ВидеоМинтақа ва ҷаҳонРӯйдодҳои БадахшонҲуқуқи инсон

ТАВАҶҶУҲИ ҶОМИАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ БА ВАЗЪИ БУҲРОНӢ ДАР БАДАХШОН

Созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқи инсон ва бархе сиёсатмадорони ғарбӣ рӯзҳои охир ба вазъи пешомада дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, як минтақаи худмухтори воқеъ дар шарқи Тоҷикистон дар марз бо Чину Афғонистон ва Қирғизистон, таваҷҷуҳ нишон дода, аз мақомоти Душанбе хостаанд, ки ба меъёрҳои ҳуқуқи инсон дар ин минтақа арҷ гузорад ва аз ҷумла дастрасии сокинонаш ба Интернетро бидуни таъхир ва чуну чаро барқарор карда, ба Амриддин Аловатшоев, яке аз лидерҳои ғайрирасмии Бадахшонро, ки аз Русия ба Тоҷикистон оварда шуд, имкони дастрасӣ ба адвокатро фароҳам биорад.

Аз ҷумла Эътилофи ҷомиаи шаҳрвандӣ ба зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон ва Мушорикати байналмилалӣ барои ҳуқуқи инсон (IPHR)  дар як изҳороти муштарак, ки 7 феврал нашр шуд, аз сарнавишти яке аз лидерҳои ғайрирасмии Бадахшон Амриддин Аловатшоев изҳори нигаронӣ карда, гуфтаанд, ки Аловатшоеви 44-сола баъди маҷбуран аз Русия оварда шуданаш дар Тоҷикистон метавонад ба таҳдиди воқеии шиканҷа бадрафторӣ ва дигар ҳолатҳои поймол кардани ҳуқуқи инсониаш дучор шавад.

 “Бо вуҷуди гузоришҳои зиёди расонаҳо дар бораи ғайб задани Аловатшоев, мақомоти Тоҷикистон дар давраи аз  11 январ  то 2 феврали соли 2022 дар бораи боздошт ва куҷо будани ӯ ягон маълумот надоданд. То замони таҳияи ин изҳорот ҳам дар бораи куҷо будани Аловашоев, аз ҷониби кадом ниҳод дастгир шудани ӯ ва ба чӣ ҷиноятҳое айбдор шуданаш ягон маълумот нест. Ин ҳам маълум нест, ки оё вай ба кумаки ҳуқуқӣ дастрасӣ дорад ё на”, – гуфта мешавад дар ин баёния.

Ҳомиёни ҳуқуқ аз мақомоти Тоҷикистон хостаанд, ки дар бораи дар куҷо нигоҳ дошта шудан ва вазъи саломатии ин лидери ғайрирасмии Бадахшон маълумот дода, ба ӯ ба таври билофосила ва бемамониат имкони дастрасӣ ба адвокат ва алоқа бо хешовандонашро фароҳам биоранд.

Созмони Дидбони ҳуқуқи инсон Human Rights Watch   низ рӯзи 7 феврал дар як изҳороти алоҳида аз вазъи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон изҳори ташвиш кард ва аз мақомоти Душанбе хост, то билофосила ва бидуни ягон таъхир дастрасии сокинони ин минтақаро ба Интернет барқарор карда, парвандаи Амриддин Аловатшоев, яке аз роҳбарони ҷавонони зодаи Бадахшон дар Русияро одилона тафтиш кунанд.

Дастрасӣ ба Интернет дар Бадахшон 25 ноябри соли 2021 дар пайи шурӯи эътирозҳо дар шаҳри Хоруғ масдуд карда шуд. Аловатшоев бошад рӯзи 11 январ дар вилояти Белгороди Русия дастгир шуд ва дар аввали моҳи феврал мақомоти Тоҷикистон билохира тасдиқ карданд, ки ӯро аз Русия овардаанд ва ба ҳабс гирифтаанд. Дидбони ҳуқуқи инсон боздошти Аловатшоевро ба ташкили эътирози зодагони Бадахшон дар назди сафорати Тоҷикистон дар шаҳри Маскав рабт дода, аз мақомоти Тоҷикистон хостааст, ки макони будубоши ӯро эълон ва дастрасии озодонаи ӯ ба вакили дифоъро таъмин кунанд.

Ҳанӯз рӯзи 26 январ Платформаи якдилии шаҳрвандӣ ва  эътилофи байналмилалии созмонҳои ғайридавлатӣ аз ҳукумати Тоҷикистон хоста буд, то ба ҳуқуқи шаҳрвандонаш ба дастрасӣ ба иттилоот арҷ гузошта, дастрасӣ ба Интернетро дар саросари  Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба таври билофосила барқарор кунад. Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ахиран тасдиқ кард, ки дастрасӣ ба Интернетро “бо сабабҳои амниятӣ” маҳдуд кардаанд.

Мариус Фоссум, намояндаи минтақавии Кумитаи Ҳелсинкии Норвегия низ дар Твиттер  дар вокуниш ба хабари омодагиҳо ба амалиёти вижа барои боздошти Мамадбоқир Мамадбоқиров, яке аз лидерҳои ғайрирасмии Бадахшон навиштааст: “Аз Хоруғ хабарҳои ташвишовар ба даст мерасанд. Мақомоти Тоҷикистон набояд ба хунрезӣ роҳ дода, вазъи бе он ҳам нооромро ба ҳам бизананд”.

Рӯзи 4 феврал Виола фон Крамон, вакили парлумони Аврупо дар мусоҳиба бо нашрияи бритониёии “Гардиан” дар шарҳи вазъи вилояти Бадахшони Тоҷикистон гуфт, парлумони Аврупо имкони дархости маълумот дар бораи ҳаводиси моҳи ноябр дар ин минтақаро баррасӣ мекунад.

Виола фон Крамон, ки дар парлумони Аврупо аз Олмон намояндагӣ мекунад, гуфт, “мо имкони ироаи маълумот ва таҳияи қарор пиромуни ҳодисаҳои моҳи ноябрро баррасӣ мекунем, чунки паёмадҳои ин ҳаводис то ҳол эҳсос мешавад ва мардум дар Бадахшон аз озодии баён маҳрум шудаанд ва хонаводаҳои кушташудагон то ҳол адолат талаб доранд.”

Ба ақида ин сиёсатмадор, решаҳои масоили Бадахшон  аз гузаштаи дур об мехӯранд, вале “низоми худкомаи ҳоким дар Тоҷикистон ва набуди ҳукми қонун боиси афзоиши ташаннуҷи қавмӣ мешавад. Истифодаи нирӯи беш аз ҳад ва тирпарронӣ ба сӯи эътирозгарон, ҳатто агар онҳо  санг ҳам партофта бошанд, қобили қаблу нест ва сабаби афзоиши хушунат мешавад. Ин ҳаводис бояд ба таври фаврӣ таҳқиқ шуда, онҳое, ки аз ҳадди ваколати худ берун пой гузоштанд, бояд ба ҷавобгарӣ кашонда шаванд”.

“Гардиан” дар мақолааш таҳти унвони “Мо ҳақиқат мехоҳем: Хонаваодаҳои помириҳои кушташуда дар Тоҷикистон дар пасманзари афзоиши ташаннуҷ адолат металабанд”   менвисад, ки хешовандони Гулбиддин Зиёбеков, Тӯтишо Амиршоев ва Гулназар Муродбеков, се сокини Бадахшон, ки моҳи ноябри соли 2021 кушта шуданд, то кунун дар талоши ноил шудан ба адолат ноком мондаанд. Муаллифи мақола меафзояд, ҳаводиси моҳи ноябри соли 2021 танҳо мавриди фишор ба сокинони Бадахшон бо мақсади ба ҳукумати марказии Тоҷикистон мутеъ кардани тамоми ин минтақа нест. Дар соли 2012, хотиррасон мекунад журналисти англис, дар ин минтақаи Тоҷикистон дар ҷараёни як амалиёти вижаи мақомот даҳҳо нафар аз сокинон кушта шуданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button