ВидеоТиб ва беҳдошт/Муҳити зистХабарҳои кӯтоҳ

ОМОРИ НАВИ КОРОНАВИРУС: БОЗ 4 КАС ГИРИФТОР ШУД, 8 НАФАР ШИФО ЁФТ

Вазорати тандурустии Тоҷикистон шоми 7 феврал хабар дод, ки дар як шабонарӯзи охир дар кишвар 4 ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандон ба коронавируси нави навъи COVID-19  сабт шуда, дар айни замон8  нафари қаблан ба ин вирус гирифторшуда аз ин беморӣ шифо ёфтаанд. Як рӯз қабл ин вазорат аз 3 ҳолати сироят ба коронавирус ва шифо ёфтани 7 бемор аз ин маризӣ хабар дода буд.

 Ба ҳисоби вазорати тандурустӣ, шумораи расмии гирифторшудагон ба ин вирус аз оғози пандемия то шоми 7 феврал дар Тоҷикистон, ба 17 ҳазору 351 нафар расида, аз ин шумор то имрӯз 17 ҳазору 203 нафар шифо ёфтаанд ва 124 нафар, мутаассифона, фавтидаанд. Ба ин тартиб, то шоми 7 феврал, бино ба омори расмӣ, ҳамагӣ 24 нафари гирифтори коронавирус дар шароити хона ё бемористон таҳти табобат қарор доштаанд. Як ҳафта пеш шумораи беморон дар Тоҷикистон ҳудуди 80 нафар гуфта мешуд.

Аз 21 январ ба ин тараф вазорати тандурустӣ дар умум 256 ҳолати ба коронавирус гирифтор шудани шаҳрвандонро тасдиқ кардааст.

Вале бисёриҳо бар инанд, ки шумори воқеии гирифторшудагон ва қурбониёни коронавирус дар Тоҷикистон хеле бештар аз омори расмии вазорати тандурустист.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button