ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

ВИДЕО АЗ ҶОИ ҲОДИСА: САДАМАИ “МЕРСЕДЕС” ДАР МАРКАЗИ ДУШАНБЕ

Маркази матбуоти РВКД Душанбе  хабар дод, ки субҳи барвақти 7-уми феврали соли 2022, тахминан соати 05:30, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес Бенс”, рақами қайди давлатиаш 37 77 ZА 01, Назиров Холиқҷон Қосимович, санаи таваллудаш 28.11.1996, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Қосимова, ҳангоми ҳаракат тавассути кӯчаи Рӯдакӣ, дар рӯ ба рӯи бинои собиқ Маркази тадқиқоти стратегӣ бино бар баланд намудани суръати ҳаракат аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба панҷараҳои канори роҳ бархӯрдааст. Дар натиҷа 2-метри мураббаъ сангҳои ороишӣ ва 20 метр панҷараҳои канори роҳ пурра корношоям гардидаанд.

Ҳамзамон дар натиҷаи садамаи мазкур як ҷавонзани 30 солаи сокини шаҳри Душанбе ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ карда шудааст.

Бино ба омори расмии ВКД Тоҷикистон, соли 2021 бар асари 1102 садамаи нақлиётӣ  дар роҳҳои ин кишвар 395 нафар ба ҳалокат расида, 1 218 нафар ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштаанд.
Милитсияи Душанбе ахиран хабар дод, ки дар тӯли соли 2021 дар кӯчаю роҳҳои пойтахти кишвар  дар 242 садамаи нақлиётӣ 33 нафар ҳалок гардида, 254 нафари дигар ҷароҳатҳои гуногун бардоштаанд. РВКД Душанбе гуфт, ҳарчанд ин омор дар муқоиса бо минтақаҳои дигари кишвар камтар аст, вале тасмим гирифта шуд, ки бо мақсади танзими ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар кӯчаю хиёбон ва роҳҳои нақлиётгарди ҳудуди шаҳри Душанбе ва баланд бардоштани интизоми иштирокчиёни ҳаракат дар роҳҳо соли 2022 барои мақомоти милитсияи пойтахт «Соли танзим ва риояи Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ» эълон карда шавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button