӣ даркор асту на талабгори ягон мансаб. Фақат аз ҳукуматдорон талаб дорем, ки бимонед, ки мо ба осоиштагӣ зиндагӣ намоем, аммо мутаасифона ҳукумат фақат моро маҳбас мекунанду мекушанду халос. Соли 2012 бо 5000 нафар ҳукумат зиёда аз 24 нафар шаҳрвандро куштанд ва чандин нафари дигарро захмиву хонавайрон намуданд. Соли 2014 се нафари дигарро кормандони ҳифзи ҳуқуқ дар рузи равшан куштанд. Барои чунин кирдорҳо кормандони мақомотҳои қудратӣ беҷазо монданд ва ягон кас ба даъвои мо намерасад. Барои ҳамин, мудоме ман мегӯям ки “Вой бар ҳоли Бадахшони бечораи ман аст” .

Ба монанди ҳиндуҳо (индейсҳо) дар бундубасту муҳосира қарор дорем. Не силоҳ дорему не сухан! Ба ягон ҷо моро роҳ намедиҳанд, ҳатто ба макотиби олӣ. Мо душман ҳам нестем. На ба давлат хиёнат кардему на ба Раисҷумҳур! Фақат барои осоиштагии мулкамон хостгор ҳастему халос.

Шумо ҳукуматдорон ниҳоят бераҳм ҳастед! Ҳатто бо гозанбур нохуни бачаҳоямонро аз ангушт ҷудо менамоед. Миллати тоҷик чунин ҷоҳилу бераҳм нест. Чандин маротиба ба Раисҷумҳур муроҷиат намудем, аммо тамоман ба доди мо намерасиданд. Ҷаноби олӣ! Аққалан бо назари яктарафа ба ҳоли мо ҳам нигаред, ки чи ҳолу аҳвол дорем! Барои ҳукумат хизмат намудам. Ман ҳам одами партофтагӣ набудам, рутбаам полковник буд, командири қисми марзбонӣ будам. Дар ноҳияи Мурғоб қисми ҳарбии марзбонии хуб доштем. Ноҳияи Мурғобро обод намудем. Роҳи Қулмаро кушодем. Баъд аз кушодани ин шоҳроҳ, маро ҳукуматдорон фавран душман бароварданд. Дар вақти адои вазифаи хизматиам 736 кг маводи мухаддири героинро дастгир намудам. Ман чӣ гуноҳ доштам? Аз вазифа маро озод намудед, ба ивази он, ки барои хизматам ба ман як ордени Спитамен ва ё рутбаи генералӣ медодед, аммо ҳукуматдорон баръакси ҳол маро душман баровардед аз барои “бор” и раиси ВМКБ. Эй мардум! Мана гуноҳи ман дар чист, ки маводи мухаддирро дастгир намудам. Аз ҷонамон моро сер кардед! Намедонам, ки ин ҳукуматдорон чи мехоҳанд?

Айни замон ҳукуматдорон аз ман талаб доранд, ки бояд ман худро ба мақомотҳои қудрати бисупорам. Ман чи гуноҳи бузурге кардам? Магар ман ба ягон гуруҳе ба монанди ИГИЛ ва ё ба ягон гуруҳи дигар рафтаам? Мо як мардуми бечора ҳастем. Раиси ҳозираи ВМКБ нисбати ман хусумати шахси дорад. Ба Худо қасам! Ин шахс дар вақти адои хизматам дар ноҳияи Мурғоб афсари зертобеи ман буд. Ман аз бисёр корҳои махфӣ ва барои мардуми оддӣ номаълуму ноаён хабардор ҳастам. Мисол у дар таҷовузи як духтар дар н.Мурғоб даст дошт. Ба ростии Худо, ман намедонам ки ӯ ба ман чи кор дорад. Айни замон раиси ВМКБ шудасту хоҳиши маро куштан дорад. Барои чӣ? Ман ҳам як шаҳрванди Тоҷикистон ҳастам, шаҳрванди қонунбардор ҳастам, ман боре ҳам чароғаки ҳаракати роҳро вайрон накардаам! Аммо кам кам мардумро дастгири менамоям. Пеши роҳи қонунвайронкуниҳои ҳукуматдоронро мегирам.

Ба ҳар ҳол, оё ягон кас маро дуруст мефаҳмад ва мепурсад! Террористу одамкуш худи ҳукуматдорон ҳастед! Бачаҳоро куштанд ва мехоҳанд, ки айби худашонро бар сари ман бор кунанд. Ба ҷои он, ки айбдорон кормандони мақомотҳои ҳукуматӣ ба ҷавобгари бикашанд, баръакси ҳол маро як шаҳрванди бечораро таъқиб карда истодаанд.

Не, намешавад! Чунин кирдори мақомотҳои давлатӣ ба ягон чаҳорчуб рост намеояд! Ман як умр ба мардуми Ванҷу Дарвоз ҳурмату эҳтиромро ба ҷо овардам ва меоварам. Дар вақти ҳозира баъзе сокинони Ванҷу Дарвозро ҳукуматдорон баҳона карда, аз пеш оварданду, барои мисол, сардори раёсати маорифи ВМКБ, ки зодаи н. Ванҷ мебошад. У дар телевизион баромад карда маро террорист номид, ҳол он ки на у маро мешиносад ва на ман уро. Дар кадом асос у маро террорист номид? У худаш террорист мебошад, чунки у чандин муаллимаҳои мактабро бо тарсу фишор маҷбур ва ҷонбезор кард, ки онҳо бояд дар телевизион баромад намоянд. Хай ман чандин маротиба ба ӯ бо мулоимӣ ва хубӣ гуфта будам, ки чунин корҳоро бас кунад, чун муаллим ҳастӣ, вазифаи худат тарбияи насли наврас мебошад. Ба сиёсат чӣ кор дорӣ? Аммо, ӯ кори худро давом дода муаллимонро ҷонбезор кард. Одамро чунин кирдори ҳукуматдорон маҷбур месозанд, ки нисбати онҳо ягон чора биандешад.

Чандин маротиба бо хубӣ ӯро таъкид карда будам. Сардори маорифи ВМКБ и пешина, (Раиси ҳозираи ноҳияи Ванҷ Одиназода Мардихудо) низ аз н. Ванҷ буд. Ба дараҷаи олӣ ӯро ҳурмату иззат намудем. Мардуми мо чандин маротиба ба хобгоҳ ба ӯ хурок мебурданд ва ӯ ҳатто тамоми қошуқу косаи мардумро бо худ ба хона бурда, аз телевизион моро террорист ном мебарад. Бо ин кирдор ба намакдони мо туф карду рафт! Ин ба кадом хислати инсонӣ рост меояд? Мардуми Ванҷ чунин хислат надоранд. Вале, дар вақтҳои охир ин чи бало бар сари мардум омадааст, ман намедонам!

Эй мардуми Ванҷу Дарвоз! Ман ягон бор ба шумоён хиёнат накардаам! Ман нону намаки шуморо хурдаам! Шумоён бисёр одамони баруҳманд доред. Гап надорем! Аммо дар ҳолати ҳозираи ҷанги информатсионӣ, маро ҳукуматдорон, бахусус ба шумоён “деви сиёҳ” кардаанд. Ҳукуматдорон моро ба қатл мерасонанд, моро қотилу террорист ном мебаранд, аммо бароямон гуё, ки гап задан мумкин нест. Не, намешавад! Мо ба ҳеҷ арзиш мухторияту мардонагии худро аз даст намедиҳем! Марҳамат, ҳукуматдорон биёед, ман омода ҳастам! Маро ба қатл расонед, аммо мо сарамонро ба шумо хам намекунем! Ту, раиси ВМКБ нисбати ман хусумати шахсӣ дорӣ! Аз қисми ҳарбиямон туро пеш карда, аз кор озод кардам. Ту худаш медонӣ барои чӣ. Ҳозир бошад, фикри мекунӣ, ки ту раис шуда маро таъқиб карда истодаӣ? Ту кистӣ? Ту як лейтинант ҳастӣ! Бароям як лейтинанти калон будиву мемонӣ! Генерал фақат барои худат ҳастӣ! Ба қисми ҳарбӣ туро қадам задан намемондам, қабул ҳам накардам ва тамоман қабулу эътироф ҳам намекунам! Фаҳмидӣ? Ҳар нияту хоҳише, ки ҳам дорӣ, ман омода ҳастам, фаҳмидӣ? Биёеду ҳамаи моро ба қатл расонед! Ҳозир ҳамаи сохторҳои таъиноти махсус ва низомиёнро ба Хоруғ овардед. Ором моро бимонед!

Мо чи гуноҳ кардем? Магар мо ба давлат хиёнат кардем? Ё ки ба ИГИЛ рафтем? Он сокини ноҳияи Дарвозе, ки маро террорист гуфта буд, шарм надорӣ, ки писари худат дар ИГИЛ қарор дорад! Шарм надорӣ? Руят сиёҳ! Аз Рушону Шуғнон ҳатто як нафар ҳам ба ИГИЛ нарафтааст! Аммо 58 нафар аз Ванҷ ва 5 ё 7 нафар аз Дарвоз ба ИГИЛ рафтанд. Ман тамоми мардуми Ванҷу Дарвозро дар назар надорам, фақат он нафарони косалесу чоплусони ҳукуматиро дар назар дорам. Имрузҳо моро террорист ном бурда ҳазорҳо низомиро ба Хоруғ овардед. Беҳтар он аст, ки ҳукуматдорон марзро ҳифз намоед! Ба мо чи кордор ҳастед, монед мо ба осоиштагӣ зиндаги намоем.

Эй мардум! Ман як умр шуморо нафурухтам ва намефурушам! МАН ОМОДА ҲАСТАМ, КИ БАРОИ ХАЛҚАМ 5 МАРОТИБА КУШТА ШАВАМ! Ба ҳукуматдорон бовар накунед! Телевизиони Бадахшонро тамошо карда наметавонем, фарзандони моро ба касали гирифтор намудед! Барномаҳои телевизионро халқ тамошо намекунад! Шарм надоред? Изо намекашед? Маҳаллаҳо ва диёри азияткашидаи моро низомиён муҳосира кардаанд. Аз ҷонамон моро безор кардед!

Эй мардум! Биёед ҷамъ шавему чи хоҳише ҳукуматдорон доранд, бар сари мо кунанд! Имрузҳо ҳукуматдорон ягон балоро бар сари мо меоваранд. Мо ҳам омода ҳастем! Мо силоҳ надорем, аммо мо бо санг ҳам бошад худро муҳофизат карда қотилонро пеш мекунем! Фаҳмидед?

Ина гапҳои ман барои раиси ВМКБ. Мардуми бечораро аз ҷонашон безор кардед! Эй Мирзонаботов! Ҷойи ту дар маҳбас мебошад! Фаҳмидӣ? Барои ҷинояти таҷовуз ба номуси духтар. Дар ағбаи Қизил Арт чандин маротиба туро қапидам, шарм надорӣ? Изо намекашӣ? Афсари хуб шуда, ба мактаби олӣ ҳам мо туро дохил намудем ё не? Аз номи квотаи ҳукуматии 30% Погранинститут ва Генштабро хатм кардӣ. Туро бояд трибунали байналмилалии Гага барои ҷиноятҳои зидди одамият ба ҷавобгари кашад! Фаҳмиди гапҳои маро? Шабатон Хуш!

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button