ВидеоНомаҳо ба президентҲуқуқи инсон

МОДАРИ БЛОГЕР АБДУРАҲМОН09 5 РӮЗ БОЗ КУҶОСТ? МАҚОМОТ ЧИЗЕ НАМЕГӮЯНД (ВИДЕО)

Шоҳида Маҳмадҷонова, модари блогери тоҷики муқими Олмон Шерзод Маҳмадҷонов, ки бо тахаллуси Абдураҳмон09 маъруф шудааст, инак 5 рӯз боз бедарак аст.Ӯ рӯзи 3 феврал “барои гирифтани телефонаш” ба шуъбачаи мубориза бо ҷиноятҳои муташаккилона (УБОП, ё “шуъбаи шашум”) дар шаҳри Ваҳдат даъват шуд ва бо ҳамин ғайб зад. Абдураҳмон09 мутмаин аст, ки модарашро ҳабс кардаанд. Мақомот ин қазияро то ҳол шарҳ намедиҳанд.

Наздикони Шоҳида Маҳмадҷонова рӯзи 7 феврал бо як нома ба Дастгоҳи президент, Додситонии кул ва Омбудсмени Тоҷикистон муроҷиат кардаанд, то мақомот дар куҷо нигоҳ доштани ин занро ба хонаводааш ошкор кунанд.  

Идимо Маҳмадҷонова, модари  Шоҳида Маҳмадҷонова ба Радиои Озодӣ гуфт, аз 3 феврал ба ин тараф дар ба дари идораҳо куҷо будани духтарашро суроғ мекунад, вале бенатиҷа.

“Домодам гуфт, ки ду моҳ пеш телефони Шоҳидаро як корманди милиса бо номи Парвиз гирифтааст. Ба назди ӯ рафтем, аммо вай гуфт, ки ба дигар ҷой ба кор гузаштааст. Рақами як корманди дигарро доданд. Ӯ якум маротиба ба занги мо ҷавоб дода гуфт, баъди 20 дақиқа вазъиятро аниқ карда, баъд гап мезанад. Аммо дигар ба зангҳои мо ҷавоб надод,” – нақл кардааст модари Шоҳида Маҳмадҷонова.

Тибқи қонун, дар Тоҷикистон шаҳрвандонро бидуни эълони айбнома ва судури ҳукми додгоҳ танҳо то 72 соат метавонанд боздошт кунанд. Дар ин муддат дастгиршударо бояд ё ба додгоҳ баранд, ё ҷавоб диҳанд. Ин муҳлат дар мавриди Шоҳида Маҳмадҷонова алакай рӯзи 6 феврал тамом шуд, вале то ҳол касе куҷо будани ӯро ба наздиконаш намегӯяд. Наздикони ин зан хабари тасдиқношудае пайдо кардаанд, ки гӯё Шоҳида Маҳмадҷоноваро ба як боздоштгоҳи Душанбе бурдаанд. Онҳо ҳоло талош доранд, то таавассути адвокат макони нигоҳдории ӯро муайян кунанд.

Худи Абдураҳмон09 бар ин аст, ки модарашро барои фаъолиятҳои ӯ боздошт кардаанд. Абдураҳмон09 бо видеоҳояш ба зидди манъи ҳиҷоб ном баровардааст, вале дар чанд видеои ахираш аз Толибон пуштибонӣ кард ва ҳатто гуфт, омода ҳаст Аврупоро тарк карда, ба қаламрави “Аморати исломӣ”, режиме, ки Толибон дар Афғонистон эълон кардаанд, бикӯчад.

Ӯ мегӯяд, пешҳо низ модарашро ба мақомоти милитсия ва амният даъват ва барои ӯ бозпурсӣ мекарданд. “Аммо моҳҳои гузашта ин даъватҳо фарқияти калон дошт. Дар моҳҳои гузашта гуфта буданд, ки фарзанди шумо ягона шонс дорад, ки биёяд ҷаноби олӣ ӯро мебахшад. Вақте ҳама плонҳои онҳо кор накард, онҳо аз таҷрибаи Кореяи Шимолӣ, Туркманистон, Чин ва Чеченистон истифода карданд. Дар ин давлатҳо хешу таборро медузданд, бо умеде, ки фарзандашон, ҷияншон, хешу таборашон фаъолиятҳои худро кам мекунад ё инки қатъ мекунад, – гуфтааст Абдураҳмон 09 дар суҳбати бо Озодӣ.

Таъқиби хешовандони фаъолони оппозитсия ва дигарандешон мавзӯест, ки мақомоти Тоҷикистон барои он пайваста аз созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқ танқид мешунаванд. Вале мақомот ҷой доштани кадом маъракаи ҳисобшудаи таъқиби хешу табораи мунтақидони ҳукуматро рад мекунанд ва мегӯянд, ки онҳо дар Тоҷикистон озодона кору зиндагӣ доранд.

Аммо Идимо Маҳмадҷонова ба ин ҳама ҷанбаҳои сиёсии қазияи духтараш коре надорад. Ӯ танҳо мехоҳад, куҷо будани духтарашро маълум кунад. “Вай чӣ гуноҳ дорад? Тарафдори бачааш ҳам нест, барои мисол. Тарафдори тинҷию амонӣ аст”, – гуфтааст модари Шоҳида Маҳмадҷонова.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button