ВидеоНуқтаи назарҶомеа

ВИДЕОИ РӮЗ: ДАР ДУШАНБЕ ИСТГОҲИ АВТОБУСРО БА “ПАРКОВКА” ТАБДИЛ ДОДААНД

Рустам Сафаров дар гуруҳи  Негатив и позитив дар Фейсбук видеои кӯтоҳи чӣ гуна рӯзи 8 феврал дар яке аз кӯчаҳои шаҳри Душанбе таваққуф кардани мошинҳоро нашр кардааст.

Дар видео дида мешавад, ки чанд мошин дар ин кӯча истгоҳи нақлиёти ҷамъиятиро ишғол кардаанд ва ба гунае, ки автобусҳо имкони истодану гирифтани мусофиронро надоранд. Ҳамин тавр, ӯ дар идомаи роҳ нишон медиҳад, ки дар ҳамин кӯча чандин мошини дигар дар қатори дуюм “парковка” кардаанд.

Чунин “парковка”ҳои бебандубор, тавре аз навор бармеояд, асосан дар назди тарабхонаҳо, аз ҷумла дар назди тарабхонаи туркии “Мерве” ва қаҳвахонаи “Роҳат” ба назар мерасад.

Рустам Сафаров навиштааст, ки ин ҳолатҳоро рӯзи 8 феврал дар кӯчаи Дӯстии халқҳо дар назди истогоҳи автобусҳои №11,25 ва 37 ва маршруткаҳои №1,2 ва 25 мушоҳида кардааст.

Вале корбарон навиштаанд, ки чунин ҳолат фақат хоси ин кӯча нест, балки тақрибан дар ҳамаи кӯчаву паскӯчаҳо ва хиёбонҳои шаҳри Душанбе, бахусус дар атрофи маконҳои пуриздиҳоме, чун бозорҳову марказҳои савдо ва масҷидҳо ба назар мерасад.

Милитcияи Душанбе тақрибан ҳар рӯз бар пояи видеоҳо ва аксҳои фиристодаи шаҳрвандон дар бораи муҷозоти чандин ронанда барои таваққуфи нодуруст ё банд кардани роҳу истгоҳҳо хабар медиҳад, вале вазъият, тавре дида мешавад, ҳеҷ не ки ислоҳ шавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button