ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

БОЗДОШТИ ЯК ЗАН БАРОИ ҚАЛЛОБӢ ВА ДУ ҶАВОНУ ДУ НАВРАС БАРОИ ДУЗДӢ

Зани 49-солаи сокини шаҳри Душанбе ба он айбдор мешавад, ки моҳи апрели соли 2020 бо роҳи фиреб ба боварии зани 62-солаи сокини Ҳисор даромада, аз ӯ 70 ҳазор сомонӣ гирифтааст, вале то ҳол барнагардонидааст.
хххххххххххххх

Ноболиғи 14-солаи сокини  Душанбе ба он гумонбар мешавад, ки  шаби 6 ба 7 феврал, тахминан соати 01:10 пинҳонӣ аз назди хонаи сокини 65-солаи ноҳияи Шоҳмансур ашёи рӯзгор ва се мусавввараро дуздида, ба соҳибхона 3200 сомонӣ зарар расондааст.

 хххххххххххххх

Ду ҷавони 25 ва 26-сола ва ноболиғи 17-сола, ҳарсе сокини ноҳияи Ҷайҳун ба он гумонбар мешаванд, ки соли 2020 аз хонаи як сокини ин ноҳия як таҷҳизоти кафшергарӣ, як перфоратор, як болгарка ва як аккумуляторро дуздида, ба соҳибхона 4080 сомонӣ зарар расондаанд.

Аз навори хабарҳои рӯзи 8 феврали маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Дастгир гардидани зани қаллоб

000

Ба ШВКД дар шаҳри Ҳисор бо ариза зани 62-солаи сокини шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки моҳи апрели соли 2020 зани 49-солаи сокини шаҳри Душанбе бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 70 ҳазор сомонӣ гирифта, то ҳол барнагардонидааст.
Вобаста ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Дастгир гардидани 2 ноболиғ бо ҷурми дуздӣ

95344 1

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза марди 65-солаи сокини пойтахт муроҷиат намудааст, ки шаби 6-ум ба 7-уми феврали соли 2022, тахминан соати 01:10-дақиқа, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз назди бинои истиқоматиаш ашёҳои рӯзгор ва 3-адад мусавараро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 3 ҳазору 200 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғи 14-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Инчунин ба ШВКД дар ноҳияи Ҷайҳун бо ариза марди 53-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки моҳи сентябри соли 2020 шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо 1-адад таҷҳизоти кафшергарӣ, 1-адад перфоратор, 1-адад болгарка ва 1-адад аккумулятори автомашинаро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 4 ҳазору 80 сомониро ташкил медиҳад.
Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавонони 25, 26 ва ноболиғи 17-солаи сокинони ҳамин ноҳия ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуданд.
Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button