ВидеоРӯйдодҳои БадахшонТоҷикистон

БОҚИР СУПУРДАНИ 6 ТАН АЗ ЁРОНАШРО РАД КАРД ВА БА МАҚОМОТ ШАРТИ ХУДРО ГУЗОШТ (ВИДЕО)

Манобеи пойгоҳи хабарии “Бомдод” дар Хоруғ мегӯянд, Мамадбоқир Мамадбоқиров (Боқир), яке аз лидерҳои ғайрирасмии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки мақомоти қудратии Тоҷикистон худро супурдани дастикам 6 нафар аз ёрони ӯро талаб доранд,  ин пешниҳоди мақомотро рад кардааст ва гуфтааст, ки ҳеҷ гоҳ роҳ нахоҳад дод, ки ба ҷои вай дигаронро зиндонӣ кунанд. Аммо, гуфтааст Боқир ба миёнаравҳо, ӯ худро ба шарте месупорад ва дар назди қонун ҷавоб мегӯяд, ки аввал шахсони гунаҳкор дар куштори Гулбиддин Зиёбеков, Тӯтишо Амиршоев ва Гулназар Муродбеков – се нафари дар ҳодисаҳои моҳи ноябри соли 2021 кушта шударо пайдо карда, ҷазо бидиҳанд.

Бино ба иттилои дарёфтӣ, ин муомила чанд рӯз пеш дар Хоруғ дар мулоқоти вазири корҳои дохилии  Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода бо гуруҳе аз халифаҳои бонуфузи Бадахшон матраҳ шудааст.  Халифаҳо аз вазир хостаанд, ки дар Хоруғ амалиёти нав ба роҳ наандозанд. Раҳимзода гӯё пешниҳод кардааст, ки агар Боқир худашро супурданӣ нест, пас ба ҷои ӯ бигзор 6 сокини дигари Бархоруғро, ки дар ҷустуҷӯ қарор доранд, бисупоранд.  Ин 6 нафар ба  таҳқиру зӯроварӣ нисбат ба намояндагони давлат дар рӯзҳои эътирозҳои моҳи ноябри соли 2021 дар шаҳри Хоруғ айбдор мешаванд.

Гуфта мешавад, ки гӯё ба Боқир ваъда додаанд, ки агар ин 6 нафарр бисупорад, худаш бо ягон ҷарима халос хӯрда, аз ҷавобгарии ҷиноӣ озод карда хоҳад шуд.

Манобеи “Бомдод” мегӯянд, халифаҳо бо ҳамин пешниҳод ба пеши Боқир омадаанд, вале ӯ ин муомиларо рад карда, гуфтааст, ҳеҷ гоҳ розӣ нахоҳад шуд, ки ба ҷои вай дигаронро ба зиндон адозанд. Вале, афзудааст Боқир, дар сурати ба ҷавобгарӣ кашидани гунаҳкорони марги Гулбиддин Зиёбеков омода ҳаст, дар мавриди шароити таслим шуданаш вориди музокирот шавад.

Ин дар ҳолест, ки ахиран Ризо Назарзода, раиси шаҳри Хоруғ аз Боқир тақозо кард, ки “ба хотири тинҷию оромӣ” худро ихтиёран ба мақомоти тафтишотӣ бисупорад ва барои латтукӯби раиси идораи маорифи вилоят Лутфулло Наврӯзов ҷавоб диҳад. Ризо Назарзода Боқирро “роҳбари гуруҳи муташаккили ҷиноятии маҳаллаи Хоруғи боло” ном бурд ва гуфт, маҳз густариши фаъолияти чунин гуруҳҳои ҷиноӣ боиси бесуботию беназмӣ дар шаҳр шуда, монеи пешрафти иқтисодӣ ва  табдили Хоруғ ба нигини Бадахшону ба дарвозаи тиллоии Тоҷикистон табдил ёфтани Бадахшон шудааст.

Ризо Назарзода аз он изҳори нигаронӣ кард, ки бархе аз сокинон “ноогоҳона” дар кӯчаҳо ба ҳимоят аз “саркадагони гуруҳҳои ҷиноятӣ” навбатдорӣ ташкил кардаанд ва вакилони халқро бо таҳдиди радди маърака шудан маҷбур карда истодаанд, ки ваколати худро бисупоранд.

Ва аммо гуруҳе аз сокинони Бархоруғ, маҳаллае, ки Боқир онҷо ба сар мебарад ва як минтақаи асосии таҳти нуфузи ӯ ба шумор меравад, дар як муроҷиатнома аз мақомот хостанд, ки аз нақшаи роҳандозии амалиёти ҳарбӣ барои боздошти Боқир ва чанд сокини дигари ин маҳалла даст бикашанд.  Муаллифони муроҷиатнома гуфтанд, воқеъияти ҳол дар Бадахшон ва аз ҷумла дар Хоруғ на ба гунаест, ки мақомот тасвир карданӣ мешаванд. Ба ақидаи онҳо, Боқир на ҷинояткор, балки нафарест, ки ба зидди коррупсия мубориза мебарад ва аз мазлумон пуштибонӣ мекунад.

Ин ҳама дар ҳолест, ки сокинони Хоруғ чанд рӯзи охир мунтазири шурӯи амалиёти махсус ба зидди Боқир ва тарафдоронаш мебошанд ва ба хотири ҳимоят аз ин лидери ғайрирасмии минтақа навбатдории шабонарӯзӣ ташкил кардаанд. Сокинони Хоруғ мегӯянд, роҳҳое, ки ба тарафи хонаи Боқир дар маҳаллаи Бархоруғ мебаранд, алакай аз маҳаллаи “Хлебзавод” баста шудаанд, то нирӯҳои вижа гузашта натавонанд.

Бино ба иттилои дарёфтӣ, мақомот аз Боқир талаб кардаанд, ин 6 сокини Бархоруғро бисупорад:

1.Ақназаров Ақназар Алиназарович, с.т. 1992,
2.Зикилобеков Сино Файзиллобекович, с.т. 1993,

3.Султоншоев Хуршедшо Мамадасанхонович, с.т. 1984,
4. Шабонов
Ҷамшед Шокирҷонович, с.т. 1986,
5. Носиралиев Сафарали Шакаралиевич,
с.т. 1973,
6. Шеров Манучер Мисжитович,
с.т. 1986.

Яке аз инҳо сокини кӯчаи Қирғизбек ва бақия аз кӯчаи М.Иҷубованд. Худи Боқир низ дар ҳамин кӯчаи М.Иҷубов зиндагӣ мекунад.

Ҳамзамон бар асоси шикояти сардори идораи маорифи вилоят Лутфулло Наврӯзов ба зидди Мамадбоқиров низ бар асоси 4 банди Кодекси ҷиноятӣ бо иттиҳомоте, чун “истифодаи зӯр нисбати намояндаи ҳокимият”; “таҳқири намояндаи ҳокимият”; “вайрон кардани дахлнопазирии мардум”; ва “барангехтани кинаву адовати маҳалгароӣ”  парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардаанд.  Лутфулло Наврӯзов иддао дорад, ки Боқир шаби 29 январ ба бинои идораи маориф, ки дар маҳаллаи Бархоруғ ҷойгир шудааст ва Наврӯзов дар қабати чоруми ҳамин бино зиндагӣ дошт, омада, ӯро таҳқиру латтукӯб ва маҷбур кардааст, ки Бархоруғро тарк кунад.

Боқир инро рад мекунад ва мегӯяд, “бо муаллим фақат як суҳбати падарона кардам”.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button